Дар додгоҳи ноҳияи Ҳисор қарор буд, ки мурофиаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати ҲНИТ соати 12 рӯзи 8 июл баргузор шавад, аммо он наздики соати чаҳори баъд аз зуҳр оғоз шуд. Ин мурофиа зери раёсати раиси додгоҳи ноҳияи Ҳисор Исроил Мирзозода баргузор шуд ва айбдоркунандаи давлатӣ Шерматов дар нисбати Ҷамолиддин Маҳмудов ва ду нафари дигар - Истам Саъдуллоеву Обид Назриев айб эълон кард.
Ҷамолиддин Маҳмудов бар асоси модаи 195, қисми 2, бандҳои “б” ва “в”, яъне ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ ва Истам Саъдуллоев ва Обид Назриев бо моддаи 347, қисми 1, яъне хабар надодан ба мақомот,
муттаҳам мешаванд. Дар рӯзи аввали мурофиа танҳо айбдоршавандаҳо назари худро баён карданд ва ҳамчунин як шоҳид пурсида шуд.
Ҷамолиддин Маҳмудов зимни суханони худ дар ин мурофиа гуфт, ки танҳо дар як ҳолат ва он ҳам дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ худро гунаҳкор меҳисобад. Ӯ дар мавриди ғайриқонунӣ ба даст овардани силоҳ гуфт, ки ин ҳодиса ба солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон бармегардад. Вай гуфт, соли 1996, вақте ӯ ҳамраиси Комиссиюни оташбас буд ва ӯву дигар аъзои комиссиюн муддате бидуни муҳофиз монданд, дар як муроҷиаташ ба раҳбарияти мухолифини Тоҷикистон дар Толуқони Афғонистон "тавассути ратсияи СММ" аз онҳо дар таъмини амният кӯмак хостааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамон шабу рӯзи баъди нопадид шудани раиси комиссиюни оташбас (Зафар Раҳмонов) буд, ки то ҳол ҷасадаш пайдо нашудааст. Ба гуфтаи Маҳмудов, баъди муддате, барояш бастаеро оварданд. "Ман ҳамон рӯз ва ё рӯзи дигараш бояд ба
Эрон мерафтам ва аз ин хотир, ба хона (ноҳияи Ҳисор) омада, дар хонаи худ ба Сардоров, ки ҳамсоя ва дӯстамон аст, ин бастаро додам". Маҳмудов гуфт, аз он замон то имрӯз дар бораи намуд ва шумори силоҳ ва тир дар он баста хабаре надорад.
Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки бар зидди ӯ баёнот медиҳанд, ҳама ба унвони шоҳид зикр шуда, дигар нафароне, ки ӯ аз онҳо ном бурдааст, муттаҳам дониста шудааст. "Ман мефаҳмам, ки онҳо зери фишор ин баёнотро додаанд ва ман аз онҳо намеранҷам. Ҳамаи мо байни худ дӯстем, баъзеашон шогирдони мананд. Вале, мутаассифона, ҳоло байни мову онҳо як спектакле рафта истодааст", гуфт ӯ.
Мурофиаи Ҷамолиддин Маҳмудов ва ду нафари муттаҳам дар ин қазия субҳи рӯзи 9-уми июл дар додгоҳи ноҳияи Ҳисор идома мекунад.
Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ҷаноби Маҳмудов бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҲНИТ узви Кумиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъин шуда буд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз ин боздошт бо баргузории нишасти Шӯрои сиёсияш боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд)-ро дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март аз қабл "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва аз мақомот хост, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар аз боздошт раҳо намоянд."
Дар ҲНИТ таъкид мекунанд, ки қазияи пайдо шудани силоҳ барои мақомот ҳанӯз соли 2013 маълум буд. Дар изҳороти ҲНИТ аз ҷумла омада буд, ки "Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад."
Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон зӯҳри 11 феврал гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудовро нашр кард. Дар ин гузориши муфассали 6-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта мешуд, ки “тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷамолиддин Маҳмудов соли 1996 - 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.”
Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар шарҳи боздошти Ҷамолиддини Маҳмудов, узви Раёсати олии ҳизбаш он вақт гуфта буд, ки “воқеан, як туфангча мутааллиқ ба ӯст, вале аз силоҳҳои боқимонда чизе намедонам.”
Ҷаноби Кабирӣ гуфта буд, ин туфангча ҳангоме ки Ҷамолиддини Маҳмуд муовини ҳамраиси Кумиссиюни оташбас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон буд, ба ӯ дода шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад