Қонуни ҷарима барои "бениқобӣ" ба иҷро даромад. Ҷонибдорон ва мухолифон чӣ мегӯянд? ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл баъди чоп дар "Ҷумҳурият", нашрияи расмии ҳукумат, ба иҷро даромад. Бино ба он, "дар шароити пайдо ва паҳн шудани беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад." Аммо рӯшан гуфта нашудааст, ки доштани ниқоб дар кадом маконҳо ҳатмист ва дар куҷо ихтиёрист.

Қонунӣ шудани ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм баҳси доғеро ба по кард. Гурӯҳе бовар доранд, «кори хуб шудааст», то мардум дар фикри саломати худу атрофиён бошанд.

Иддае дигар норозиянд, ки барои харидани ниқоби тиббӣ пули кофӣ надоранд ва ин тасмим ба мақомот барои ҷарима бастани сокинон ва ё гирифтани ришва «дастак» хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки ба навиштаи хонандае бо номи Ҷобиров дар Инстаграм, “маълум нест, мардум дар куҷо ниқоби тиббӣ дошта бошанд. Ё дар ҳар куҷо бе ниқоб диданд, ҷарима мебанданд?"

Ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ баъди беш аз ду моҳи эътирофи расмии коронавирус дар Тоҷикистон ба шакли қонун даромад. Бино ба тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд.

Корбаре, ки номашро нагуфтааст, дар сомонаи Радиои Озодӣ менависад: “Бо ин қонун мардум як умр ниқоб гирифта гарданд? Вазорати тандурустӣ бояд аз аввал вуҷуди бемориро пинҳон намекард. Баъдан аз ин беморӣ аллакай се моҳ гузаштаасту нав қонун қабул мекунанд? Ин қонун танҳо барои «ҳақ» ҷамъ кардан асту бас.»

Бархе аз шарҳнависон гуфтаанд, гап дар бораи таъйини ҷазо намеравад, гап дар бораи андозаи ҷарима аст, ки на ҳама имкони пардохташро доранд. Корбаре бе зикри номаш навиштааст, “мардуми бечораро ба ҳоли худаш гузоред, барои нон пул намеёбад, аз куҷо барои ниқобу пардохти ҷарима пул ёбад."

Чанде аз шарҳнависон мегӯянд, ҳанӯз бемории коронавируси нав аз байн нарафтааст ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва доштани ниқоби тиббӣ бояд ҷиддан риоя шавад. Ба навиштаи Рустам дар сомонаи Озодӣ, “таъини ҷарима барои надоштани ниқоби тиббӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз COVID-19 хуб аст. Як дафъа ҷарима карданд, маротибаи дуюм ҳушёр мешаванд. Солимии ҳар шахс ба худаш вобаста аст.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷонибдорон ва мухолифони ҷарима барои "бениқобӣ" чӣ мегӯянд?

Холназар гуфтааст, ӯ ҳам ҷонибдори чунин қонун аст, "зеро яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории коронавирус доштани ниқоб аст. Дигар ин ки ягон давлат ягон вақт ба зарари мардум қонун қабул намекунад."

Баъзе аз шаҳрнависон ин масъаларо дар миён гузоштаанд, ки чаро мақомот бахусус мардуми камбизоатро бо ниқобҳои тиббӣ таъмин намекунанд.

Хонандае бо номи Усмон гуфтааст: "Мани бекор дар ҳар ду соат ниқоби тиббиро аз куҷо ёбам? Агар ҷарима шавам, пули ҷаримаро аз куҷо ёбам? Ҳукумат аввал ҷойи кор ташкил кунад, ҷойи кор."

Дилмурод дар ҷавоб навиштааст, мақомот ба мардум ниқоби тиббӣ медиҳанд, вале онҳо мефурӯшанд. "Агар бемор шавед, ҳам аз назари молӣ ва ҳам равонӣ зарар мебинед. Ниқоби тиббӣ ҳамагӣ 2 сомонӣ аст ва ё худатон метавонед онро бидӯзед."

“Оffrahmat” ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шуда ва навиштааст, “танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ аз ниқоби тиббӣ истифода кунем. Вагарна мардум маҷбур мешавад аз ниқобҳои ифлос ба таври давомдор истифода кунад."

Шарҳҳо хеле зиёду гуногунанд. То ин дам дар зери ин хабар дар сомонаҳои тоҷикӣ ва русии Радиои Озодӣ беш аз сад шарҳ нашр шудааст. Агар шумо ҳам гуфтание доред, бинависед ё дар наворе сабт карда ба мо фиристед. Имову Телеграм ва Вотсапу Вайбер дорем. То барномаи дигар, Худо нигаҳдор!

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!