Низоъ бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ: Нигоҳ аз Душанбе

Камолуддин Абдуллоев

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Ҷумҳурии Қаробоғи Куҳӣ (солҳои 1923-1991 – вилояти Қаробоғи Куҳӣ) минтақаи на он қадар бузург буда, бо ноҳияи Ванҷи мо баробар аст. Бештари сокинони ин минтақаи кӯҳӣ арманиҳо ҳастанд ва он аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар ҳудуди Озарбойҷон ҷойгир аст.

Қаробоғ хонаи озариҳо низ ҳаст (асосан ноҳияи Шушин). Дар бораи он чӣ медонем? Аввал ин ки сокинони он ҳамватанони пешини мо ҳастанд. Зеро арманиҳо, озариҳо ва тоҷикон замоне як ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қабл аз он, ду ҳазор сол пеш, ҷузъи Эрони бузург (Эронзамин) буданд. Озариҳо аз нигоҳи фарҳанг эронӣ ва аз нигоҳи забонӣ турк ҳастанд. Дар ҳоле ки арманиҳо аз нигоҳи забонӣ ҳиндуаврупоӣ буда, гузаштаи эронияшон дар фарҳанги онҳо таъсири амиқ гузоштааст.

Армании Қаробоғӣ Сурен Шадунтс дар солҳои Шӯравӣ ҳамчун котиби аввали Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон расо ду сол – аз моҳи январи соли 1935 то моҳи январи соли 1937 – Тоҷикистонро раҳбарӣ кардааст. Гузаштаи муштараки таърихӣ дар фарҳанг инъикос шудааст. Мусиқии арманиву озарӣ ба дӯстдорони мақом ва сурудҳои лирикии муосир дар Тоҷикистон ошност.

Қаробоғ ватани Бобоев Андрей Аванесович, муаллифи машҳуртарин суруди ҶШС Тоҷикистон – “Ман бо духтаре вохӯрдам” (Я встретил девушку) дар асоси шеъри Мирзо Турсунзода аз филми ҳамном мебошад.

Шояд маҳз барои ҳамин дарки ин низоъ барои тоҷикон сахту мавқеъгирӣ дар он мушкилтар аст? Албатта, дар ин матлаб талош нашудааст, ки ба суоли мазкур посух гуфта шавад. Муаллиф танҳо кӯшиш кардааст, ки назари шахсии худро аз Душанбе ба ин мушкил баён намояд. Вале бо тартиб.

МУҚАДДИМА. ҚАФҚОЗ

Худи вожаи Қаробоғ аз калимаҳои туркии “қара” (сиёҳ) ва тоҷикии “боғ” гирифта шуда, бар он ишора мекунад, ки Эрон ва қабилаҳои турк дар гузаштаи ин минтақа нақши асосиро бозидаанд.

Қафқозро асосан ба Шимолӣ (Доғистон, Чеченистон ва воҳидҳои дигари маъмурии Русия) ва Ҷанубӣ (Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон) ҷудо мекунанд. Вале ин тафсири кӯҳнашуда аз даврони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Баъзан ба Қафқоз минтақаҳои ҳамсояеро аз Эрону Туркия рабт медиҳанд, ки сокинони он ҷойҳо қафқозӣ ҳастанд. Барои намуна, Арманистони Ғарбӣ аз асри 16 то соли 1923 як ҷузъи Империяи Усмонӣ буд. Оҷористони Гурҷистонро солҳои дароз Туркия идора мекард.

Дар Исфаҳон ва саросари Эрон аз замони қадим гурӯҳҳои бузурги гурҷиҳо, арманиҳо ва мардуми дигари Қафқоз ҷойгир буданд. Ба ҷуз аз ин, дар Туркия ҷомеаи бузурги қафқозиҳо зиндагӣ мекунанд, ки дар натиҷаи юриши Русия ба Қафқоз дар асри 19 ташкил шудааст.

