Ҷулиан Ассанж кист?

Ҷулиан Ассанж, акс аз соли 2019

Ҷулиан Ассанж, бунёдгузори "Викиликс", рӯзи 20-уми май билохира огоҳ шуд, ки набарди дарози додгоҳӣ барои истирдод нашуданаш аз Бритониё ба Амрико ба нафъи ӯ гардид. Ассанжро, ки асрори зиёди Амрикоро фош кардааст, ба чанд ҷиноят аз ҷумла рахнаи шабакаҳои компютерии ҳукуматӣ муттаҳам мекунанд.

Ҷулиан Ассанж дар моҳи июли соли 1971 дар шаҳри Таунсвилли Австралия ба дунё омадааст. Дар замони наврасиаш ҳамчун як барномасози зираки компютерӣ шӯҳрат ёфт ва соли 1995 ба рахнагарии интернетӣ муттаҳам шуд ва ба ин гуноҳаш иқрор кард. Фақат ба шарти такрор накардани ҷиноят ӯро ҷарима бастанд ва паси панҷара нарафт. Дар 20-солагӣ ба Донишгоҳи Мелбурн шомил шуд ва риёзиёту физика хонд.

“ВИКИЛИКС” ЧИСТ?

Ҷулиан Ассанж дар соли 2006 “Викиликс”-ро таъсис дод. Вебсайтеро, ки онҷо хоҳишмандони ифшо кардани асрор метавонистанд, "номаҳои махфӣ"-ро бигзоранду касе надонад, ки онро кӣ фиристод.

Торнамои “Викиликс” дар соли 2010 баъд аз нашри як видеои махфӣ сари забонҳо шуд, ки нишон медиҳад, дар ҳамлаи чархболи сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар соли 2007 дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, даҳҳо нафар, аз ҷумла ду корманди хабаргузории “Рейтерс” кушта мешаванд.

“Викиликс” ҳамчунин 90 ҳазор санади махфии артиши Амрико аз ҷанги Афғонистон ва 400 ҳазор санади маҳрамонаи Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷанги Ироқро ҳам нашр ва дастраси бисёриҳо кард. Берун омадани ин санадҳо бузургтарин рахна дар бойгонии таърихии Артиши Амрико ба ҳисоб меравад.

“Викиликс” бо ин ҳама иктифо накард ва 250 ҳазор санади муколамаҳои дипломатии сафоратҳои Иёлоти Муттаҳидаро дар саросари ҷаҳон нашр кард ва баъзе аз иттилооти беруномада аз онро нашрияҳои муътабари амрикоӣ ва бритониёӣ ба мисли “Ню Йорк Таймс” ва “Гордиан” чоп карданд. Берун омадани ин иттилоот сиёсатмадорону фармондеҳони Амрикоро хашмгину шармсор кард, ки гуфтанд, нашри беиҷозаи ин иттилоот ҷони афродеро таҳти хатар мегузорад.

Челси Маннинг, яке аз афсарони хадамоти иттилоотии артиши Амрико барои ба “Викиликс” фиристодани садҳо ҳазор номаву муколамаҳои маҳрамона ҳафт соли умрашро дар зиндон сипарӣ кард ва баъдан бо дастури Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико озод шуд.

БОЗДОШТ ВА ОҒОЗИ НАБАРДИ ДОДГОҲӢ

Рӯзи 18-уми ноябри соли 2010 як додгоҳи Шветсия амр дод, то Ҷулиан Ассанжро боздошт кунанд, зеро ду корманди ихтиёрии “Викиликс” ба мақомоти интизомӣ шикоят бурда, ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд. Рӯзи 7-уми декабри соли 2010 маъмурони пулиси Бритониё Ассанжро бо дархости мақомоти Шветсия дастгир карданд.

Ҷулиан Ассанж иддаоҳоро дар бораи озори ҷинсӣ рад кард ва аз ҳамон аввал гуфт, ки парвандаи мазкур фақат баҳонае барои истирдоди ӯ ба Амрико аст, то дар онҷо барои нашри санадҳо дар “Викиликс” ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Моҳи июни соли 2012 баъд аз онки Додгоҳи Олии Бритониё аризаи ниҳоии ӯро барои рад кардани дархости истирдодаш ба Амрико рад кард, Ҷулиан Ассанж дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд.

ҲАФТ СОЛИ ЗИНДАГӢ ДАР САФОРАТИ ЭКВАДОР

Ҳукумати Эквадор рӯзи 16-уми августи соли 2012 ба Ассанж паноҳгоҳи сиёсӣ дод ва маъмурони пулиси Бритониё маҷбур шуданд, 24 соат дар шабонарӯз дар атрофи сафорат посбонӣ кунанд, то ба гуфтаи онҳо дар сурати берун омадан, дастгир шавад. Ҷулиан Ассанж маҷбур шуд, дар як гӯшаи танги сафорат бимонад.

