Нигаронӣ аз нақши Русия дар барномаи Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, шоми панҷшанбе бо Владимир Путин дар Маскав нақшаи ҳамоҳангсозии амалиёти низомии Сурия бо Русияро баррасӣ кард.

Мақомоти Кохи Сафед ва Пентагон ба ин барнома дилгармии зиёд нишон надода ва аз Маскав тақозо карданд, ки на танҳо дар фикри пуштибонии президент Башор Асад бошад, балки ҷиддияти муборизааш зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба намоиш гузорад. Ба гуфтаи сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҷон Кирбӣ, худи Керрӣ баъди анҷоми мулоқот бо раҳбари Русия бо лаҳни шадидтар сӯҳбат кард ва, ба гуфтааш, таъкид кард, ки дар сурати набуди талошҳои дипломатии мушаххасу тактикӣ, дурнамои ин талошҳо номуайян хоҳад буд.

Оҷонсии Ройтерс менависад, пешниҳоди Керрӣ таъсиси як маркази муштаракро дар назар мегирад, ки дар он низомиёни Амрико ва Русия ҳамроҳ кор карда, маълумоти иктишофиро бо ҳам дар миён гузоранд ва ҳам ҳамлаҳои ҳавоиро зидди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҷабҳаи “Нусра”, як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоидаро бо ҳам ҳамоҳанг кунанд. Ин ташаббус низомиёну афсарони иктишофии амрикоӣ ва ҳам дипломатро ба хашм овард, ки бовар доранд, ба Русия эътимод карда намешавад.

Сухангӯи Пентагон Питер Кук гуфт, вазири дифоъ Эш Картер талошҳои Керриро барои водор кардани Маскав ба анҷоми “амалҳои дуруст” дар Сурия пуштибонӣ мекунад. Вале, ба гуфтаи ӯ, Картер ҳам бо як андоза шубҳа ё скептисизм ба нақши Маскав дар ин тарҳ муносибат мекунад.

Картер гуфт, "агар русҳо омода бошанд, ки дар Сурия корҳои дурусте анҷом диҳанд, вазири дифоъ барои муколама омода аст." Айни замон, гуфт ӯ, "мо мунтазир мешавем, ки бибинем, чӣ мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки мо ба муваффақияте даст меёбем, ё на”. Кохи Сафед гуфт, ҳама чиз аз Русия вобаста аст. Дар Кохи Сафед посухи сухангӯ Ҷош Эрнест ҳам эҳтиёткорона буд.

Вай гуфт, "ҳоло барои Русия фурсате расидааст, ки тасмими ҷиддӣ бигирад, ки нуфузи низомӣ ва ҳам дипломатии худро дар Сурия ба кадом шакл ба кор хоҳад бурд". Вай гуфт, Кремлин бояд тасмим бигирад, ки оё аз силоҳ барои ҳимоят аз режими Асад истифода мекунад ва ё барои мубориза бо экстремизм?

Керрӣ аз адами пешравӣ дар талошҳои хатми ҷанги панҷсолаи Сурия “изҳори афсурдагӣ” баён кард, дар ҳоле ки бо Русия созишномаи таъмини оташбаси дарозмуддат, таъмини кумакҳои башарӣ тавассути долонҳои амн ба мардуми ҷангзада ҳосил шудааст. Музокироти зери сарпарастии СММ барои ба ҳам овардани ду тарафи ҷанг ноком шудааст.

Сухангӯи Департаменти давлатӣ Элизабет Трудо эътироф кард, ки дар атрофи нақшаи Керрӣ барои Сурия дар сохторҳои давлатии Амрико баҳсҳои зиёд ҷараён дорад. Ин дар ҳолест, ки низомиён, афсарони соҳаи истихборот ва дипломатҳои амрикоӣ, ки дар умури Сурия кор мекунанд, аз пешниҳоди Керрӣ нохушнуданд ва ин барномаро “соддалавҳӣ” унвон кардаанд. Як мақом гуфт, ки русҳо ҳафтаҳо пеш дар бораи сафари қарибулвуқӯи Керрӣ ба Маскав хабар доштанд, вале бо ин вуҷуд, ду рӯз пеш аз омаданаш дар марзи Сурияву Урдун як қароргоҳи дурафтодаро бомбаборон карданд.

Ин мақом гуфт, "табиати кори Русия ҳамин аст. Паёми онҳо ин аст, ки агар манфиатҳои мо аз манфиатҳои шумо фарқ дошта бошад, пас пирӯзӣ ба ҷониби мост”.

Ӯ гуфт, русҳо ҳама созишҳоро нақз мекунанд. Сафири собиқи ИМА дар Сурия Роберт Форд дар робита бо нақшаи Керрӣ ҳамчунин шубҳа кард ва гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия пеш аз ҳама гурӯҳҳои мутавозини мухолифини Сурияро ҳадаф қарор медиҳанд, ки аз ИМА пуштибонӣ мешаванд.

"То куҷо онҳо дар мубориза бо терроризм ҷиддӣ ҳастанд, вақте аз Асад пуштибонӣ мекунанд? Чӣ тавр мо метавонем мутақоид шавем, ки онҳо бо амрикоиҳо ҳамкории хубе ба роҳ мемонанд," - суолгузорӣ кард Форд дар сӯҳбат бо Ройтерс.