Додгоҳи олӣ ба муҳокимаи парвандаи афроде, ки ба узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” гумонбаранд, оғоз кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи як гурӯҳи 15-нафарӣ оғоз кардааст, ки бархеи онҳо дар узвият ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, як созмони мамнӯъ дар кишвар, муттаҳам дониста мешаванд.
Бино ба хабари бархе расонаҳо, ин муҳокимаи афроди муттаҳам ба узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пушти дарҳои баста ва дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Аммо ҷузъиёти бештаре аз ҷараёни муҳокимаи ин гурӯҳ дар даст нест.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бо судури як қарор “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро як созмони террористӣ донист ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Мақомоти додгоҳ гуфта буданд, ки ин созмон аз “Ал-Қоида” пуштибонӣ мебинад.
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳоле мамнӯъ шудааст, ки аъзои он дар таркиши моҳи сентябри соли 2010-ум дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар Хуҷанд муттаҳам дониста мешаванд. Инчунин, мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдулло гуфта буданд, ки аз миёни адабиёт ва варақаҳои динии ин гурӯҳ парчаме бо навиштаи “ансоруллоҳ”-ро низ пайдо кардаанд. Вале то кунун маълум нест, аъзои ин гурӯҳ дар Тоҷикистон чӣ қадаранд.