Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, ки дар дохили кишвар имкони табобати Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ вуҷуд надорад ва танҳо метавонанд ба ӯ табобати таскинбахширо пешниҳод кунанд.
Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Ҳамза Тиллозода гирифтори саратони дараҷаи чорум аст. Ӯ гуфт:
Садҳо нафар аз мақомот даъват карданд, ки ҳолати ин кӯдак олуда ба сиёсат нашавад ва иҷозат диҳанд, ки барои табобат ба хориҷа биравад.
"Ин кӯдак дараҷаи паҳнгаштаи саратон дорад. Дараҷаи чорум. Мо ӯро куҷо фиристонем? Бо падару модараш муассисаҳои тандурустӣ, Маркази илми саратоншиносӣ сӯҳбат карданд. Тасмим ба худи онҳост. Медонанд хешу табор, лекин инро қабул кардан намехоҳанд".
Ҳамза Тиллозода, набераи чорсолаи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва писари Руҳулло Тиллозода аст, ки дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ба қавли модари ин кӯдак Мижгона Зайниддинова, ду соли пеш табибони тоҷик дар ҷисми ин тифл саратони байзатайн (эмбриональная карцинома)-ро ташхис кардаанд.
Талоши муолиҷаи тифл дар клиникаҳои Тоҷикистон натиҷа надодааст ва амалиёти ҷарроҳии кӯдак дар бемористони марказии мавсум ба Қараболо дар оғози соли ҷорӣ зоҳиран натиҷаи хуб надод ва аҳволи кӯдак, ба қавли наздикон, то рафт сангинтар мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"ОВИР ваъда дод, ки санадҳо дар ду рӯз таҳия мешаванд"
Дар ҳамин ҳол модар ва бобои Ҳамза Тиллозода мегӯянд, ки ҳама санадҳои заруриро барои дарёфти шиноснома ба ОВИР супорида ва қарор аст дар зарфи ду рӯз санадҳоро дастрас кунанд. Мижгона Зайниддинова рӯзи 27-уми июл дар сӯҳбат Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз қабл ҳамроҳ бо падараш ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла ариза, нусхаи шаҳодатномаи таваллуди Ҳамза, акс ва дигар санадҳоро ба идораи шиносномадиҳӣ пешниҳод кардаанд.
Ӯ афзуд, мақомот ваъда доданд, ки шиносномаҳо ба номи ӯ ва фарзандаш дар зарфи ду рӯзи оянда омода хоҳад шуд. Зайниддинова, ки бо хушҳолӣ дар ин бора сӯҳбат мекард, гуфт, акнун метавонад писараш Ҳамзаро барои идомаи табобат ба хориҷи кишвар бубарад. Ӯ гуфт, вазъи писараш хуб нест, роҳ гашта наметавонад ва зуд-зуд руи ҷойгаҳ мехобад.
Исломиддин Зайниддинов, бобои ин кӯдак низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳар идорае, ки муроҷиат карданд, барои омода намудани санадҳо кӯмак намуданд. Вай афзуд, умедвор аст, ки баробари омода шудани шиносномаҳо маблағ пайдо карда, набера ва духтарашро дар наздиктарин фурсат барои табобат ба хориҷа мефиристад.
ОВИР мегӯяд, ки ҳуҷҷатҳои Ҳамзаро дарёфт кардааст
Шараф Пиров, муовини сардори Шӯъбаи назорати сарҳадии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нисбати Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода, нафаре ба онҳо муроҷиат накардааст.
"Ҳаминро бояд қайд кунам, ки онҳо дар мадди аввал ҳуҷҷатҳое, ки барои убури сарҳад лозим аст, аз ҷумла раводиди он кишваре, ки мераванд ва паспорташонро, ҳарчӣ зудтар омода кунанд. Дар нисбати ҳеҷ шаҳрванд монеа барои сафар ба хориҷа вуҷуд надорад",-афзуд Шараф Пиров.
Зимнан, дар қабулгоҳи ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Идораи шиносномадиҳии ҷумҳурӣ (ОВИР) ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрванд сокинони шаҳри Ваҳдат Мижгона Зайниддинова ва фарзанди ӯ Тиллозода Иброҳимро (Ҳамза) барои омода кардани шиносномаро қабул кардаанд. Манбаъ афзуд, ки талошанд дар наздиктарин фурсат ҳуҷҷатҳои онҳоро омода намоянд.
Қазияи пурсару садои бемории Ҳамза
Қазияи Ҳамза Тиллозода дар ин авохир муроҷиатҳои зиёдро ба унвони ҳукумати Тоҷикистон ба миён овард. Садҳо нафар аз мақомот даъват карданд, ки ҳолати ин кӯдак олуда ба сиёсат нашавад ва иҷозат диҳанд, ки барои табобат ба хориҷа биравад.
Гуфта мешавад, шиносномаи модари ин тифл Мижгона Зайниддинова ҳанӯз се сол пеш аз сӯи мақомоти гирифта шуда буд.
Аммо худи Мижгона Зайниддинова рӯзи 23-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санадҳои аслии шаҳрвандии ӯву фарзандаш – шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд, “гум шудааст” ва бидуни санад онҳо наметавонанд ба берун аз кишвар сафар кунанд. Мижгона Зайниддинова гуфт, ки дар як мулоқот бо мақомоти полиси шаҳри Ваҳдат дар ҳафтаи гузашта ба ӯ гуфтанд, ки "дар гирифтани санадҳои нав мусоидат мекунанд".