Порлумони Ӯзбакистон пешниҳоди ба зиммаи сарвазири ин кишвар гузоштани бархе аз салоҳиятҳои раисиҷумҳурро баррасӣ мекунад.
Қонунгузорони Ӯзбакистон масъалаи густариши салоҳиятҳои сарвазири ин кишварро баррасӣ мекунанд ва барои ин қарор аст, ба Қонуни асосии Ӯзбакистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Расонаҳои ахбори оми Ӯзбакистон мегӯянд, баррасии масъала бо пешниҳоди худи раисиҷумҳури Ӯзбакистон, Ислом Каримов, ба миён омадааст.
Дафтари матбуоти палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ӯзбакистон гуфтааст, дар ин замина бандҳои 32, 78, 93, 98, 103 ва 117-и Қонуни асосии Ӯзбакистон тағйир ва такмил хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, интизор меравад, бахши муҳиме аз салоҳиятҳои раисиҷумҳур ба зиммаи сарвазир ва Девони вазирони ин кишвар вогузор мешавад. Ҳамчунин тағйиру иловаҳо нақш ва нерӯи ҳукуматҳои маҳаллиро дар Ӯзбакистон ба маротиб бештар мекунанд.
Дар қонун инчунин зикр хоҳад шуд, ки номзад ба мақоми сарвазири Ӯзбакистон ҳангоми пешбарӣ шуданаш барномаҳои кӯтоҳ ва дарозмуддати ҳукумати худро ба порлумон пешниҳод мекунад.
Қарор аст, дар ин ҷаласаи порлумони Ӯзбакистон ҳамчунин шеваи демократии ташаккули Кумиссюни марказии интихоботии Ӯзбакистон ва усули кори он ҷорӣ шавад.
Дар Ӯзбакистон аз соли 2005 ба ин сӯ порлумони дупалатаӣ амал мекунад ва дар он 150 вакил, ки дар соли 2009 интихоб шудаанд, ба таври доимӣ фаъолият доранд. Ӯзбакистон кившаре дониста мешавад, ки ба он раҳбари диктатор сарварӣ мекунад ва тамоми ҳокимият дар дасти ӯст.
Бархе аз шореҳон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон бар инанд, ки президент Каримов мехоҳад, шароити барои худ муносиби интиқоли қудратро омода намояд. Ин дар ҳолест, ки ӯ вориси сиёсии худро муайян накардааст ва дар як моҷарои густардаи хонаводагии ду соли охир духтараш Гулнора Каримова, ки аз муддаиёни курсии ӯ ба шумор мерафт, беобрӯ гашта, додситонҳои байнулмилалӣ фаъолияти молии ӯро таҳқиқ мекунанд.
Бино бар иттилои хабаргузории "Ройтерз", муфаттишони амрикоӣ ва даниягӣ ба таҳқиқи фаъолияти ширкати мобилии "Вимпелком" пардохтаанд ва гуфта мешавад, ин пажӯҳиш бахше аз парвандаи ширкати "Телиасонера"-ро ташкил хоҳад дод. Дар ин парванда гуфта мешавад ширкати "Телиасонера" барои дарёфти ҳаққи фаъолият дар Ӯзбакистон ва ҳимоят аз мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ ба Гулнора Каримова -- духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов 350 миллион доллар пора додааст.
Хабари нав дар ҳоле нашр мешавад, ки Додситонии кулли Швейтсария Гулнора Каримоваро дар шустушӯи пул гумонбар дониста, зидди ӯ парванда боз намудааст. "Ин парванда то ҳоло чаҳор айбдоршаванда дошт, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ӯзбакистон буда, соли гузашта ҳангоми як муомилаи ғайриқонунии пулӣ дар яке аз бонкҳои Швейстария боздошт шудаанд," -- мегӯяд намояндаи мақомоти тафтишотии Швейтсария. Акнун тасмим гирифта шуд, нақши Гулнора Каримова дар додуситади мазкур таҳқиқ шавад.
Бо қарори нави Додситонии кулли Швейтсария моликияти Гулнора Каримова дар ин кишвар, ки ба 1 миллиард доллар баробар аст, зери назорат гирифта шуд.