Ҷузъиёти суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лавров

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷузъиёти гуфтугӯи вазир Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои русаш Сергей Лавровро нашр кард.

Гуфтугӯи телефонии дипломатҳои баландпоя 30-юми апрел ва дар пасманзари дармондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия анҷом шуд.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, ду тараф "вазъияти душвореро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар натиҷаи чораҳои шадиди мақомот қарор доранд, баррасӣ карданд".

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои русаш гуфтааст, "чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад".

Сергей Лавров дар ин сӯҳбат ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, чорабиниҳои ахири мақомоти Русия "зидди кадом миллату дине равона нашудааст".

Аммо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ҳарфҳои Лавров "бо вазъи воқеӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд".

Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон бо ташаббуси Маскав анҷом шудааст ва маълум нест, ки ду тараф ба кадом созише даст ёфтаанд.

Вуруд ба Русия аз рӯзи 22 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон сахттар шуд. Садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам дар гузаргоҳҳои заминӣ дармонданд.

Рӯзи 29-уми апрел Тоҷикистон ба сафири Русия дар Душанбе нотаи эътирозӣ дод.

Дар ҳамин ҳол, давоми чор рӯзи ахир фақат аз фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав 643 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ ё депорт кардаанд. Ин оморро хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр кардааст.

Ба қавли манбаъ, аз 26 то шоми 30-юми апрел 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон вориди фурудгоҳи "Внуково" шуда, мақомоти Русия 643 нафарашонро "баъди боздошти чандрӯза" ва "бидуни шароити мувофиқ ихроҷ кардаанд". Манбаъ менависад, ғайр аз ин нисбати 117 тоҷикистонии дигар қарори ихроҷ қабул шудааст ва мунтазири ба Тоҷикистон фиристодан ҳастанд.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтаанд, вазъи душвор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Шереметово, Жуковский ва Домодедово низ мушоҳида мешавад.

Дар ҳоли ҳозир аз сокинони Тоҷикистон хоста шудааст, ки агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд.

Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз даъвати мақомот муҳоҷирони тоҷик ҳамоно равонаи Русия ҳастанд.