Зодрӯзи Назарбоев - дарозумртарин ҳокими Осиёи Марказӣ (ВИДЕО)

Акс аз сомонаи akorda.kz

Дарозумртарин ҳокими Осиёи Марказӣ – раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 6 июл ба синни 76 расид. Нозирони умур ҳалли масъалаи интиқоли қудратро ба далели синнаш дарди сари асосии Назарбоев мешуморанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 6 июл ба синни 76 расид. Назарбоев ва ҳамтои узбакаш Ислом Каримов, ки ҳарду аз моҳи июни соли 1989, инак 27 сол боз зимоми қудратро дар Қазоқистон ва Узбакистон дар дастони худ нигоҳ доштаанд, дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Аммо ба фарқ аз Каримов, ки бо шеваҳои шадиди саркӯби дигарандешон ва ба зиндон андохтани ҳазорон нафар аз мухолифини сиёсиаш ном баровардааст, Назарбоевро "ҳокими худкомаи нарм" ном мебаранд.

Назарбоевро ба зодрӯзаш асосан раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ табрик гуфта ва ҳамагӣ ба ӯ орзуи саломатии бардавом кардаанд. Аз ҷумла, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар номаи табрикиаш навиштааст, ки "асосан бо шарофати талошҳои шахсии Шумо Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ҳамчун сохтори муассири ҳамкории бисёрҷониба шакл гирифт." Раҳбари Беларус Аляксандр Лукашенка "хидматҳои бедареғ"-и Назарбоевро заминаи комёбии Қазоқистон дар амри пешбурди ислоҳоти густарда номидааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар номаи табрикотиаш таъкид кардааст, ки маҳз таҳти раҳбарии Нурсултон Абишевич Қазоқистон дар роҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими обрӯву эътибораш дар арсаи байналмилалӣ ба "комёбиҳои назаррас" даст ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев

Аммо "табрикот"-и аз ҳама ғайриинтизорро Назарбоев дар остонаи зодрӯзаш аз нафаре дарёфт кард, ки нисбат ба ҳокимони кишварҳои пасошӯравӣ чандон эҳсоси алоқаву муҳаббат нишон намедиҳад. Миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос ахиран дар як маҳфил дар ҷамъияти "Открытая Россия"-и Михаил Ходорковский ба роҳи тайкардаи кишварҳои пасошӯравӣ дар 25 соли гузашта аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт ва гуфт: "Шояд аҷиб бошад, вале бештар аз ҳама Қазоқистон тавонист, ки худро аз Русия ҷудо кунад. Назарбоев ҳамеша нисбат ба дигарон дар гузашта огоҳу бомаърифаттар буд. Бо вуҷуди инки ӯ муддати хеле тӯлонӣ дар сари қудрат аст ва ба иштибоҳҳои зиёде ҳам роҳ дод, вале дар кишвараш синфи миёнаи босаводе ба вуҷуд овард, ки аз ҷумла дар хориҷ таълим гирифтаанд. Қазоқистон барои ҷудо шудан аз Русия талошҳои зиёде анҷом медиҳад ва ман метавонам бигӯям, ки маҳз Қазоқистон аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама пешрафтатар ва мустақилтар аст."

Вале Сергей Дуванов, таҳлилгари масоили сиёсии Қазоқистон бо ин андешаи Сорос розӣ нест. Ӯ мегӯяд, Назарбоев дар байни ҳокимони дигари пасошӯравӣ на “бомаърифаттар”, балки назар ба дигарон айёртар аст ва тавонистааст, низоми дар асл худкомаи дар Қазоқистон сохтаашро дар чашми ҷаҳон гӯё демократӣ ҷилва диҳад: "Ба ақидаи ман, Назарбоев ҳокими худкомаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки як низоми сиёсии суолбарангези мабнӣ бар қудрати мутлақро эҷод кардааст. Ӯ низоми сиёсии чунон ҳилагаронае сохтааст, ки қонунҳояш дар рӯи қоғаз тамоми арзишҳои демократиро замонат медиҳанд, вале дар асл дар зиндагӣ мардум аз озодиҳои сиёсие, ки дар қонун барояшон дода шудааст, маҳруманд. Ин одам ана ҳамин гуна як низоми ба ном “олӣ”-ро бино кардааст."

