Ҳаррис кӯшиш дорад, ин анъанаро, ки беш аз як аср, аз замони аввалин номзадии як зани амрикоӣ ба мақоми президентӣ идома дорад, аз байн бибарад. Таҳлилгарон мегӯянд, нажоди омехтаи Камала Ҳаррис ин мушкилотро печидатар мекунад.
Ин суханони Доналд Трамп, президенти собиқ ва ҳоло номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст: "Ӯ ҳамеша ҳиндӣ буд ва танҳо анъанаҳои ҳиндиро таблиғ мекард. Ман намедонистам, ки вай сиёҳ буд, то он даме ки чанд сол пеш сиёҳ шуд. Ва ҳоло ӯ мехоҳад, ки сиёҳ номида шавад. Ман намедонам, ки вай ҳиндуст ё сиёҳ?"
Баъзе аз ҷомеашиносон инро “занситезӣ” меноманд. Надя Браун, коршиноси Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрико, гуфт: “Ин навъи ситезаҷӯӣ – омезиши даҳшатноки ҷинсгароӣ ва нажодпарастиест, ки махсусан зидди занони сиёҳпӯст равона шудааст. Решаи он аз қолабҳое бармеояд, ки дар бораи занони сиёҳпӯст вуҷуд доранд ва назарҳое мебошанд, ки ба меъёрҳои мардсолории сафедпӯстон рост меоянд.”
Ин ҳамлаҳои таблиғотӣ ҳатто баъзе аз мунтақидони сарсахти Ҳаррисро аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ водор карданд, ки ба баҳс дахолат кунанд. Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, мегӯяд, "нисбат ба Камала Ҳаррис ягон ғарази шахсӣ ва нажодӣ нест. Ҷинси ӯ ба ин чиз ҳеч дахл надорад.”
Муҳаққиқон мегӯянд, аз сӯйи занони суннатгаро пуштибонии ҷиддие ба мушоҳида мерасад. Далели ин, торафт маҳбуб шудани ҳаракати дӯстона дар Инстаграм аст, ки нақши занонро ҳамчун хонашин, модар ва ёвар арзёбӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз занони раъйдиҳанда ин ҳамлаҳои ҷинсиро "хандаовар" мехонанд.
Салинас Наш, интихобкунанда аз Калифорния, гуфт: “Ин ҷинсгароӣ аст. Ин одамон чунин мешуморанд, ки ҳама чиз танҳо барои мардон аст. Вақте Клинтон мехост, номзадияшро пешбарӣ кунад, гуфтанд, ки зан аст. Агар бемории занонаи ӯ шуруъ шавад, чӣ мешавад. Ҷангро оғоз мекунад.”
Надя Браун аз Донишгоҳи Ҷорҷтаун ҳадс мезанад, ки Трамп аз рӯ ба рӯ шудан дар майдони баҳс бо Ҳаррис метарсад ва аз ин рӯ аз ҳамлаҳои шахсӣ истифода мекунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳаррис ва Трамп рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс карда, ҳамдигарро ба канорагирӣ аз мубоҳисае, ки рӯзи 10-уми сентябр пешбинӣ шудааст, айбдор карданд. Трамп қадами аввалро бо даъват ба баҳси рӯзи 4-уми сентябр дар шабакаи хабарии дӯстдоштааш гузошт.
“Ба фикри ман, аз ҷониби Трамп ин як иқдоми оқилона аст. Бо назардошти он ки Камала Ҳаррис додситони собиқ аст, мушоҳидаҳо аз баҳсҳояш бисёр одамонро ба он фикр водор мекунад, ки ӯ бештар рӯи мушкилоти Доналд Трамп тамаркуз хоҳад кард,” – гуфт Надя Браун аз Донишгоҳи Ҷортаун.
Аз замоне ки занон дар соли 1920 ҳуқуқи овоздиҳиро ба даст оварданд, ҳузури онҳо дар интихоботи президентӣ афзоиш ёфт.