Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико рӯзи 2-юми ноябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон эълом дошт, ки мубориза бо терроризм наметавонад ба унвони баҳонае барои саркӯбии мухолифон истифода шавад.
Ҷон Керрӣ дар ҷараёни суханронӣ дар ҳамоише дар Донишгоҳи Остона мавзӯи риояти ҳуқуқҳои усулии озодиро матраҳ кард. Аз ҷумла, ҷаноби Керрӣ гуфт, ки агар интихобот озоду мунсифона набошад, арзиши чандоне надорад. Аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле вориди рақобат мешаванд, як ҳизб дар муқоиса ба дигарон бартарии бештаре дорад. Аммо ӯ мисоли мушаххасе наовард ва аз ҳеч кишваре ном набурд. Аммо вазири умури хориҷии Амрико зимни муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, маҳдуд шудани озодиҳо мунҷар ба афзоиши нуфузи террористон хоҳад шуд.
Ҷон Керрӣ дар мулоқот бо донишҷӯён дар шаҳри Остона гуфт: “Мо бояд дарк кунем, ки ҳузури террористон ба мақомот ин ҳақро нахоҳад дод, ки бидуни арзёбӣ аз зӯр истифода кунанд. Терроризм баҳонаи қонуние нахоҳад буд, то мухолифони сиёсӣ дар маҳдудят қарор гирад, ҳуқуқҳои маданӣ коҳиш ёбанд ё ба фаъолон, ки ибрози назари мухолифатноки сулҳомез мекунанд, айбномаҳои сохта зада шавад. Ин аъмол натиҷаи мутақобил хоҳад дода, ба манфиати террористон хоҳад буд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи гузашта Ҷон Керрӣ бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қаҳоқистон дидор карда. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ҷаноби Назарбоев ба Амрико “барои ҳимоят аз истиқлол ва рушди иқтисоди кишвараш” ибрози сипос кардааст. Вазири хориҷаи Амрико ба навбати худ таъкид кардааст, ки Амрико аз сармоягузорон бузург дар иқтисоди Қазоқистон маҳсуб шуда ва мизони сармояҳои ИМА дар иқтисоди Қазоқистон бештар аз 19 миллиард долларро ташкил додааст.
Ин мулоқот пушти дарҳо баста гузашта ва дар дидори ҷаноби Керрӣ бо донишҷӯёни низ ба ҳеч нафаре иҷозаи додани суол ба ин меҳмони воломақом дода нашудааст.
Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2014, ки тобиситони соли ҷорӣ муаррифӣ шуд, таъкид шуда буд, дар системи раҳбарияти Қазоқистон Назарбоев ва ҳизби ӯ “Нур Отан” пештозӣ мекунанд. Маҳдуд будани ҳуқуқи шаҳрвандон барои иваз шудани ҳокимият аз тариқи интихоботи озоду мунсифона, маҳдудият дар роҳи озодии баён ва фаъолияти ВАО ва набудани системи додгоҳии мустақил, аз ҷумлаи мушкилоти аслӣ дар Қазоқистон унвон шудааст. Дар гузориш ба мавориди баста шудани васоити ахбори умуми мустақил аз тариқи тадобири ҳуқуқӣ алайҳи хабарнигорону кормандони идораи нашрияҳо, аз ҷумла, ба гумони тӯҳмат, ишора шудааст.
Мақомоти Қазоқистон дар посух ба ин гуна интиқод гуфтаанд, сиёсатеро рӯи даст гирифтаанд, ки ба таъмини субот ва ваҳдати миллатҳо дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Зимнан, Ҷон Керрӣ дар чорчӯби як дидори расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон дидор карда ва қарор аст, субҳи сешанбеи 3 ноябр вориди Душанбе шавад. Бино ба иттилои расмӣ, ҷаноби Керрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва мақомоти дигари давлати Тоҷикистион дидору гуфтугӯ хоҳад кард.