Ҳукумати Афғонистон ба сокинони деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон, ки дар паи таркишҳои сохтмонӣ дар Афғонистони ҳамсоя мактабу хонаҳои истиқоматии мардумаш тахриб шудааст, ҷубронпулӣ пардохт намуд.
Вале мақомоти ноҳия мегӯянд, ин маблағ тамоми хароҷоти зарари воридаро намепӯшонад. Моҳи март мақомоти афғон барномаи бунёди
Нархи як бомпӯши тунукагӣ 50 сомонӣ аст. Боз барои таъмири бом меху тахта лозим, пули усторо бояд диҳанд. Маблағе, ки фиристода шудааст, хеле кам аст
роҳи назди деҳаи Ғумайи ноҳияи Рӯшони Афғонистонро ба роҳ монданд, вале осори таркиши қитъаҳои кӯҳии роҳ дар хоки Тоҷикистони ҳамсоя хисороте дар пай доштааст.
Масъулини ҷамоати деҳоти ба номи Мӯъминшо Абдулвосиеви ноҳияи Рушон, ки деҳаи Шипад ба ҳудудҳои маъмурии он шомил мешавад, мегӯянд, баъди шикояти зиёди мақомоти ҷамоати деҳот ва пахши хабарҳо дар сомонаҳо оид ба таркишҳои роҳсозони он сӯи марз, сафоратхонаи Афғонистон ёрии ҳукумати Кобулро ба Рушон ирсол кард.
Нозигул Абдулвоҳидова, раиси ҷамоати деҳоти Мӯъминшо Абдулвалиеви ноҳияи Рӯшон рӯзи 20 ноябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷониби сафорати Афғонистон ба дасти ҷамоат маблағе дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ расид ва ин маблағ ба осебдидаҳо расонида шуд. Вай гуфт, ба ҳар хонаводаи осебдида ду ҳазор сомонӣ тақсим карда шуд. Ба мактаби ҳамагонии деҳаи Шипад, ки осеби ҷиддӣ дида як талабаи ин мактаб ҷароҳат бардошта буд, ҳудуди 8 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Вале ин маблағ ҳам хеле нокофӣ аст ва ба маротиб камтар аз зарари сокинон аст, гуфт Нозигул Абдулвоҳидова:
“Нархи як бомпӯши тунукагӣ 50 сомонӣ аст. Боз барои таъмири бом меху тахта лозим, пули усторо бояд диҳанд. Маблағе, ки фиристода шудааст, хеле кам аст”.
"Кори сохтмон мувофиқ бо меъёрҳои бехатарӣ анҷом шавад"
Деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон дар 62-километрии маркази ин ноҳия қарор дошта, дар он 47 хонавода ба сар мебарад. Ин русто бо деҳаи Ғумайи ноҳияи Рӯшони Афғонистон ҳамсоя аст. Миёни ин ду деҳа ва марзи давлатӣ рудхонаи Панҷ ҷорӣ аст, вале фосилаи миёни ду деҳ чандон зиёд нест ва аз ҳамин хотир ҳам, осори корҳои сохтмонӣ дар минтақаи кӯҳии Бадахшони Афғонистон, ки моҳҳои марти соли ҷорӣ шурӯъ шуд, дар фосилаи даҳҳо километр дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам эҳсос мешавад.
Сокинони рустои Тоҷикистон мехоҳанд, ки кори сохтмончиёни афғон бо риояи меъёрҳои бехатарӣ сурат гирифта, дар сурати таркиш дар пуштаҳои кӯҳӣ, ҷониби Тоҷикистон пешакӣ огоҳонида ва тадбирҳои бехатарӣ дар ин сӯи дарё ҳам андешида шавад.
Моҳи июн сокинони Шипад ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар давоми ду моҳи корҳои сохтмонӣ дар Рӯшони Афғонистон, 15 манзили сокинони деҳаи тоҷикистонӣ осеб дид. Он замон мақомоти ноҳияи Рӯшон бо ирсоли нома ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дархост карданд, ки дар музокирот бо ҷониби Афғонистон, масъалаи бехатар пеш бурдани корҳои сохтмониро дар миён гузоранд.
Маблағ кифоят накард
Дар бораи нокифоягии ҷубронпулии аз ҷониби Афғонистон пардохтшуда Зубайда Алимуҳаммедова, директори мактаби рақами якуми деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон низ шикоят кард. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маблағро гирифтанд ва як қисми шикасту рехтҳоро анҷом доданд, аммо боз ҳам ин маблағ кам аст. Бархе сокинони деҳаи Шипад мегӯянд, азбаски маблағ ночиз аст, онҳо натавонистанд бомҳои худро пурра таъмир кунанд.
Ин сокинон мегӯянд, ҳеҷ ихтилофе бо барномаҳои роҳсозии ҳамсояҳо надоранд, вале таркишҳои сохтмонӣ, ки барои васеътар кардани роҳҳои кӯҳӣ анҷом мешаванд, онҳоро нигарон кардааст.
Роҳсозони Афғонистон дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон моҳи марти соли равон барои тахту ҳамвор кардани роҳ ба тарконидани кӯҳҳои атроф шурӯъ карданд. Корҳои сохтмончиёни афғон дар фурсати барои онҳо муносиб сурат гирифта, вале ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ки аз барномаҳои сохтмонии ҳамсоякишвар пешакӣ огоҳонида нашуданд.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва як қитъаи марзии он аз ҳудуди вилояти Бадахшон мегузарад.