Дар охири солҳои 1880 султони турк, ки мусулмонҳо ӯро халифа меҳисобиданд, дари империяро барои ҳамаи ҳамдиноне кушода эълон кард, ки кӯчидан мехостанд. Ба ҳисоби донишмандон, шумори умумии мусулмононе, ки дар миёнаҳои солҳои 1860 ва 1914 аз Русия ва Балкан ба Империяи Усмонӣ фирор карда буданд, ба 5-7 миллион мерасид. Бештари муҳоҷирон бо шарофати умумияти динӣ бо ҷомеае, ки вориди он шуданд, муваффақона айният пайдо карданд. Аммо бо вуҷуди ин, онҳо ба бадбахтие, ки болои сари ҳамватанони пешинашон омадааст, метавонанд вокуниши дардноке намоянд.

Ин пеш аз ҳама ба арманиҳо рабт дорад, ки дар натиҷаи қатли оми солҳои 1914-1917 осеб дида буданд. Он ҳодисаҳои фоҷиабор ба зуҳури ҷамъияти миллионнафарӣ дар Ховари Миёна ва Аврупо сабаб шуда буданд. Анкара рух додани қатли омро рад карда, мегӯяд, хушунаткориҳо тавассути “арманиҳои хоине” барангезонда шуданд, ки ошӯб барпо карда, аз Русия ҷонибдорӣ менамуданд.

Русия он замон бо Туркия ва Олмон дар ҳолати ҷангӣ қарор дошт. Дар зимн, инро ҳам бояд қайд кард, ки қатли оми арманиҳоро генерали турк Анвар Пошо ҳамроҳ бо ҷонибдоронаш ташкил карда буд, ки артиши босмачиёнро фармондеҳӣ мекард ва моҳи августи соли 1922 дар Балҷувон бо сарбозони Артиши Сурх дарафтод.

Вале инҷо ба шиносоии Қафқоз ҳамчун минтақа идома медиҳем. Қафқоз баръакси Осиёи Марказии бисёрфирқаии туркӣ-тоҷикӣ, ки иборат аз панҷ кишвари мустақили мусулмоннишин аст, бо рангорангии зиёди худ, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи динӣ-фарҳангӣ фарқ мекард. Бахусус, кишвари Ставрополи Русия, ҷумҳуриҳои худмухтори мусулмоннишини Қафқози Шимолӣ, давлатҳои мустақили Қафқози Ҷанубӣ, ки бузургтарин ва сарватмандтарини онҳо Озарбойҷони мусулмоннишин мебошад.

Худи вожаи Қаробоғ аз калимаҳои туркии “қара” (сиёҳ) ва тоҷикии “боғ” гирифта шуда, бар он ишора мекунад, ки Эрон ва қабилаҳои турк дар гузаштаи ин минтақа нақши асосиро бозидаанд. Таърихи навини Қафқоз аз рақобатҳои Империяи Усмонӣ ва Эрон сар карда, то асри 16, замони омадани русҳо идома ёфтааст.

Аз роҳу хонаҳои вайрона то пинҳонгоҳ. Зарбаи сахти ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба ғайринизомиён. АКС

Ба ғасби онҳо ибрози алоқаи подшоҳи рус барои пуштибонӣ аз масеҳиёни Қафқоз аз ҳуҷумҳои Эрону Туркия сабаб шуд. Чеченҳо ва доғистониҳо – Шайх Мансур ва Имом Шомил баръакс зидди Русия дар асрҳои 18-19 муқовимат карданд. Онҳоро идеяи ҷиҳод муттаҳид сохта буд, ки боиси паҳн шудани дини ислом ба дурдасттарин авулҳо шуд. Бояд гуфт, ки ҷустуҷӯи Русия барои ёфтани ҳампаймон дар миёни масеҳиёни Қафқоз муносибатҳоро миёни сокинони ин минтақаи гуногунранги қавмӣ-мазҳабӣ ба ҳам зад.

Агар Қафқозро тахтаи бозии шоҳмот фарз кунем, пас шумори онҳое, ки мехостанд дар ин майдон бозӣ кунанд, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ афзоиш ёфт. Нуфузи Русия ба Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ оҳиста-оҳиста коҳиш меёбад. Ҳарчанд ин нуфуз ҳанӯз ҳам сахт асту бозигаре дар сатҳи он дар минтақа мавҷуд нест.

