Турал Мустафоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор кард, ки соли гузашта алайҳи Хадиҷа Исмоилова дар ҳоли афсурдагиву фишори равонӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд ва ҳоло мехоҳад, ки бо ӯ сулҳ бандад.
Хадиҷа Исмоилова 5 декабри соли гузашта баъд аз он боздошт шуд, ки Турал Мустафоев ӯро дар таҳрик дода ба худкӯшӣ айбдор кард. Баъд аз ду моҳи боздошт Фариз Намозлӣ, вакили дифои Хадиҷа хабар дод, ки додситониӣ хабарнигори Радиои Озодиро дар чанд ҷинояти дигар - дуздӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва сӯистифода аз мақом ҳам айбдор мекунад. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот, ба гуфтаи вакили дифоъ, шояд Хадиҷаро барои 12 сол маҳкум ба зиндон кунанд.
Қарор аст, ки мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи Хадиҷа Исмоилова рӯзи 24 май шурӯъ шавад – моҳи гузашта мӯҳлати ҳабси Хадиҷа то ин рӯз тамдид шуд.
Аёз Аҳмадов, шореҳи бахши озарии Радиои Озодӣ, дар сӯҳбат бо мо имкони то шурӯи мурофиа ҳадди аққал бо пардохти гаравпулӣ аз маҳбас раҳо шудани ҳамкорашро аз эҳтимол дур хонд ва гуфт, ки Турал Мустафоев ҳанӯз ду моҳ пеш дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишта буд, ки ба Хадиҷа ягон даъво надорад. "Баъд аз он, ба навиштаи худаш, талош кард, ки Озарбойҷонро тарк намояд, аммо ӯро аз фурудгоҳ баргардониданд. Ба думболи аз ин алайҳи Хадиҷа иттиҳоми нав эълон карднд, ки онҳо дар асл на алайҳи Хадиҷа, балки иттиҳом алайҳи Радиои Озодиянд. Он вақт маълум шуд, ки додситонӣ ва мақомот рӯи иттиҳом алайҳи фаъолияти касбии ӯ тамаркуз кардаанд", мегӯяд Аёз Аҳмадов..
Дар посух ба суоли мо, ки оё ҳамкорон аз вазъи Хадиҷа огаҳанд ё на ва оё ба нафаре аз пайвандону ҳамкорони Хадиҷа иҷозаи мулоқотро бо ӯ медиҳанд, ӯ гуфт, ки "фақат вакилони дифоъ иҷозаи мулоқот бо ӯро дорад. Дафъаи охир ба яке аз адвокатҳо ҳам иҷозаи сӯҳбатро надоданд ва далел пеш оварданд, ки ӯ дар ин қазия шахси бетараф нест. Се ҳафта пеш ба хешовандони Хадиҷа, ба хоҳару ҷиянаш иҷоза доданд, ки ӯро бубинанд".
Ба гуфтаи Аёз Аҳмадов, "Хадиҷа дар бораи вазъи сиҳаташ ҳамеша мегӯяд, зиндонӣ будан бадтарин ҳолате нест, ки ба ӯ рӯй додааст. Агар ёд дошта бошед, тақрибан ду сол пеш ӯро пинҳон навор гирифта буданд ва мехостанд алайҳаш тавтеъа кунанд. Яъне, барои касе, ки аз ин гуна имтиҳон гузаштааст, зиндон ҷойи ваҳшатзое нест". Мусоҳиби мо ба воқеъан бегуноҳ будани Хадиҷа мутмаин аст ва мегӯяд, ҳамкораш барои он заҷр мекашад, ки вазифаи худро софдилона иҷро мекунад ва далелҳоеро, ки дигар хабарнигорон ҳам дастрас карда буданд, пинҳон накардааст. "Гап сари фаъолияти ғайриқонунии хонаводаи раисиҷумҳур Алиев меравад ва фарқи Хадиҷа аз дигарон ин аст, ки ӯ натарсида ин матолибро нашр кард", мегӯяд Аёз Аҳмадов.
Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар барои раҳоии Хадиҷа Исмоилова пойфишорӣ доранд ва ҳабси ӯро дорои ангезаи сиёсӣ мехонанд. Аммо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳама иттиҳоми таъқиби дигарандешону хабарнигорони мустақил дар кишварро рад мекунанд ва мегӯяд, ки дар зиндонҳои Озарбойҷон ягон маҳбуси сиёсӣ нест. Моҳи гузашта ИМА бори дигар хостории раҳоии Хадиҷа Исмоилова ва ду маҳбуси сиёсии дигар Лайло Юнус ва шавҳари ӯ Ориф Юнус шуд. Лайло Юнус, ҳомии ҳуқуқи башар ва мунаққидони тундлаҳни ҳукумати Озарбойҷон ва шавҳараш Ориф Юнусро тобистони соли гузашта бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва дигар ҷиноятҳои сангин дастгир карданд. Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро ҳадафи онҳо барқарор кардани робитаҳо бо Арманистони ҳамсоя аст.
Хадиҷа Исмоилова, корманди бахши озарии Радиои Озодӣ, дар бораи фаъолиятҳои аъзои хонаводаи Илҳом Алиев гузориш менавишт. Ӯ аз моҳи январи соли 2012 ҳадафи ҳамлаҳои сиёсии расонаҳои вобаста ба давлат қарор гирифтааст. Хадиҷа Исмоилова соли 2012 Ҷоизаи расонаҳои озоди Аврупои шарқиро касб кард ва соҳиби Ҷоизаи шуҷоати хабарнигории Бунёди байналмилалии расонаҳои занон ҳам шуд.