Бӯҳрон бозӣ нест. Қазоқистон корхонаҳои бузургашро мефурӯшад

Фурудгоҳи Остона низ бояд хусусӣ гардонда шавад.

Ҳукумати Қазоқистон ба хотири пур кардани буҷаи холишудааш даҳҳо корхонаи бузурги давлатӣ, бо шумули ширкатҳои нафт ва фурудгоҳҳои асосии кишварро ба фурӯш гузоштааст.

Ҳукумати Қазоқистон, ки дар як соли охир ба мушкилоти ҷиддии молӣ рӯбарӯ шудааст, ба хотири рафъи камбуди молии буҷа даҳҳо корхонаи бузурги давлатиро ба фурӯш гузоштааст. Қарори ҳукумат бо имзои сарвазир Карим Масимов бо номи “Дар бораи бархе масоили хусусигардонӣ барои солҳои 2016-2020” рӯзи 6 январ дар сомонаи расмии вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон нашр шуд. Ин барнома то соли 2021 хусусӣ кардани 15 дарсади корхонаҳои давлатӣ ва 5 дарсади корхонаҳои коммуналии Қазоқистонро ба ҳадаф дорад.

Дар рӯйхати корхонаҳои бузурги давлатие, ки бояд акнун хусусӣ гардонда шавад, корхонаву ширкатҳои ба таъбири маъруф, парчамбардор(флагман)-и иқтисоди Тоҷикистон дида мешаванд. Ҳукумати ин кишвари пасошӯравии саршор аз газу нафт ва маъданҳои табиӣ аз ҷумла мехоҳад ширкати роҳҳои оҳан, ширкатҳои ҳавопаймоии “Эйр Остона” ва “Қазоқ Эйр”, ширкати мухобиротии “Қазоқтелеком”, ширкати бузургтарини нафту назаш – “Қазмунайгаз”, ширкати нирӯи барқи “Самрук-энерго”-ро ба фурӯш гузорад. Ҳамин тавр, фурудгоҳҳои Остона, Қустанай, Петропавловск, Қизил-Ӯрда, Оқтеппа, Атирау ва Павлодар, бандари байналмилалии Оқтав дар соҳили баҳри Хазар, ҳолдинги миллии кишоварзии “ҚазАгро” хусусӣ карда мешаванд.

Ҳукумати Қазоқистон, ҳамин тавр, ба хотири пур кардани буҷаи холишудааш барои хусусигардонии ширкати нигоҳубини роҳҳо – “Қазоқаватодор”, корхонаи давлатии “СК-Фармация”, киностудияи “Қазоқфилм”, ширкати миллии “Қазоқистон инжиниринг”, чандин осоишгоҳ, маркази табобатии “Бобек” ва маркази тафреҳии “Думан” дар пойтахт, шаҳри Остона азм кардааст.

Пётр Своик

Пётр Своик, иқтисоддони қазоқ, ки дар солҳои 90 чанд сол раҳбарии Оҷонсии давлатии зиддимонополии Қазоқистонро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, мақомоти кунунии ин кишвар аз хусусӣ сохтани корхонаҳои бузурги давлатӣ ду ҳадафи асосиро дунбол мекунанд: “Ҳадафи аввал, албатта, пур кардани буҷаи холишудаи давлатист. Вале азбаски ҳоло сармояи зиёде дар Қазоқистон дар гардиш нест, гумон аст, ки аз ин роҳ маблағи бузурге ба даст биоранд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин корхонаҳоро бо нархҳои хеле арзонтар аз нархи бозор мефурӯшанд ва ин ҳадафи дувуми ин ба истилоҳ мавҷи дувуми хусусигардонӣ дар Қазоқистон аст. Яъне ин корхонаҳоро бо як нархи арзон ба ширкатҳову нафарони наздик ба мансабдорони баландпоя хоҳнад фурӯхт.”

Қазоқистон бори аввал дар моҳи октябр эълон карда буд, ки ба хотири пур кардани буҷаи давлатӣ ба фурӯш гузоштани дастикам се корхонаи асосии коркарди нафташро ба баррасӣ гирифтааст. Иқтисоди Қазоқистон дар як соли охир ба далели коҳиши қурби танга – пули миллии ин кишвари Осиёи Марказӣ - ва пойин рафтани нархи нафту газ ва фулузоте, ки ҳадди аксари содироти Қазоқистонро таъмин мекард, дучори мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ шудааст.

Нурсултон Назарбоев

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ду моҳ пеш дар ҷаласаи ҳукуматаш ҳушдор дода буд, ки аксари корхонаву ширкатҳои давлатӣ бар зиён кор мекунанд ва ӯ фикр дорад, ин корхонаҳои гӯё зиёноварро дар ихтиёри сармоягузорони хориҷӣ бигузорад, Назарбоев гуфт, ба фарқ аз “худӣ”-ҳо, хориҷиён ҳам беҳтар кор мекунанд ва ҳам бидуни ягон миннат ва саривақт андози давлатро месупоранд.

Пётр Своик аммо мегӯяд, фурӯхтани корхонаҳои бузурги давлатӣ роҳи халосии Қазоқистон аз бӯҳрон нест: “Ҳукумати Қазоқистон дар тӯли солиён мӯътоди нархҳои осмонбӯси нафту газ ва маъданҳои дигар шуда буд ва бо сели азими пуле, ки аз фурӯши онҳо ба ҷайбаш мерехт, роҳат корашро пеш мебурд ва фикри алтернативаҳои дигарро намекард. Аммо нархҳои баланди нафту газ дигар бебозгашт рафт ва бояд ҳукумат модели иқтисодии кишварро дигар кунад. Фурӯши корхонаҳо як муддати муваққат метавонад камбуди буҷаро пур кунад. Вале ин наметавонад роҳи ҳалли дарозмуддат бошад. Мутаассифона, дар ҳукумати кунунӣ касе дар фикри ин нест.”

Мухолифин дар Қазоқистон низ иқдоми ҳукумат ба корхонаҳои парчамбардори иқтисоди ин кишварро ба боди шадиди интиқод кашидаанд. Ба ақидаи онҳо, менеҷерҳои дастнишонда дороиҳои ин корхонаҳои танҳо ба ном давлатиро ба яғмо бурданд ва акнун ончӣ боқӣ мондааст, бо як нархи арзон ва бо ҳамон пулҳое, ки аз ҳамин ширкатҳову корхонаҳо рабуда шудаанд, онҳоро ба номи худ хоҳанд гардонд.

Бӯҳрони иқтисодӣ нишондиҳандаҳои асосии иқтисоди Қазоқистонро хеле пойин бурд. Дар тӯли соли 2015 қурби танга дар муқобили доллар 85 дарсад пойин рафт ва ҳоло тақрибан 345 танга барои як долларро ташкил медиҳад. Сатҳи таваррум дар ин кишвар низ дар соли 2015 назар ба як соли қабл ду маротиба боло рафта, 13,6 дарсадро ташкил дод. Иқтисоддонҳо бо дарназардошти идомаи уфти нархи нафт ва фулузоти дигар дар бозори ҷаҳонӣ мегӯянд, бӯҳрони иқтисодӣ дар соли 2016 низ гиребони Қазоқистонро сар нахоҳад дод.