Эрону Туркия ба сафи онҳое, ки майли бозӣ дар ин майдонро доранд, пеш аз ҳама пайвастанд. Дақиқтараш онҳо баъд аз як муддати кӯтоҳи ғоибӣ аз нигоҳи таърихӣ дубора ба Қафқоз баргаштанд. Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Чин низ дар пайи манфиатҳои худ дар минтақа ҳастанд. Минтақа аз нигоҳи геополитикӣ тақсим шудааст. Арманистон ҳамеша аз ҳимояти бузурги Русия бархӯрдор аст (Ёдрас мешавем, дар Арманистон низ ба монанди Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия ҷойгир аст). Дар ҳоле ки Озарбойҷон ба худкифоӣ талош дошта, бисёрсамтиро дар бахши сиёсати хориҷии худ ҳифз менамояд.

Гурҷистон пинҳон намедорад, ки мехоҳад, ҷиҳатгирии ғарбиро нигаҳ дошта, ҳамчунин мустақилона тасмим бигирад, ки бо кӣ дӯстӣ хоҳад кард. Он ба хотири низои мусаллаҳона бо Русия дар соли 2008 Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро аз даст дод. Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия ба “як гуруҳ” шомил мешаванд, бахусус агар гап сари иҷрои лоиҳаҳои рушди шабакаи ҳамлу нақл ё хатҳои лӯла биравад. Арманистон, Эрон ва Русия дар навбати худ зидди ин лоиҳаҳо ҳастанд.

Эрон, ки дар ин ҷанг мавқеи бетарафиро пеш гирифта буд, ноком монд. Зеро Озарбойҷон дар натиҷаи ҷанг назорати марзи Эрон бо Арманистонро ба дасти худ гирифта, дастрасии Теҳронро на танҳо ба он кишвар, балки дар умум ба Қафқоз баст.

Чаро Эрони исломӣ бо Русия ва Арманистон дар як гуруҳ ҷой гирифтааст? Зеро Эрон нигарон аст, ки ташкили давлати нерӯманду мустақили Озарбойҷон метавонад рӯҳияи ҷудоихоҳиро дар миёни ақаллиятҳои озарии он ки ҳудуди 20 миллион нафар – ду баробар бештар аз аҳолии Озарбойҷон шумурда мешавад, афзоиш хоҳад дод (Ёдрас мешавем, ки маҳз ҳамкориҳои Эрону Русия дар имзои созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон дар солҳои 1994-1997 нақши калидӣ бозида буд).

Теҳрон бо дидани бозиҳои раҳбарони Озарбойҷон бо идеяҳои пантуркии бархоста аз Анкара ба ҳамкории зич бо Арманистон дар низои ибтидои солҳои 90-ум барои Қаробоғ талош мекард. Ин дар ҳолест, ки Озарбойҷон як кишвари бародари шиамазҳаб аст. Ба ин тартиб, дар Қафқози бузург ду блок ба вуҷуд омад: ғарбгаро – иборат аз Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Иттиҳоди Аврупо ва ғайриғарбии муташаккил аз Русия, Арманистону Эрон.

Агар дар бораи сохтори дохилӣ ва самтҳои сиёсӣ суҳбат кунем, пас, дар Гурҷистон ва Арманистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолшавии шаҳрвандон мушоҳида шуда, режимҳо иваз гаштанд ва ҳаракатҳо ба самти кишвари бозу демократӣ ҷараён доранд. Дар ҳоле ки дар Озарбойҷон тамоюлҳои худкомагӣ тақвият меёбад. Вале дар пасманзари баргаштани Қаробоғ боварии озарбойҷониҳо ба президент Илҳом Алиев афзоиш меёбад ва феълан дар ҷомеа дархостҳо барои тағйири режим мушоҳида намешавад.

Чаро Қаробоғи Куҳӣ сарфи назар аз он ки сокинонаш арманиҳо ҳастанд, ба Озарбойҷон тааллуқ дорад?

Арманиҳо Қаробоғро Артсах меноманд. Дар водӣ ва кӯҳҳои он беш аз 3500 дайр, калисо ва қабристони аслии арманиҳо мавҷуд аст. Ҳамчунин ёдгориҳои томасеҳӣ ва исломӣ низ ҳаст, аммо камтар. Ба ин ҳама нигоҳ накарда, таърихнигорони озарӣ ҳамаи ёдгориҳои армании Артсах, аз ҷумла савмааи асри 13 – Дадивакро ба Албанияи Қафқоз нисбат медиҳанд.

