Йоҳанн Бир, масъули масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” аз Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ даъват кард, ки дар дидору гуфтугӯҳояш бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон масъалаи фишор болои озодии баёнро матраҳ кунад. Ҷон Керрӣ қарор аст дар чаҳорчӯби сафараш ба минтақа, рӯзи 2 ноябр вориди Душанбе шуда, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.
Мақомот таъкид мекунанд, ки мавзӯи сӯҳбатҳо - вазъи амниятии минтақа ва таҳдиди гурӯҳҳои мусаллаҳи мустақар дар Афғонистон ба марзҳои ОМ хоҳад буд. Вале фаъолони озодии баён аз ҳоло аз мақоми баландпояи амрикоӣ даъват мекунанд, ки дар баробари ин масоил, матраҳ шудани масъалаи саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон фаромӯш нашавад. Йоҳанн Бир, муҳаққиқи вазъи матбуоти Осиёи Марказӣ дар як изҳороти видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон тамоюли хатарноки фишор болои матбуоти озод мушоҳида мешавад ва ин тамоюл паёмадҳои нохубе барои ояндаи ин кишвар дорад.
Ба эътимоди оқои Бир, як бахше аз масоили мавриди баҳси Ҷон Керрӣ бо мақомоти Тоҷикистон бояд ҳатман мавзӯи фишор болои матбуоти озод бошад. Вай гуфт, Тоҷикистон дар индекси озодии баён миёни 180 кишвар дар мақоми 116-ум қарор дорад. "Шояд як намунаи рӯшани афзоиши сонсур дар ду соли охир ин ба таври афзоянда, пайваста ва систематик баста шудани вебсайтҳои хабарии мисли Радиои Озодӣ ва ё “Азия-Плюс” мебошад. Ҳамроҳ бо онҳо шабакаҳои умдаи иҷтимоӣ ҳам баста мешуданд. Дар моҳҳои июн ва август Фейсбук ва Ютюб баста шуд. Кори хадамоти СМС дар моҳи сентябр барои як муддат қатъ гардид. Ин рӯзҳо сайти Радиои Озодӣ ҳамоно баста боқӣ мемонад. Мо бо арзи эҳтиром ба ҷаноби Керрӣ, аз ӯ тақозо мекунем, ки нигарониҳои худро дар ин замина матраҳ кунад ва аз мақомот талаб кунад, ки дастрасӣ ба ин вебсайтҳоро дубора имконпазир гардонанд”, гуфт Йоҳанн Бир.
Ин масъули созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ҳамчунин аз мурофиаҳои афзояндаи додгоҳӣ бо иштироки журналистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки додгоҳи Аминҷон Гулмуродзода ва ба ду соли зиндон маҳкум шудани ӯ, хеле осемасарона буд. Йоҳанн Бир мегӯяд, дар Тоҷикистон журналистон ҳар чи бештар мавриди таҳдиду тарс қарор мегиранд ва фишори хадамоти махсус дар кори ҳамарӯзаи онҳо эҳсос мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоми 28 октябр дар Ню-Йорк Кумитаи ҳимояи хабарнигорон аз вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ хост, ки ҳангоми сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишор ба расонаҳои мустақилро матраҳ кунад. Дар номае ба унвони раҳбари Департаменти давлатӣ, ки дар охири моҳи октябру оғози ноябр аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон дидан кунад, фаъолон хостанд, ки ӯ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро, ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд, тақозо кунад."
Дар номаи Кумитаи ҳимояи журналистон аз 28 октябр гуфта шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва қатл қарор мегиранд.