Шеърхонии кӯдакон назди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафарҳояш ба минтақа солҳост ба як расм табдил ёфтааст.
Моҳҳо пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро барои шеърхонӣ омода мекунанд.
Хуш омадӣ бобои мо,
Эй, бо қадам пешвои мо.
Бобо, биё ба хони мо.
Обод шуда маъвои мо.
Ин порчаи шеърист, ки Ясминаи панҷунимсола пеш барои хондани он назди президенти кишвар омодагӣ медид. Масъулини ноҳия аз миёни кӯдакони як боғчаи маҳаллӣ ӯро барои шеър хондан назди раҳбари давлат интихоб карданд. Ӯ бояд бо либоси пизишкӣ шеър мехонд ва барои президенти кишвар сиҳҳативу саломатии бардавом орзу мекард.
Тамринҳои духтари ман ва орзуи кӯдакии ӯ барбод рафт. Кадом нафари "тағодор" духтари худашро ба ҷои духтари ман бурдааст
Аммо Басгул Қурбонова, модари Ясмина мегӯяд, рӯзи сафари президент ба ҷои духтари ӯ фарзанди як мансабдори маҳаллиро назди президент барои шеър гуфтан бурданд.
Ӯ гуфт: "Вақте президент омад, мо дар телевизион тамошо кардем, ки ба ҷои кӯдаки ман нафари дигар бо либоси табибӣ баромад кард. Тамринҳои духтари ман ва орзуи кӯдакии ӯ барбод рафт. Кадом нафари "тағодор" духтари худашро ба ҷои духтари ман бурдааст».
Ин зан мегӯяд, аз қабл барои фарзандаш либос омода карда буд ва давоми ин ҳама моҳҳои омодагӣ ба сафари президент ба минтақаи Кӯлоб ӯро барои тамрин мебурд. Ҳоло дар Тоҷикистон расм шудааст, ки чандин моҳ пеш ба сафарҳои президент ба минтақаҳо омодагӣ мегиранд. Дар ин омодагиҳо аз кӯдакони хурдсол то солмандон барои шеър гуфтану сухан рондан омода мешаванд.
Ҳарчанд, Ясмина назди президенти кишвар шеър нахонд, аммо даҳҳо наврас зимни сафари президент ба минтақаи Кӯлоб назди ӯ шеър хонданд ва рақсиданд.
Аммо дар ҳукумати Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нахостанд, кӯдакон аз роҳи дур омада, дар ҳавои гарм азоб кашанд, барои ҳамин, Ясминаро ба шеърхонӣ даъват накарданд. Аммо модараш мегӯяд, духтараш аз онки шеръхонии хубашро ба президент ва дигарон нишон дода наметавонад, дилшикаста шудааст. Ӯ Ясминаро тасаллӣ медиҳад, ки рӯзе мерасад ва ҳунарашро ҳама мебинанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шеърхонии кӯдакон дар назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми пешвоз дар ноҳияҳо чанд сол пеш роиҷ шуд ва то кунун идома дорад. Аммо дар як маврид дар соли 2013 Гулнигори шашсола аз Фархор, ки ӯ ҳам бояд шеър мехонд аз саф берун шуд ва ба президент шикоят кард, ки ӯ хунук хӯрдааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳам ӯро бағал кард ва ба мақомот гуфт, ки нисбат ба кӯдакон беинсофӣ накунанд. Ин духтари сесола аз аввалин нафароне буд, ки самимона ва бе риояти ҳеҷ гуна расмиёт аҳволи садҳо ҳамсолашро, ки дар сармову гармо соатҳо барои пешвози президент омодагӣ мегиранд, рӯйрост гуфт.