Номи форсии Албанияи Қафқоз Арран аст ва онро набояд бо Албанияи воқеъ дар Балкан омехта кард. Ин яке аз қадимитарин давлатҳои Қафқози Шарқӣ аст, ки дар соҳили баҳри Каспий ва поёноби дарёҳои Арасу Кура ҷойгир ва аз асри 4 то асри 8 мавҷуд буд. Сокинони он қабилаҳои омехта буданд. Таърихнигорони озарӣ мегӯянд, албаниҳо хеле пеш аз арманиҳо дар минтақа пайдо шуда буданд ва ҳатто албаниҳоро турктабор меноманд. Вале бостоншиноси даниягӣ Карстен Палудан-Мюллер (Carsten Paludan-Müller) ин назарияро беасос номидааст.

САБАБИ АСОСИИ НИЗОИ ҚАРОБОҒ ЧӢ АСТ?

Баъзе аз нозирон мегӯянд, низои мазкур решаи амиқи таърихӣ дорад. Ба назари Карстен Палудан-Мюллер, Туркия дахолати Аврупо ва Русияро, ки ба арманиҳову юнониҳои православ ёрӣ карданд, таҳқире меҳисобад, ки набояд фаромӯш карда шавад. Бино ба гуфтаи муаррих, озарбойҷониҳо низ ин нигарониро доранд.

Назари дигар низ ҳаст. Ба андешаи Томас де Ваал, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари бритониёӣ, решаи низои Қаробоғ на аз бадбинии таърихӣ ва хусумати қадимӣ миёни арманиҳову озариҳо, балки аз сиёсати Шӯравӣ об мехӯрад. Болшевикҳо соли 1923 бо иродаи қавӣ тасмим гирифтанд, ки дар ҳудуди Озарбойҷон вилояти худмухтори Қаробоғи Кӯҳиро ташкил кунанд. Сарфи назар аз он ки дар он арманиҳо бартарӣ доранд. Ба назари де Ваал, тасмими мазкур на ба хотири ҷанг андохтани ду мардум, балки бо сабабҳои иқтисодӣ гирифта шуд. Ин тасмим манъ ё сарчашмаи ноамнии дуҷониба ва машаққати ҳар ду тарафи низои имрӯз гашт.

Мавқеи де Ваал барои ман ҳамчун таърихнигор наздиктар ва қобили дарк аст. Дар ҳақиқат, сиёсати марзбандии миллии Шӯравӣ тавре тарҳрезӣ шуда буд, ки ягон ҷумҳурӣ аз ҷиҳати қавмӣ набояд якхела бошад. Барои намуна, черкесҳо ва қабардиниҳо, ки дар асл як миллатанд (адигеяҳо) дар ду ҷумҳурӣ - Карачаево-Черкесия ва Қабардино-Балкар ҷой дода шудаанд. Бар иловаи ин, дар Русия ҷумҳурие ҳаст, ки Адигея ном дорад. Зоҳиран ҳукумати Шӯравӣ нахост, черкесҳои саркашро дар як ҷумҳурӣ муттаҳид кунад, вагарна дар харита давлати дигаре ба андозаи Озарбойҷон ва Гурҷистон пайдо мешуд.

Карачаевҳо ва балкариҳо дар навбати худ мардуми турктабор ҳастанд ва мантиқан онҳоро мешуд, дар як ҷумҳурӣ ҷамъ овард. Дар ин сурат бар иловаи Озарбойҷон дар Қафқоз як ҷумҳурии дигари туркзабон ташкил мешуд.

Ба ибораи дигар, ҳудуди сиёсӣ ва маъмурӣ аз рӯи беандешагӣ ва ё бо мақсадҳои ҷиноӣ тақрибан на ҳамеша бо этно-фарҳангӣ рост меомад. Ин вазъи фоҷиабор барои тоҷикон хуб ошно аст. Осиёи Марказӣ ва Қафқозро, ки халқҳои гуногун дар он, бахусус дар шаҳрҳои бузург (Боку, Тифлис, Самарқанд, Бухоро) ва водиҳои дорои заминҳои ҳосилхезу обҳои фаровон (дар навбати аввал Фарғона ва Зарафшон) канори ҳам зиндагӣ мекунанд, беҳтар буд ба монанди Амрико ба марзҳои маъмурӣ ҷудо карда, ба минтақаҳо (вилоят ва иёлат) ҳуқуқи зиёд дода мешуд, то шаҳрвандон мушкили тақсимоти об, замин, бунёди зербиноӣ ва нигоҳбини ёдгориҳои таърихиро якҷоя ҳал мекарданд. Хонандаи тоҷик шояд дар ин замина низои Ворухро ба ёд орад, ки ҷони даҳҳо нафарро рабудааст ва эҳтимол низ дорад, ки ҷони чандин тани дигарро ҳам рабояд. Зеро сабабҳои низоъ ҳанӯз ҳам бартараф нашудаанду ҳамоно вуҷуд доранд.

Ҳамин тавр, муайян кардани ҳудуди маъмурӣ дар солҳои 1924-1936 на “табартақсим”, балки “байниқавмӣ” буд. Тавре маълум шуд, он низоъҳои шадидеро маҳз дар заминаи қавмӣ дар пай доштааст. Ҷуброни ин тақсимотро наслҳои баъдӣ бо тахриби хонаҳо, ҷони ҷавонон, занону кӯдакон ва пиронсолони бегуноҳ пардохт мекунанд. Мероси сохтори ҳудудии Шӯравӣ, ки баъди худ анклав, экслав, марзи нодуруст ва ирридентҳоро (мардуме, ки дар як кишвар зиндагӣ мекунанд, вале майли баргашт ба кишвари аҷдодии худро доранд) боқӣ гузошт, аллакай даҳсолаҳо аст, ки қурбонӣ медиҳад.

ҶАНГ БАРОИ ҚАРОБОҒ

Миллатгароӣ ва ҷанг бо ҳам алоқамандии зич доранд. Вале арманиҳои Қаробоғ ҷангро намехостанд, онҳо ташнаи адолат ва худмуайянкунӣ буданд. Онҳо дар соли 1988 бо истифода аз бозсозиҳо гуфтанд, ки мехоҳанд аз ҳайати Озарбойҷони Шӯравӣ берун шуда, ба Арманистон бипайванданд. Ин чиз боис ба хунрезиҳо миёни ду халқ шуд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ин низоъро ба ҷанги ошкоро миёни ду давлати мустақили миллӣ табдил дод. Ин ҷанг миёни Озарбойҷону Арманистон барои Қаробоғ буд. Он дар таърих ҳамчун Ҷанги аввали Қаробоғ сабт шудааст. Боку ҳақиқати худро дошт. Он барои ҳифзи тамомияти арзии худ зидди ҷудоихоҳон меҷангид.

Бо назардошти таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар навбати аввал на ба масъалаҳои низомию сиёсӣ, балки ба масоили башардӯстона бояд диққат дод.

Баъди се соли ҷанг ва кушта шудани 20 ҳазор одам арманиҳо пирӯз гаштанд ва созишномаи сулҳ имзо шуд. Нерӯҳои Арманистон дар соли 1994 на танҳо Қаробоғи Куҳӣ, балки ҳафт ноҳияи ҳамсояи Озарбойҷонро қисман ё пурра ишғол карданд, ки фоҷиаи инсониро дар пай дошт. Зеро онҳо беш аз ним миллион озарбойҷониро аз хонаҳояшон бадарға карданд. Озарбойҷон дар натиҷаи он ҷанг аз панҷ як ҳиссаи қаламравашро аз даст дод.

Раҳбарони Арманистон дар аввал гуфтанд, ки ин ноҳияҳоро муваққатан ишғол кардаанд, вале бо гузашти вақт фаҳмонданд, ки нияти баргардонидани заминҳоро надоранд. Онҳоро заминҳои “озодшуда” номида, дар хонаҳои озарбойҷониҳо 17 ҳазор арманиро маскун карданд. Ин хатои марговари онҳо буд. Зеро ҷомеаи байналмилалӣ ба таври ошкор ишора кард, ки Қаробоғи Куҳӣ расман як ҷузъи Озарбойҷон аст, низомиёни Арманистон бояд берун бурда шаванд ва ҳама гуна тағйири марзҳои Озарбойҷон бояд аз тариқи гуфтугӯ сурат бигирад.

