Омодагӣ ба размоиши густурдаи низомӣ бо ҷалби 50 ҳазор нафар

Вазорати дифои Тоҷикистон аз баргузории размоиши густардаи муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Русия дар панҷ размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави вилояти Хатлон хабар додааст.

Фаридун Маҳмадализода, сӯхангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 2 март хабари баргузории размоиши муштараки неруҳои Русия ва Тоҷикистонро тасдиқ карда ва гуфт, ки “маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётҳои фаврӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо ширкати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, низомиёни Русия ва ҳамчунин нерӯҳои захиравии Горди Миллӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ аз 15 то 20 март сурат мегирад”.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадализода, макони баргузории размоиши муштараки маҷмӯъӣ размоишгоҳҳои “Лоҳур”, “Сумбула”, “Мумирак”, “Ҳарбмайдон” ва Ҳалқаёр” дар қаламрави вилояти Хатлон будааст, ки дар он ҳудуди 50 ҳазор сарбозу афсар ва нерӯҳои захиравии Горди Миллӣ ва низомиёни пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон дар он ширкат хоҳанд кард.

Фаридун Маҳмадалиев

Дар ин машқҳои низомӣ аз техникаву муҳимоти ҷангӣ, зиреҳпӯшҳо ва ҷангандаҳо низ истифода хоҳад шуд. Ҳамзамон,Фаридун Маҳмадализода мегӯяд, шумораи техникаву муҳимоти низомӣ барои ширкат дар ин машқҳо аввали ҳафтаи оянда мушаххас хоҳад шуд.

Ҳадафи аслии ин машқҳо, мубориза алайҳи терроризм ва андешидани чораҳои амалӣ барои муқобила дар ҳолатҳои зарурӣ алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва террорист унвон мешавад.

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва коршиноси масоили амнияти минтақавӣ мегӯяд, таҳаввулоти ахир дар минтақа, ба хусус ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” дар манотиқи шимоли Афғонистон, зарурати андешидани чораҳои зидди терористӣ аз ҷониби Тоҷикистонро бештар мекунад.

Ҳарчанд ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, ин гуна размоишҳо барномарезишуда аст, аммо мавзӯи таъмини суботу амният дар Тоҷикистон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои қудратии ин кишвар маҳсуб меёбад. Хоса дар шароити феълии фаъол шудани гуруҳҳои мусаллаҳ ва террорист дар қаламрави Афғонистон ва эҳтимоли хатару таҳдид онҳо ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ин коршиноси тоҷик сабаби бештар гардидани неруҳо дар размоиши фарогири қарибулвуқӯъ дар ҷануби Тоҷикистон ва ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳ барпо шудани онро саривақтӣ ва муҳим медонад ва мегӯяд, омодагии ҳар чӣ бештари нерӯҳо ва сохторҳои қудратӣ ва ба хусус нерӯҳои захиравӣ ва намояндагони мақомотҳои давлатии маҳаллӣ ба нафъи суботу амният хоҳад буд ва омили ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолии гурӯҳҳои тахрибкор аст. Аз сӯи дигар ин коршинос мӯътақид аст, ки неруҳои Тоҷикистон ва Русия бори дигар қудрату тавоноии низомӣ ва омодагии ҷангии худро дар мубориза алайҳи терроризм ба намоиш мегузорад, ки метавонад ниятҳои шуми гурӯҳҳои тахрибкорро аз байн барад.

Ҳамин тавр ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ хоҳад буд, ки на танҳо сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва низомиёни пойгоҳи 201-и Русия, балки аз нерӯи захиравии Горди Миллӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ истифода хоҳад шуд.

Соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд. Бузургтарини ин гуна размоиш моҳи марти соли гузашта дар ҷануби Тоҷикистон, минтақаи назди марзӣ бо Афғонистон бо ширкати беш аз 30 ҳазор баргузор шуда буд. Ба иттилои Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин размоиш аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт ва дигар техникаи ҷангӣ истифода шуда буд. Дар доираи размоиши “Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душмани эҳтимолӣ санҷида шуд.

Ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз буда ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати Исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад. Ба ин далел баргузории размоиши фарогир дар размоишгоҳҳои ҷануби Тоҷикистон бесабаб нест ва як бори дигар ҳолати омодабошии нируҳои низомӣ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти давлатӣ ба манзури муқобала бо хатарҳои эҳтимолӣ санҷида хоҳад шуд. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад.

Тибқи иттилои масъулони вазорати дифоъ дар моҳҳои оянда дар қаламрави вилоятҳои Суғду Бадахшон ва навоҳии атрофи Душанбе низ баргузории размоиши фарогир дар назар аст, ки теъдоди ширкаткунандагон дар он дар муқоиса ба солҳои пеш ба маротиб бештар хоҳад шуд.