Навори "муҷоз донистани зарбу шатми занон" ҷанҷол барангехт

Мавъизаи як рӯҳонии қазоқ дар бораи "муҷоз донистани зарб ва латукӯби занон", боиси ихтилофи назарҳо шудааст. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз наворе, ки дар он ба зарбу шатми занон иҷоза дода шудаст, интиқод кардаанд. Масъулини Идораи динии мусалмонони Қазоқистон гуфтаанд, ки ин навори “куҳна” баёнгари назари шахсӣ”-и ин фард аст. Аммо фаъолони ҳуқуқи занон ва ҳуқуқдонҳо ин мавъизаро ҳамчун “нобаробарӣ ва хушунат”, арзёбӣ кардаанд.

Дар ин навор ба забони қазоқӣ, ки авоили соли ҷорӣ ба шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" роҳ ёфт, ин рӯҳонӣ мегӯяд, ки “бигузор занон бидуни он, ки ба онҳо осебе расад, зарбу шатм шаванд”, баҳсҳои гармеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Давоми чанд рӯз беш аз 450 ҳазор нафар ин наворро ба иштирок гузоштанд. Аксари корбарон аз ин навор интиқод кардаанд.

Шуморе аз корбарони навиштанд, ки навори ҷанҷолӣ се сол қабл дар шабакаи "Youtube" ба нашр расида буд ва шахсе, ки дар он ба як ҳадиси паёмбар Муҳаммад алайҳисалом такя мекунад, Ризобек Батталули, як узви пешини гурӯҳи хабарӣ-таблиғотии Идораи динии мусалмонони Қазоқистон ва устоди кунунии Донишгоҳи “Нур Муборак”-и шаҳри Алмаато мебошад. Ризобек Батталули нахост дар бораи мӯҳтавои ин навор бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад.

Шахси сӯҳбаткунанда дар ин мавъиза мегӯяд, “шариат иҷозаи зарби занонро бидуни осеб расонидан, додааст” ва ёддоварӣ мекунад, ки “...дар хонаҳои гузаштагони мо барои таълими занон қамчин овезон буд.”

Яке аз масҷидҳои шаҳри Алмаато.

Дар поёни ин навор воъиз мегӯяд, ки ӯ намехоҳад занон зарбу шатм шаванд ва ёддоварӣ мекунад, ки “чунин амалро мардони заиф анҷом медиҳанд. “Қавитарин мардон онҳо ҳастанд, ки ба чунин амал даст намезананд”,-гуфтааст вай.

Корбарони шабакаи иҷтмоии "Фейсбук", ки ба баҳс дар мавриди навори мавъиза ин рӯҳонӣ дар бораи зарбу шатми занон пардохтанд, аз суханони ин воиз интиқод кардаанд. Берик Нурбулат, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии "Фейсуб" латукӯби занро "ҳамоқат" гуфтааст. Корбари дигар бо номи Тойлибай Куаниш назари худро баён намуда ва гуфтааст, “зарб ва латукӯби занон -- ин ба маънои таҳқири модар, духтар ва хоҳар аст.”

Ба гуфтаи корбари дигар, “ба модари фарзандон марди заиф даст мебардорад.” Оксана Шундибеева навиштааст “агар мард дар бораи модар ё духтари худ фикр кунад ва барои онҳо дилаш бисӯзад, ӯ ҳаргиз дасташро ба болои зани дигар намебардорад.” Таҳқири зан, ки барои мардон фарзанд ба дунё меоранд ва аз хонаву дари онҳоро нигоҳубин мекунанд, ин амалро танҳо мардони сангдил мекунанд",- афзудааст вай.

Як корбари дигар навиштааст, “марде, ки тибқи аҳкоми шариат зиндагӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ ба болои зан даст намебардорад ва ӯро намезанад". Бозорқул Калбир навиштааст, ӯ бисёр мутаассиф барои он ҷавононе аст, ки ба суханронӣ дар ин навор гӯш медиҳанд.

