Нороҳатии журналистони тоҷик аз фазои сокити интихобот

Аксари пурсидашудагон дар як назархоҳии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфтаанд, аз интихоботи порлумонии 1-уми март интизориҳои зиёде надоранд.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, бино бар назарсанҷии кӯтоҳе, ки ин ниҳод дар байни хабарнигорони расонаҳои мустақил анҷом додааст, интихоботи порлумонии 1-уми марти Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи васеи журналистон қарор нахоҳад гирифт ва аз сӯи дигар хабарнигорон ба омодагии бештари ҳуқуқӣ дар бозтоби ин маъракаи сиёсӣ ниёз доранд.

Ҳамон гуна ки хоси журналистони расонаҳои мустақил аст, пурсидашудагон дар масъалаҳои марбути ба интихобот назари гуногун додаанд. Дар ҳоле ки сардабири нашрияи «Фараж», Хуршеди Атовулло, мегӯяд, натиҷаҳои интихобот аз пеш маълуманд ва онҳое, вакил хоҳанд шуд, ки ҳукумат баргузидааст, журналисти мустақил Раҷаби Мирзо бар ин аст, ки муҳимтарин масъалаи интихобот ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт хоҳад дошт. Агар намояндагони ин ҳизб ба порлумон роҳ ёбанд, ин чунин маъно хоҳад дошт, ки ҲНИТ дар оянда низ дар саҳнаи сиёсӣ хоҳад монд. Вале агар номзадҳои он ба порлумон роҳ дода нашванд, идомаи фаъолияти ҳизб зери суол хоҳад рафт ва мумкин аст, ҳатто ҲНИТ баста шавад.

Зиннатулло Исмоилов

Аммо мудири ширкати телевизионии «СМТ» Зиннатулло Исмоилов умедвор аст, ҳамаи номзадҳо ба гунаи фаъол вориди корзор хоҳанд шуд ва дар натиҷа беҳтарини онҳо ба порлумон роҳ хоҳанд ёфт. Журналисти Радиои Озодӣ Каюмарси Ато низ бар ин аст, ки «интихоботи оянда ором ва шаффоф хоҳад гузашт, вале мумкин аст, натиҷаҳои он аз интизориҳои мо фарқ кунанд.»

Хабарнигори нашрияи «Фараж» Фазлиддин Хоҷаев гуфтааст, ба порлумон ба ғайр аз аъзои ҳизби ҳоким 2-3-нафарӣ аз ҳизбҳои дигари кишвар роҳ дода хоҳанд шуд ва хабарнигори Радиои Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ гумон дорад, ки интихобот чизеро дар кишвар дигар кунад.

НАҚШУ САҲМИ ЖУРНАЛИСТОН

Танҳо бозтоби ҳаводис ё ширкати фаъолонатар? Ин суол посухдиҳандагонро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, басҳро сари вожаи «ширкат» доғ намудааст.
Зиннатулло Исмоилов гуфтааст, ҳарчанд кори журналистон дар давраи интихобот асосан ба инъикоси маърака тамаркуз дорад, онҳо ҳамчунин, тибқи дастури КМИРТ ҳаққи ширкат дар онро доранд, вале боз ҳам ин ширкат бо бозтоюи ҳаводис маҳдуд мешавад. Журналистонро ба маросими шумориши раъйҳо ва таҳияи протоколи раъйдиҳӣ роҳ намедиҳанд.

Хуршеди Атовулло

Ба ақидаи Хуршеди Атовулло ширкати журналистон дар интихобот чи ба сифати хабарнигор ва чи ҳамчун номзад чизеро дигар намекунад. Раҷаби Мирзо мегӯяд, журналистон ба ҳавзаҳое таваҷҷӯҳ хоҳанд кард, ки дар онҳо ҳампешагонашон номзад шуда бошанд. Чунончӣ, дар соли 2005 бисёриҳо ба ширкати журналист Муаттара Ҷӯраева рағбат доштанд ва дар соли 2010 ба ширкати журналист Саймуддин Дӯстов.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар интихоботҳои гузашта журналистон хеле зиёд аз қонуншиканиҳо хабар додаанд, вале чунин матолиби онҳо пайомаде надоштааст.

Ба ақидаи Зинатулло Исмоилов, нақши журналистон дар интихобот замоне қавитар буда метавонист, агар онҳо дар шумориши оро ва таҳияи протоколи натиҷаҳои интихобот ширкат дошта бошанд. «Ин аз як сӯ худи журналистонро ба интихобот шавқманд мекунад ва сониян, имконияти тақаллуби натиҷаҳои раъйдиҳиро аз байн мебарад.»

Ганҷинаи Ганҷ дар ин назархоҳӣ гуфтааст, журналистон бояд ба ҳамаи асноду ҳуҷҷат ва маълумоти марбут ба интихобот дастрасии комил дошта бошанд. «Қонуншиканиҳо дар тамоми давраи маърака ба амал меоянд, аммо журналистон одатан дар бораи хилофкориҳои рӯзи раъйдиҳӣ менависанд ва ба онҳо тамаркуз мекунанд.»

ДАРХОСТ АЗ МАҚОМОТ

Ба ғайр пешниҳоди шоҳид шудан дар раванди шумориши оро ва таҳияи протоколи натиҷаҳои интихобот посухдиҳандагон ба суолҳои Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд, ки матолиби марбут ба қонуншиканиҳоро ҷиддӣ гирад ва аз пайомади онҳо ҷомеаро дар ҷараён гузорад.

Фазлиддина Хоҷаев мегӯяд, шояд фурсати он расидааст, ки шеваи ширкати журналистон дар интихобот дар қонунгузорӣ мушаххас шавад ва агар чунин бандҳои қонун вуҷуд надошта бошанд, ба қонунҳои мавҷуда илова ва тағйир ворид гардад.

Зинатулло Исмоилов хостори ин шудааст, ки ҳукумат барои ҳамаи номзадҳо қатъи назар аз мансубияти ҳизбии онҳо шароити баробар фароҳам орад, то, барои намуна, масъалаҳое монанди надодани толор барои анҷумани пешазинтихобботӣ ба миён наояд.

Раҷаби Мирзо

Аз нигоҳи Раҷаби Мирзо ҳукумат бояд риояи Қонуни интихоботи порлумони Тоҷикисторо таъмин кунад. «Ҳамеша ваъда мешавад, ки интихобобт қонунӣ ва шаффоф ҷараён хоҳад гирифт, аммо ин ваъда ба иҷро намерасад. Иҷрои қонун дар навбати худ фазои нобовариро аз байн мебарад,» -- меафзояд Раҷаби Мирзо. Вай аз фазои сокити маърака нороҳат аст ва мегӯяд, «чунин фазо метавонад хатарнок низ бошад ва аз он нерӯҳое истифода кунанд, ки интизори фурсатанд, ҳатто нерӯҳои иртиҷоӣ.»

Хуршеди Атовулло мегӯяд, интихобот дар Тоҷикистон танҳо дар рӯйи коғаз сурат мегирад ва шояд пешниҳоди он дуруст бошад, ки порлумони дупалатаии кишвар барҳам дода шуда, маблағи нигаҳдории он ба буҷаи давлат равона гардад. «Дар ҷои он як гурӯҳи 7 ё 8-нафараи қонундонҳо кофист, ки қонунҳоро таҳия ва барои имзо ба президент пешниҳод кунад."