Дар ниҳоят, рӯзи 27-уми сентябри соли 2020 ҷанги дувуми Қаробоғ оғоз шуд ва арманиҳо бо додани 2 ҳазору 400 қурбонӣ шикаст хӯрданд. Тибқи созишномаи сулҳе, ки бо миёнравии Русия 10-уми ноябр имзо гашт, арманиҳо маҷбур шуданд, на танҳо ҳафт ноҳияи худи Озарбойҷон, балки шаҳри Шушӣ ва як қатор ноҳияҳои Қаробоғи Кӯҳиро ҳам диҳанд. Ҳамаи харитаи Қафқози Ҷанубӣ дар давоми чанд соат аз нав кашида шуд.

Бар асоси созишнома, Туркия, ки дар ҷанг барои Қаробоғ Бокуро фаъолона дастгирӣ намуд, метавонад нерӯҳои худ, хидматчиёни ҳарбии НАТО-ро барои назорати вазъ дар ноҳияҳои Қаробоғ дар Озарбойҷон ҷойгир кунад.

Агар ин имкон даст диҳад, Анкара дер ё зуд аз Боку ба минтақаи васеъ ва бойи воқеъ дар остонаи Чину Ҳинд, суннимазҳаб, пеш аз ҳама дорои аксарияти туркзабон – Осиёи Марказӣ, ки дер боз орзуи президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон (ва қабл аз ӯ Анвар Пошо) аст, чашм “ало” хоҳад кард.

Эрон, ки дар ин ҷанг мавқеи бетарафиро пеш гирифта буд, ноком монд. Зеро Озарбойҷон дар натиҷаи ҷанг назорати марзи Эрон бо Арманистонро ба дасти худ гирифта, дастрасии Теҳронро на танҳо ба он кишвар, балки дар умум ба Қафқоз баст. Тавре дида мешавад, “дуэти туркӣ” форсҳоро на танҳо аз минтақае берун мекунад, ки ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиниён идора мекарданд, балки метавонад эҳтирому боварии 20 миллион эрониҳои озарбойҷониро ба даст орад, ки аз мавқеи Теҳрон норозӣ буда, ба Еревану Маскав мадад карда буданд.

Ин вазъ наметавонад нороҳатиҳоеро дар Душанбе ба бор наорад. Ҳарчанд акси дар Интернет нашршудаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар даромадгоҳи масҷиде дар Ағдам, ки аз сӯи арманиҳо вайрон шуда буд, аллакай ҳусни таваҷҷуҳи ҳамаи мусулмонҳо, аз ҷумла эрониҳо ва тоҷикистониҳоро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто Илҳом Алиевро “муҷоҳид” номидаанд.

Хулоса, мо дар аввали моҳи декабри соли 2020 чиро мебинем? Анкара ва Боку пирӯзиро ҷашн мегиранд, Исроил, душмани ашаддии Эрон ба Озарбойҷон, аз ҷумла тавассути дронҳо кумак кард (ёдрас мешавем, дар пушти Исроил Арабистони Саудӣ ва Амрико истодаанд), дар Теҳрон аз ҳаммарзӣ бо хатар дар ташвишанд. Эрон ҳарчанд дар бахши хориҷӣ мавқеи бетарафиро ҳифз кардааст, дар Ереван ин бетарафиро душманона мепиндоранд.

Дар Арманистон эътирозҳо, норозигиҳо ва сабукшавӣ мушоҳида мешавад. Арманиҳо сарфи назар аз он ки шаҳри Шушӣ ва чанд ноҳияи дигарро аз даст додаанд, аз Русия миннатдор ҳастанд.

Созиши сулҳ бо Озарбойҷон боиси эътирозҳо дар Арманистон шуд

Посдорони сулҳи фиристодаи Русия ба поккории минаҳо ва ҳамроҳӣ кардани мусофирбари гурезаҳои баргашта машғул ҳастанд. Вашингтон ва кишварҳои аврупоӣ аз он ошуфта ҳастанд, ки тавоноии онҳо зери суол қарор гирифт. Зеро ба даргириҳои хунини Қаробоғ на онҳо, балки бозигарони минтақавии “дувумдараҷа” – Маскаву Анкара тавонистанд поён диҳанд. Аммо Маскав бо ин амали худ ҳарчанд нуфузи афзояндаашро дар ҷаҳон намоиш дод, зоҳиран барои худ дардисари дигаре харид. Маҷбур мешавад, ки барои маъмурияти худ дар Қаробоғ харҷи бештар кунад ва низомиён, сиёсатмадорон ва дипломатҳои туркро боз дорад, ки ба Қафқози ҷанубӣ “мешитобанд”.

ХУЛОСА. БАЪЗЕ АЗ ДАРСҲОИ РАВАНДИ СУЛҲ ДАР ТОҶИКИСТОН

Агар дар Тоҷикистон созишномаи сулҳ (соли 1997) дар пайи гуфтугӯҳои беш аз сесола ва иштироки созмону кишварҳои зиёд имзо шуда, инҷо мо қатъи даргириҳо ва додани қаламрав, тағйири марзҳоро бе машварату гуфтугӯҳои қаблӣ мебинем, ки ҳамсонашро таърихи Иттиҳоди Шӯравии пешин дар ёд надорад ва ҳамчунин дар натиҷаи он як ҷониб худро мағлубу таҳқиршуда меҳисобад ва ҷониби дигар хушҳолӣ дорад. Дар санади имзошуда мақоми сиёсии Қаробоғи Кӯҳӣ зикр нашудааст.

Муҳимтар аз ҳама дар бораи барқарорсозии иқтисод, бозсозӣ, муътадилгардонӣ, мусолиҳаи ҷамъиятҳо, таъмини ҳуқуқи инсон, баргардонидани гурезаҳо (беш аз 100 ҳазор гуреза бар иловаи 500 ҳазор гурезаи Ҷанги аввали Қаробоғ), бо ҷои кор таъмин кардан, тавонбахшии ҷангиён ва чораҳои дигаре, ки дар Тоҷикистон солҳои 1997-2000 анҷом шуданд, нақшаи муфассалу дақиқе нест.

Бо назардошти таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар навбати аввал на ба масъалаҳои низомию сиёсӣ, балки ба масоили башардӯстона бояд диққат дод. Бояд сабабҳоеро бартараф кард, ки метавонанд боиси сар задани дубораи ҷанг бишаванд. Бояд амнияти шаҳрвандонро таъмин ва раванди сулҳи ғайрисиёсии ҳамоҳангшударо бо ҳадди аксари ҷонибҳо оғоз кард.

Донорҳои сарватмандро дар саросари ҷаҳон бояд ҷустуҷӯ кард. Созмони Милали Муттаҳид, Гуруҳи Мински Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, (Фаронса, Русия, Амрико) ва ҷонибҳои дигари манфиатдор, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷалб кард, ки дар бораи сулҳ, эҳёи иқтисод ва ҳалли масъалаҳои сиёсӣ таҷрибаи кофӣ доранд. Эътилофи васеи байналмилалиеро ташкил кард, ки Русия бо ҳампаймонони худ ва Ғарб тавонанд талошҳои худро на танҳо барои овардани сулҳ ба минтақа, балки барои кам кардани шиддати ташаннуҷ миёни худ муттаҳид сохта, унвони посдори сулҳро дар пеши чашми ҷаҳониён касб кунанд.

Ҳодисаи ба ин монанд солҳои 1990 дар Тоҷикистон рух дода буд. Он замон Русия, Эрон, Покистон, Афғонистон, кишварҳои бародари Осиёи Марказӣ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ ба раҳбарии СММ талошҳои худро барои эҷоди сулҳ муттаҳид сохта буданд. Ҳамчунин мусоидати бахшҳои шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва истифодаи тавонмандии ҷомеаи маданӣ барои мусолиҳаи ҷамъиятҳо зарур аст.

Оё муколама миёни Қаробоғи Куҳӣ ва Озарбойҷон, миёни арманиҳо ва озарбойҷониҳо баъд ин ҳама ҳодисаҳое, ки давоми 30 соли ахир пушти сар карданд имкон дорад? Бигузор, ҷавоби ин суол кушода бимонад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.