Нурсултон Назарбоев соли 1940 дар рустои Чемолғани вилояти Алма-Ато ба дунё омада, соли 1960 омӯшгоҳи рақами 22-юми шаҳри Днепродзержински Украина ва соли 1967 донишкадаи саноатии назди комбинати металлургии шаҳри Қарағандаро хатм кардааст. Ӯ собиқаи кориашро дар ҳамин корхона оғоз карда, аз соли 1969 ба кори ҳизбӣ гузашт ва алакай соли 1979, дар синни ҳамагӣ 39-солагӣ котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Қазоқистон ва соли 1984, дар синни 44 раиси Шӯрои вазирони Қазоқистон таъин шуд. Соли 1989, дар пайи дар Маскав мақом гирифтани Геннадий Колбин котиби якуми ҳизби он замон яккатози коммунисти Қазоқистон ва соли 1990 дар парлумон президенти ин ҷумҳурии ҳанӯз шӯравӣ интихоб шуд.

1 декабри соли 1991 Назарбоев дар нахустин интихоботи саросарии раёсатҷумҳурии Қазоқистон, ки бидуни рақиб гузашт, бо касби 98,7 дарсади овозҳо пирӯз шуд. Соли 1995 замони раёсати ӯро тавассути як раъйпурсӣ тамдид карданд. Назарбоев ҳамин тавр, бо касби аксарияти кулли овозҳо дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2005, 2010 ва 2015 ғолиб эълон шуд ва замони раёсаташро то соли 2020, ки ба синни 80 хоҳад расид, тамдид кардааст.

Дар соли 2010 Қазоқистон қонун дар бораи раисиҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони Элбаси – Пешвои миллат дода шуд.

Мунтақидонаш Назарбоевро ба он айбдор мекунанд, ки дар тақсими мансабҳои давлатӣ ба хешу табори худ, аз ҷумла ба фарзандону домодҳо ва ҷиянҳояш бартарӣ медиҳад ва шахсиятпарастиро дар Қазоқистон авҷ додааст.

Дар бораи Назарбоев дар Қазоқистон садҳо китоб навишта шуда, моҳи апрели соли равон филми панҷум аз силсилафилми “Роҳи пешво” ба намоиш даромад. Ин силсилафилм роҳи зиндагии президенти Қазоқистонро аз овони кӯдакӣ то имрӯз қисса мекунад ва гуфта мешавад, серияҳои навбатиаш ҳанӯз дар роҳанд.

Дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон 4 таронаеро, ки гуфта мешавад, матну оҳангашро худи Назарбоев навиштааст, низ нашр кардаанд.

Таронаҳои Назарбоев

Назарбоев худаш низ думбура менавозад ва дар нишастҳои ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ гоҳе тарона ҳам мехонад. Дар соли 2013 як шабакаи телевизионии Қазоқистон гузориши видеоиеро нашр кард, ки дар он Назарбоев дар байни мардум думбура навохта суруд мехонд.

Назарбоев 3 духтар, 5 набера ва 8 абера дорад. Аз духтаронаш Дориға Назарбоева муовини сарвазири Қазоқистон, Динора раҳбари Сандуқи ба номи Назарбоев ва Алия Назарбоева молики ширкати “Элитстрой” буда, набераи 31-солаи Назарбоев - Нуралӣ Алиев як муддат муовини ҳокими Алма-Ато буд. Шавҳари Динора – Тимур Қулибоев – раҳбарии ширкати “Қазэнерҷи”-ро бар ӯҳда дорад ва аз афроди хеле пурнуфузи Қазоқистон хонда мешавад.

Ҳамин тавр, бародарзодаи президент Самат Абиш ахиран муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъин шуд. Бародари президент Булат Назарбоев, ки собиқаи кориашро дар як совхоз ба ҳайси сантехник ва челонгар сар кардааст, ҳоло раҳбари ширкати “Қазоқмис” аст, ки 90 дарсади миси Қазоқистонро истихроҷ мекунад.

Ба ҳисоби маҷаллаи амрикоии “Forbes”, моликияти марбут ба хешовандони наздики Назарбоев аз марзи миллиардҳо гузашта, барои мисол, Тимур Қулибоев ва Динора Назарбоева тақрибан 2,1 миллиард доллар, Дориға Назарбоев 593 миллиард ва писари ӯ – Нуралӣ Алиев - доллар дороӣ доранд.

Рӯзномаи “Financial Times”-и чопи Бритониё ду моҳ пеш навишт, ки Назарбоев бо дарназардошти ба якҷо расидани синнаш хоҳ-нохоҳ рӯи шеваҳои интиқоли қудрат фикр мекунад ва як сенарияи эҳтимолӣметавонад таъсиси як ниҳоди коллективии раҳбарӣ бошад, ки дар он нақши асосиро, албатта, наздикони худи ӯ бояд бозӣ кунанд. Аммо Сергей Дуванов мегӯяд, бо он нақшаву орзуҳое, ки Назарбоев дорад, чандон ба назар намерасад, ки ӯ дар фикри ба касе додани қудрат бошад. Ҳатто ба яке аз фарзандони худаш.