Панҷ сол ҳабси М.С. барои байъат бо Абумустафои Шомӣ

Даромадгоҳи додгоҳи Исмоили Сомонӣ

Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт як сокини 24-солаи шаҳри Норакро барои узвият дар гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе М.С. – сокини 24-солаи Норакро барои узвият дар гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст. Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ 1 декабр ба Озодӣ гуфт, ки “ин сокини Норак бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешуд, вале бо таваҷҷуҳ ба пушаймонӣ ва фирораш аз ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ӯ ҳамагӣ панҷ соли ҳабс дода шуд.”

Ба иттилои манбаъ, ин сокини ҷавони Норак бо маблағгузории “Анӯшервон Азимов” ном як шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав ба Истанбул ва аз онҷо ҳамроҳи як гурӯҳ аз сокинони дигари Тоҷикистон, Фаронса, Бритониё, Миср ва Тунис дар моҳи январи соли ҷорӣ тариқи мусофирбари “Ҳундай-Старекс” ба Сурия рафтаанд. М.С. дар баёноти худ дар додгоҳ гуфтааст, ки онҳо баъди ворид шудан ба Сурия ба маҳалли ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Раққа рафта, дар навбати аввал ба гурӯҳи Абумустафои Шомӣ байъат кардаанд.

“Онҳо дар 10 рӯзи аввал дар як хона бо таълими Фиқҳ, Тавҳид, Қуръон ва инчунин дарсҳои ҷиҳодӣ ва чӣ тавр ҳангоми амалиёти ҷангӣ дуруст намозгузорӣ карданро аз худ намудаанд,” -- афзуд манбаъ дар дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ.

Худи М.С. гуфтааст, ба хонае, ки онҳо зиндагӣ доштанд, тақрибан ҳар рӯз Абумустафои Шомӣ ва гоҳе ронандааш омада, барояшон 20 000 бист ҳазор пули суриягӣ, баробар ба 200 доллар медодааст. Тавре ин шаҳрванди Тоҷикистон дар баёноти худ зикр кардааст, вай баъдан ба Абумустафои Шомӣ муроҷиат кардааст, ки модараш бемор асту бояд ба аёдати модараш биравад ва ваъда додааст, ки ҳангоми бозгашт ҳатман ҳамсари ҳомилаашро ба Сурия мебарад.

Баъд аз дарёфти ризояти Абумустафои Шомӣ вай то марзи Туркия расида, сипас аз шаҳри Ғозиёнтеппа бо мусофирбар то Истанбул омадааст. “Бо маблағгузории Анӯшервон Азимов вай аз Истанбул ба Маскав меояд ва дар онҷо ба мардикорӣ машғул шуда, аз модараш телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро мепурсад. Корманди Вазорати корҳои дохилӣ Мирзошариф Мӯъминов ба ӯ машварат медиҳад, ки ба меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, ба назди кормандони ВКД равад,” – гуфтанд дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ.

Аммо дертар ин шаҳрванди Тоҷикистонро кормандони пулиси Маскав дар моҳи марти соли ҷорӣ дастгир карда, бо ҳавопаймо ба Душанбе интиқол додаанд. Модар ва наздикони М.С. дар мурофиаи додгоҳӣ аз амали фарзанди худ изҳори пушаймонӣ намуда, аз додрас хостаанд, ки бо назардошти фирораш аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” таслим шуданаш ба мақомот ҷазои сабуктар бидиҳанд.

Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз беш аз 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 40 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.