Додситонҳои Шветсия тафтиши парвандаи ӯро соли 2017 қатъ карданд, вале пулиси Бритониё гуфт, ки дар сурати берун омадан ӯро дастгир мекунанд, зеро амри онҳо барои таслим шудан ба мақомоти интизомиро иҷро накардааст. Дар замони зиндагиаш дар сафорат ӯ аз ҳамсараш Стелла Морис соҳиби ду фарзанд шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷулиан Ассанжро ба Амрико намесупоранд?

ПОЁНИ БУНБАСТ ДАР САФОРАТ, ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ АМРИКО

Рӯзи 11-уми апрели соли 2019 баъд аз онки Эквадор ӯро аз ҳаққи паноҳандагӣ маҳрум кард, Ҷулиан Ассанжро, ки фарёд мекашид, аз сафорат берун оварданд ва боздошт карданд. Барои сарпечӣ аз амри таслим ӯ 50 ҳафтаро дар ҳабс гузаронд.

Вазорати адлияи Амрико моҳи июни соли 2019 расман аз Бритониё дархост кард, ки Ҷулиан Ассанжро ба Иёлоти Муттаҳида бисупорад, то ӯро барои 18 ҷиноят, аз ҷумла рахнаи системаҳои компютерии ҳукумати Амрико ва зери по намудани қонунҳои кишвар дар бораи ҷосусӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.

Бо вуҷуди он ки Ҷулиан Ассанж дар моҳи сентябри соли 2019 ҳукми зиндонашро адо кард, то кунун мунтазири баррасии парвандааш дар зиндони низомаш сахти шаҳри Белмарш дар Бритониё нигаҳ дошта мешавад. Рӯзи 4-уми январи соли 2021 як додраси Бритониё қарор кард, ки Ҷулиан Ассанж набояд ба Амрико супурда шавад, зеро мушкилоти равонӣ дорад ва мумкин аст, ки худкушӣ кунад.

Аммо Амрико ба зидди ин ҳукм шикоят бурд ва моҳи декабри соли 2021 додгоҳ ба нафъи Иёлоти Муттаҳида ҳукм кард ва ба ин шарт, ки дар шароити муносиб нигаҳ дошта мешавад ва дар сурати гунаҳкор эълон шуданаш, мумкин аст, ӯро барои адои ҳаргуна ҳукм ба Австралия бифристанд. Рӯзи 23-юми марти соли 2022 Ассанж бо ҳамсараш Стелла Морис расман издивоҷ кард.

НАБАРДИ НИҲОИИ ДОДГОҲӢ

Прити Пател, вазири собиқи умури дохилии Бритониё, моҳи июни соли 2022 дастури истирдоди Ассанжро тасдиқ намуд, вале Додгоҳи олии Лондон дархостро беэътибор кард. Моҳи феврал вакилони дифои Ассанж барои аризаи ниҳоӣ ҷиҳати радди истирдод ба Додгоҳи Олии Бритониё муроҷиат карданд. Ваҷҳи ҳуқуқиашон ин буд, ки парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ ва ҳамла ба озодии баён ва журнализм буда, дар сурати гунаҳкор эълон шудани Ассанж мумкин аст, ӯро ба қатл маҳкум кунанд.

Додгоҳи Олӣ аризаро рад карда, гуфт, Амрико бояд замонат бидиҳад, Ассанж ба қатл маҳкум намешавад ва ба ҳайси шаҳрванди хориҷӣ ҳам ҳақ дорад, бо такя ба банди озодии баён дар Иёлоти Муттаҳида аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад. Рӯзи 20-уми май додгоҳ бо назардошти замонатҳои расмие, ки Амрико додааст, тасмими ниҳоиашро дар бораи сарнавишти Ассанж эълон кард ва гуфт, ӯ ҳақ дорад дигарбора аз амри истирдод шикоят барад.

Дар сурати бохтани ин додгоҳ ягона умеди ӯ барои истирдод нашудан ба Амрико Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар аст, ки метавонад, ба он муроҷиат кунад. Аммо ин додгоҳ ҳам ду бор, соли 2015 ва соли 2022 аризаҳои Ҷулиан Ассанжро напазируфтааст. Дар сурати истирдод ба Амрико ба гуфтаи тарафдоронаш мумкин аст, ӯро дар зиндони низомаш сахт нигаҳ доранд ва агар гунаҳкор дониста шавад, шояд ба 175 сол зиндон маҳкумаш кунанд.

Додситонҳои Амрико гуфтаанд, ҳукми зиндонаш 63 моҳ ё бештар аз 5 сол нахоҳад буд. Антони Албанес, нахуствазири Австралия хостааст, ки ӯро озод кунанд. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, дархости ӯ барои лағви иттиҳомотро баррасӣ мекунад. Айни замон мақомоти Амрико гуфтаанд, ки сарнавишти парванда дар дасти Вазорати адлия ё додситони кул аст ва ҳайати вакилони Ассанж гуфтаанд, ҳеч аломате аз майли мақомоти амрикоӣ дар бораи ҳалли қазия надидаанд.