Ҷабҳаи муқовимати миллӣ масъулияти ҳамларо дар Кобул пазируфт

Каписо, Афғонистон. Соли 2021

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, як гурӯҳи зидди "Толибон" дар Афғонистон, масъулияти ҳамлаи 23-юми октябрро дар Кобул ба уҳда гирифт.

Масъулони Ҷабҳа дар номае иддао карданд, ки дар ин ҳамла се нерӯи "Толибон" кушта шуданд.

Гурӯҳи "Толибон" то ҳол дар бораи ин иддао чизе нагуфтааст.

Аз он пеш Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кард, ки рӯзи 22-юми октябр дар Кобул ду маъмури амниятии "Толибон"-ро кушта, ду каси дигарро захмӣ кард.

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳанӯз дар аксар кишварҳои дунё тундраву террористӣ аст, дар тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар ин муддат ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохт.

Баъди ба қудрат расидани онҳо, наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гурӯҳ асосан дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон; Ҷабҳаи озодии Афғонистон; Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон; Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон; Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат ва Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.