Корбари дигар бо номи Бекет Сманов мепурсад, “чаро ин ҳама таноқузот дар эътиқод вуҷуд дорад? Барои мисол, шумо наметавонед ҳайвонотро бизанед, зеро дар он дунё шумо посух хоҳед дод. Онҳо мегӯянд, ки шумо бояд ҳамсари худро бизанед. Парадокс.”

Корбари дигар бо номи Тогас Бойҷигит дар бораи ин рӯҳонӣ мегӯяд, “як фарди нодон, ки дар торикиҳои асрҳои миёна зиндагӣ мекунад ва хостори хушунат аст ва он ҳам таҳти пӯшиши дин.” Анвар Умар ҳам гуфтааст, ки ин воиз бояд муҷозот шавад.

Лозим ба зикр аст, ки дар миёни корбарон гурӯҳе аз ин суханони воиз дар ин навор, пуштибонӣ кардаанд. Пердебой Оспанов навиштааст, “ин фард тибқи шариат сухан гуфтааст.” Серик Кулманов низ бо ӯ мувофиқ буда ва мегӯяд, “воиз аз худаш ҳарф намезанад, балки онро аз ҳадис мегирад”

“Ин назари шахсӣ аст”

Котиби матбуотии Идораи динии мусалмонони Қазоқистон Ағобек Конарбайлӣ дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" дар робита ба ин навор, ки “зарби занонро”-ро муҷоз медонад, вокуниш нишон додааст. Вай навиштааст, ки “ин навор се сол қабл сабт шуда буд ва воиз Ризобек Батталули барои кормандони донишгоҳи “Нур Муборак” суханронӣ мекард.

Ба гуфтаи вай, “Ризобек Батталули то ба имрӯз ҳаргиз дар мақоми имомхатиб ифои вазифа накардааст ва ба унвони узви гурӯҳи хабарӣ-таблиғотӣ ӯ назари шаҳрвандии худро дар посух ба ин гуна суолҳо баён доштааст. Ин масъули Идораи динии мусалмонони Қазоқистон гуфтааст, ки ба воизон иҷозат дода намешавад, ки ба таври шахсӣ дар масоили ҳассосӣ шаръӣ, тасмим бигиранд.

“Мавқеияти воқеии занон”

Яке аз бунёдгузорони гурӯҳи ташаббускори Feminita ва ҳомии ҳуқуқи занон дар Қазоқистон Гулзада Сержан гуфт, ки ин навор мавқеияти воқеии занон дар ҷомеаи Қазоқистонро нишон дод.

Гулзада Сержан

“Дар соли 2018 Қазоқистон дар Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид хатми хушунат ва табъиз алайҳи занон гузориш хоҳад дод. Дар тарҳи ин гузориш дар бораи баробарии ҷинсиятӣ гуфта шудааст, ки ҳар сол вазъияти занон дар ҳама арсаҳо беҳбуд меёбад. Ҳоло мо дар интернет навореро мебинем, ки дар он ба зарбу шатми занон даъват мекунад, ин шоҳиди ин воқеият аст, ки дар Қазоқистон мавқеияти занон на танҳо беҳбуд наёфтааст, балки бадтар аз он аст, ки қабл аз соли 1917 буд.

Вакили дифоъ Айман Умаров, ки аз қурбониёни хушунатҳо ҳимоят мекунад, ба ин бовар аст, ки дар видеои ҷанҷолӣ нишонаҳое аз нақзи ҳуқуқи занон вуҷуд дорад. Ин вакили дифоъ дар идома гуфт, ҳарфҳои ин навор қонуни асосии дунявии Қазоқистонро нақз мекунад. Моддаи 14-уми Қонуни асосии баён медорад, ки ҳар кас дар назди қонун сарфи назар аз вобастагӣ ба нажоду ҷинс, баробар аст.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз се зан як нафар дар ҷаҳон дар тӯли зиндагии худ мавриди сӯистифодаи физикӣ ё ҷинсӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Қазоқистон аз ҳар ҳашт зан як нафар мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтааст.