Амрико аз Тоҷикистон хостааст, ки аз фишори афзоянда болои пайравони дини ислом ва таъқиби намояндагони исломи сиёсӣ худдорӣ кунад. Ба навиштаи нашрияи муътабари "Вошингтон Пост", ин мавзӯъро Ҷон Керрӣ -- вазири умури хориҷии Амрико дар суҳбати рӯзи 3 ноябраш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар миён гузоштааст. Ӯ гуфтааст, Амрико аз талошҳои Тоҷикистон барои саркӯби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ҷонибдорӣ мекунад, аммо мехоҳад, ин муборизаҳо бо риояи ҳуқуқи башар ва озодиҳои динӣ анҷом бишавад.
Як рӯз пештар аз омадани Ҷон Керрӣ ба Тоҷикистон Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико низ мақомоти Тоҷикистонро "барои талошҳои назорат бар фаъолиятҳои мазҳабӣ" танқид карда, аз Ҷон Керрӣ хоста буд, ин масъаларо бо мақомоти тоҷик матраҳ намояд. Ин комиссия мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, боздошти ҳудуди 200 фаъоли ин ҳизб ва иддаоҳо дар мавриди истифодаи шиканҷа дар қиболи афроди боздоштшудаи ҲНИТ-ро аз ҷумлаи талошҳои Тоҷикистон унвон кардааст.
Ҷорҷ Роберт, раиси Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ дар Амрико мегӯяд, саркӯб шудани фаъолони мӯътадил ва мустақили дини ислом на ба коҳиш, балки афзоиши тундгароӣ дар ҷомеа мунҷар (сабаб) хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, вазъи ҳуқуқии озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар пайи иҷрои Қонуни озодии виҷдон дар соли 2009 бадтар шуд, ки ин қонун сабти номи ҳатмии ҳамаи гурӯҳҳои мазҳабӣ, назорати давлтаӣ ба мундариҷа, нашр ва вуруди куллияи матолиби диниро тақозо мекунад.
Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ мегӯяд, дар тӯли шаш соли охир, яъне аз замони ба иҷро даромадани қонуни озодии виҷдон дари даҳҳо масҷид баста ва ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил шудаанд. Ин созмон аз тахриби чанд масҷид ҳам хабар дода афзудааст, ки мақомот бо таъини маош ба имом-хатибон пеши роҳи амри маъруфи имомони мустақил дар масоҷидро гирифта, бештар ба мавъизаҳое иҷоза доданд, ки аз сӯи мақомот таҳия ё машварат дода мешавад.
Вале мақомоти Тоҷикистон чунин иддаоҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, талоши онҳо на мубориза бо пайравони ислом, балки бо афроди тундгарост, ки қасди хароб кардани сохти конститусионии Тоҷикистонро доранд. Онҳо дар чунин маврид бештар аз чопи китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, баргузории ҷашни Имоми Аъзам ва ҳамин тавр фаъолияти садҳо масҷид дар қаламрави кишвар ёдоварӣ мекунанд ва мегӯянд, тасаввури ин ки гӯё мақомот бо пайравони ислом душманӣ доранд, хатост.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 3 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “агар баҳои ин созмон шаффоф ва беғаразона мебуд, чаро дар мавриди теъдоди масҷидҳои биношуда ва бақайдгирифта чизе наомадааст?”
Вай дар идома нигаронии Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабии Амрико дар мавриди гӯё манъи рафтани хидматчиёни давлатӣ ба намози ҷумъаро низ бепоя хонд. Афшини Муқим гуфт, “манъи намози ҷумъа дар ҳеч қонуни Тоҷикистон наомадааст ва он кори инфиродии ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар як корхона ҳам талаботи худро дорад. Масалан, дар соати корӣ бояд корманди муассиса дар ҷои кор бошад ва амсоли ин. Аммо ҳеч як қарор ё дастур ҷиҳати манъи иштироки кормандони ниҳодҳои ҳукуматӣ дар намозҳои ҷумъа ба тасвиб нарасидааст.”
Бо ин ҳол, аз соли 2012 Комиссияи байнулмилалии озодиҳои мазҳабии Амрико тавсия дода буд, ки Тоҷикистон ба далели қонунҳои хашин ва сиёсати маҳдудсозии озодиҳои динӣ дар чорчӯби Санади байнулмилалии озодиҳои мазҳабӣ “кишвари махсусан нигаронкунанда” унвон шавад.