Боздошти эътирозгарон ва масдудкунии вебсайтҳои хабарӣ дар Қазоқистон. ВИДЕО

Дар Алмаато журналистони Радиои Озодӣ шоҳиди саҳнаи боздошти чанд нафар эътирозгарон шуданд

Полис дар Қазоқистон чанд эътирозгари зиддиҳукуматиро боздошт кард, ки дар ҷараёни маросими таҷлили 74-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон як намоише барпо карданд.

Дар ҳамин ҳол дар саросари Қазоқистон рӯзи 9 май бисёр шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои хабарӣ, аз ҷумла вебсайти бахши Қазоқии Радиои Озодӣ дастнорас буданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳиди он шуданд, ки полиси шаҳри Нурсултон ҳадди аққал як эътирозгар ва дар Алмаато – чанд нафарро боздошт карданд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 8 май додситонии кулли Қазоқистон бо нашри як изҳорот аз сокинони ин кишвар хост, ки дар таҷаммӯъҳои ғайриқонунӣ дар рӯзи Иди ғалаба иштирок накунанд, вагарна барои чунин фаъолиятҳо “шадидан” муҷозот мешаванд.

Аз ин пеш бонкдори собиқ ва фирорӣ Мухтор Аблязов, ки аз Фаронса истода ба танҳо мунаққиди ҳукумати Қазоқистон табдил шудааст, тавассути Интернет аз шаҳрвандони кишвар хост, ки дар ҷараёни таҷлили Иди ғалаба дар ҳамоишҳои зиддиҳукуматӣ иштирок кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Алмаато 9 май чандин нафар боздошт шуд

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ менависад, ки дастрасӣ ба ин вебсайти масдудшуда танҳо тавассути барномаҳои садшикан имконпазир аст.
Дар миёни расонаҳои дигар масдудшуда дар Қазоқистон инчунин исми vlast.kz, holanews.kz, informburo.kz, exclusive.kz, time.kz, village.kz, lada.kz news resources ва дигарҳо ном бурда мешаванд.

Инчунин рӯзи 9 май вебсайтҳои Бюрои ҳуқуқи башар, шабакаҳои иҷтимоии Facebook, YouTube ва Telegram ҳам қисман дастрас буданд.

Мақомоти Қазоқистон расман ин вазъиятро шарҳ надоданд ва рӯзи панҷшанбе имкони гирифтани назари мақомоти Вазорати иттилоот, Кумитаи миллии амният ва Казахтелеком имконпазир набуд.

Дар Қазоқистон дар ҳафтаҳои охир намоишҳои зиёди эътирозӣ баргузор шуд, ки зоҳиран аз норозӣ будани мардум аз низоми сиёсии ин кишвар, ки сохтаи президенти собиқ Нурсултон Назарбоев мебошад, далолат мекунад. Назарбоев, бо ин ки моҳи март гуфт ба истеъфо меравад, дар мақоми Раҳбари миллат боқӣ мемонад.

Бисёр эътирозгарон аз интихоботи як моҳ баъди президентӣ интиқод мекунанд, ки қарор аст бо сабаби тарки мақом кардани Назарбоев дар фурсати пеш аз мӯҳлат, яъне 9 июн баргузор шавад.

Мухолифон, мунаққидон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, Назарбоев нисбати садои интиқоду мухолифин таҳаммулпазир набуд ва шаҳрвандонро аз ҳуқуқи бунёдиашон маҳрум кард. Мунаққидони Назарбоев ӯро барои дасткорӣ кардани қонунҳо ба хотири тамдиди мӯҳлати раҳбариаш дар кишвари иборат аз 18,7 миллион аҳолӣ танқид мекунанд. Назарбоев давоми наздики 30 соли гузашта раҳбари воҳиди ин кишвар буд. Аз замони сари қудрат омадани Назарбоев дар соли 1991 дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ боре ҳам раъйдиҳии озоду демократӣ баргузор нашудааст.

Эълони ногаҳонии тарки мақом кардани Назарбоев бисёр нозиронро дар ҳайрат гузошт. Вале бо назардошти воқеияти ин ки ӯ ҳамоно шахси аввал дар ҳизби ҳоким боқӣ мемонаду қонун барояш раҳбарии якумрии Шӯрои амниятро замонат медиҳад, бисёр таҳлилгаронро ба ин андеша водор кардааст, ки тарки мақом кардани ӯ танҳо як найранге буд ба хотири тамдиди ҳузураш дар қудрат.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Додгоҳи Манғистау қарор нисбат ба Сония Тойкенро бетағйир гузошт