Худсӯзии як ҷавон дар назди бинои ҳизби ҳоким

Як ҷавони 20-солаи қазоқ ба нишони эътироз ба бедодгарии пулис худро дар назди қароргоҳи ҳизби ҳокими Нур Отан оташ задааст.

Қазоқистонро дар поёни ҳафтаи гузашта хабари ба нишони эътироз худро оташ задани як ҷавони 20-сола такон дод. Ерлан Бектибоевро ба бемористон интиқол доданд, вале табибон натавонистанд ӯро аз панҷаи марг бираҳонанд.

Ерлан Бектибоев худро рӯзи якшанбе дар шаҳри Тароз дар назди бинои қароргоҳи созмони маҳаллии ҳизби ҳокими Нур Отан, ки раҳбараш раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мебошад, оташ зад. Навори видеоии худсӯзии ин ҷавон дар Интернет нашр шудааст ва Ерлан дар ин навор мегӯяд, ки ӯ ба нишони эътироз ба амалҳои пулиси маҳаллӣ даст ба ҷони худ мезанад.

Ерлан Бектибоев мегӯяд, ӯро рӯзи 22 октябр маъмурони пулиси шаҳри Тароз дастгир кардаанд ва гӯё ба ҷайбаш банг партофтаанд. Ин ҷавон эътироф мекунад, ки ширакайф буд, вале бо худ банг надошт. Ӯ дар идомаи аз зиндагии худ, аз ҷумла аз як сол зиндонӣ шудану тоза дар тобистони соли равон озод шуданаш қисса мекунад.

Ерлан Бектибоев қабл аз худсӯзӣ

Ерлан мегӯяд, ба идораҳои мухталиф муроҷиат кардааст, вале касе ба додаш нарасидааст ва ҳоло умедвор аст, ки ҳизби ҳокими Нур Отан ба қазияи вай дахолат хоҳад кард. Ин навори видеоӣ бо лаҳзаҳои худро зоҳиран бо бензин тар кардану сипас оташ задани ин ҷавон ва дар ҳамин ҳолат ба бинои ҳизби Нур Отан, ки маънояш Нури Ватан аст, даромадани ӯ тамом мешавад.

Бо гузашти ду рӯз аз ин қазия мақомоти маҳаллӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд. Танҳо додситонии кулли Қазоқистон гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳодисаи худсӯзӣ бар асоси моддаи 105 (расондан ба ҳолати худкушӣ) ва 362 (гузаштан аз ҳадди ваколати хидматӣ)-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Дафтари матбуоти ҳизби Нур Отан мегӯяд, Ерлан Бектибоева қаблан ягон бор ба қабулгоҳи ҳизби ҳоким муроҷиат накардааст. Пулиси вилояти Ҷамбул рӯзи 26 октябр гуфт, ҷавонеро, ки саҳнаи худсӯзии Ерлан Бектибоевро сабт ва дар Интернет нашр карда буд, ошкор кардааст. Пулис мегӯяд, ин ҷавонро метавонанд бо иттиҳоми кумак накардан ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Ин нахустин мавриди худсӯзии афрод дар назди дафтарҳои ҳизби ҳокими Қазоқистон нест. Дар соли 2011 як зани сокини пойтахт, шаҳри Остона, худро дар қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизби президент Назарбоев оташ зада буд. Сабаби даст ба ҷони худ задани ин зан ба 10 соли зиндон маҳкум шудани писараш бо иттиҳоми нигоҳ доштани маводи мухаддир гуфта мешуд.