Раисиҷумҳури Узбакистон гуфт: “Онҳо мегӯянд, як бозори умумӣ сохтаниянд, ки аз истиқлолияти онҳо кам нахоҳад кард. Ба ман гӯед, ки оё истиқлолияти сиёсӣ бе истиқлолияти иқтисодӣ вуҷуд дошта метавонад?”
Президенти Ӯзбакистон, Ислом Каримов, иттиҳоди нави иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистонро танқид карда, аз хатари он ба истиқлолияти кишварҳои пасошӯравӣ ҳушдор дод. Манзури ӯ аз ин эътилофи нав Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё буд, ки рӯзи 29-уми май аз тарафи президенти Русия Владимир Путин ва ҳамтоёни беларусу қазоқи ӯ Аляксандр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев таъсис ёфт. Дар расми имзои ин қарордод гуфта шуд, ки иттиҳоди нав гардиши озоди молу хадамот, сармоя ва нерӯи корро дар байни се кишвар замонат хоҳад дод. Ин нукта ҳам зикр ёфт, ки дари эътилоф барои кишварҳои дигари пасошӯравӣ боз буда, онҳо низ метавонанд ва иттиҳоди нав ворид шаванд.
Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, гуфт: “Онҳо мегӯянд, фақат як бозори умумӣ сохтаниянд ва он ба ҳеҷ ваҷҳ аз соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти онҳо кам нахоҳад кард. Ба ман гӯед, ки оё истиқлолияти сиёсӣ бе истиқлолияти иқтисодӣ вуҷуд дошта метавонад?”
Ин суханони ҷаноби Каримов дар расми оғози як ҳамоиши байнулмилалии амнияти хӯрокворӣ дар Тошканд дар баробари дипломатҳои хориҷӣ, коршиносони байнулмилалӣ ва сармоягузорони риштаи кишоварзиии Ӯзбакистон садо доданд. Аммо дар гузориши Хабаргузории миллии Ӯзбакистон ин суханон дарҷ наёфтаанд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳангоми имзои қарордоди таъсиси иттиҳоди нав рӯзи 29-уми май дар Остона гуфта буд, ки таъсиси ин ниҳод ба манфиати чандин давлат аст. Дар ҳоле ки қарор аст, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё 15-уми январи соли оянда эътибор пайдо кунад, ду кишвари дигар -- Арманистон ва Қирғизистон гуфтаанд, ба ин эътилоф ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Барои бунёди бозори ягонаи кившарҳои узв, онҳо ҳамчунин маҷбуранд, сиёсатҳои иқтисодии худро ҳамоҳанг гардонанд. Ӯзбакистон дар гузашта низ ба талошҳои ҳамгироии бештари кишварҳои пасошӯравӣ зид баромадааст. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин солҳо ба ин сӯ барномаҳоеро пеш мегузорад, ки аксари кишварҳои пасошӯравиро зери як чатр гирд орад. Бархе аз коршиносон ин барномаҳоро талоши таҳкими таъсири Русия дар қаламрави Шӯравии пешин меноманд. Президенти Ӯзбакистон, Ислом Каримов, ҳанӯз соли 2011 дар ин бора гуфта буд, ки “таърихро ақиб гардондан номумкин аст.”
Аммо дар амал, Ӯзбакистон дар давраҳои гуногуни таърихи бист соли охири худ гоҳе ба барномаҳои ҳамгироӣ шарик шуда, гоҳи дигар ба онҳо зид баромадааст. Барои намуна, соли 1992, дар айни авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон, Ӯзбакистон ташаббускори таъсиси созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД шуд, вале дар соли 1998, баъд аз он ки Маскав ӯҳдадориҳои аъзои ин иттиҳодро бештар ва назорати худро бар он қавитар кард, онро тарк намуд. Соли 2006, пас аз рӯйдодҳои хунини Андиҷон ё саркӯб кардани ҳазорон тазоҳуркунанда бо истифода аз силоҳ ва ихтилофоташ сари ин воқеа бо Ғарб, Тошканд дубора ба сафҳои СПАД баргашт. Аммо тобистони соли 2012, зимни таъсиси нерӯҳои муштараки созмони мазкур, Ӯзбакистон эълон кард, ки узвияти худро дар он муваққатан “бозмедорад”.
Дар ҳамон соли 2006 Ӯзбакистон, ки ҳамеша зидди Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё буд, бо аризае вориди он шуд, аммо дар соли 2008, вақте Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Тошкандро, ки баъд аз рӯйдодҳои Андиҷон эълом шудаанд, бекор намуд, аз Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё хориҷ шуд. Он ҳам дар ҳоле ки дар ду соли узвияташ дар ин эътилоф аз иҷрои шартҳое, ки хилофи манфиаташ буданд, саркашӣ мекард.
Паёми ахири Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар бораи иттиҳоди нави иқтисодии Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳанӯз наметавонад, нишонаи он бошад, ки Тошканд ба ин эътилоф ҳамроҳ нахоҳад шуд. Эҳтимол меравад, ки он барои худ узвияти махсус ва боимтиёз мехоҳад. Иқтисоди ин кишвар даҳ сол ба ин сӯ аз рукуди пешина ба ҳолати рушд даромадааст ва бо вуҷуди мушкилоти зиёд сармоягузорони хориҷӣ ҳамоно кори худро дар Ӯзбакистон идома медиҳанд. Барои онҳо бозори азими ин кишвар, ки аҳолияш ба 30 миллион нафар наздик шудааст, аз аҳамияти хос бархӯрдор аст.
Дар ҳамоиши байнулмилалии амнияти хӯрокворӣ дар Тошканд, ки суханони Каримов дар бораи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз минбари он садо доданд, гуфта шуд, ки Ӯзбакистон дар чанд ришта, аз ҷумла тавлиди хӯрокворӣ худкифо шудааст ва на танҳо мардуми худро пурра таъмин мекунад, балки яке аз содиркунандагони асосии хӯроквории минтақа ба шумор меравад.
Аммо Хосе Гразиано да Силва, мудири кулли Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал гуфт, бо вуҷуди пешрафтҳояш ин кишвар метавонад аз ҳамгироии минтақаӣ фоидаи бештар ба даст орад. “Дар ин фароянди ҷаҳонӣ имкон надорад, кишвар ба танҳоӣ тавонад амнияти хӯроквории худро таъмин намояд”, гуфт ӯ дар ҳамоиши Тошканд.