Музокироти Каримову Назарбоев: Аз вазъи Сурия то ГЭС-ҳои минтақа

Ҳарду президент аз натиҷаҳои ин диду боздидҳо ситоиш ва ба мувофиқати мавқеъҳои ҳарду тараф дар масоили зиёде таъкид карданд.

Дар шаҳри Остона рӯзи 25 ноябр мулоқоти президентони Ӯзбакистон ва Қазоқистон – Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев баргузор шуд. Дар паи музокироти рӯбарӯи ду раҳбар, дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳарду президент аз натиҷаҳои ин диду боздидҳо ситоиш ва ба мувофиқати мавқеъҳои ҳарду тараф дар масоили зиёде таъкид карданд. Ба қавли онҳо, назари ҳарду президент мисли гузашта дар бисёр масъалаҳо яксон аст.

Назарбоев гуфт, дар ин диду боздидҳо масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Украина, Афғонистон, Сурия ва Ироқ баррасӣ шуд. “Мо ба қароре омадем, ки ҳамдигарро дастгирӣ ва ба таври фаъол дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии СММ, САҲА, СҲШ, Муштарак-ул-Манофеъ ва дигарҳо ҳамкорӣ мекунем. Масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ аз мавзӯъҳои муҳими рӯз боқӣ мемонад”, гуфт Назарбоев.

Ба гуфтаи президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов, чолишҳои замони имрӯз “ҳамкориҳои боз ҳам наздиктарро дар амри ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ба хотири пешрафтҳои иқтисодиву шукуфоии мардум тақозо мекунад”. Ба гуфтаи Каримов, субот дар Афғонистон гарави сулҳ дар кишварҳои ҳамсоя ва ҳам тамоми минтақа мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Қазоқистон, Ислом Каримов гуфтааст, ки раҳбарони Қазоқистону Ӯзбакистон дар амри бунёди нирӯгоҳҳои нави обию барқӣ бар фарози руди Омуву Сирдарё “мавқеи ягона” доранд. Ба навиштаи хабаргузории newskaz.ru, Каримов таъкид кардааст, ки ин сохтмонҳо бояд “танҳо дар чаҳорчӯби муқаррароти байналмилалӣ ва ҳам эъломияи СММ ва ҳам бо назадошти мувофиқати кишварҳои поёноб” сурат гирад. Каримов ва Назарбоев таъкид кардаанд, ки захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ моли тамоми мардуми сокини ин минтақа аст ва аз истифодаи оқилонаву одилонаи он шукуфоиву субот ва ҳам сарнавишти даҳҳо миллион нафар бастагӣ дорад. Дар изҳороти хаттие, ки баъди нишасти ду президент пахш шуд, таъкид мешавад, ки Қазоқистону Ӯзбакистон ҳамаи кишварҳои минтақаро ба музокироти созандаву эътимодбахш, бо назардошти манфиатҳои ҳамаҷониба ва ҳам ҷустуҷӯи роҳҳои наву ташаббусҳои тоза даъват мекунанд.

Ӯзбакистон аз сарсахттарин мухолифони сохтмони нирӯгоҳҳои барқии обӣ дар фарози рӯдхонаҳои Сиру Омударё буда, талаб дорад, ки барои сохтмони нирӯгоҳҳои Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота-1 дар Қирғизистон ташхиси байналмилалӣ анҷом шавад. Иддаои Тошканд ин аст, ки кишварҳои болооб ва соҳиби захираҳои аслии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо бунёди нирӯгоҳҳои азим ба фаъолиятҳои кишоварзии Ӯзбакистон ва дигар кишварҳои минтақа осеб мерасонд. Ӯзбакистон панҷумин тавлидкунандаи пахтаи хом дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки захираҳои аслии оби минтақа барои обёрии майдонҳои кишти он равона мешаванд. Вале Тоҷикистон, ки ин иддаоҳоро рад мекунад, бо таъкид ба камбуди нирӯи барқ дар кишвар, бахусус дар мавсими сармо, мехоҳад ҳарчи зудтар ин масъаларо ҳал ва нирӯгоҳи Роғунро ба кор андозад. Баҳсе, ки тамоми солҳои баъди касби истиқлолияти ду кишвар идома дорад, ранги сиёсӣ касб карда, аз ҷумла, ба равобити сиёсии Душанбеву Тошканд таъсири манфӣ расондааст. Талошҳои Тоҷикистон барои ҷалби пуштибонии дигар кишварҳои минтақа ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз натиҷаи дилхоҳе надодааст.