"Муҳоҷирон намонанд." Изҳороти "Русская обшина" зидди гуфтаҳои Володин

Вячеслав Володин

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатии Русия, 21-уми ноябр дар Телеграм навишт, ки "аз оғози сол барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ 13 қонун қабул шуд" ва аз ҳукумати кишвараш хост, ки "иҷрои онҳоро таъмин кунад". Ӯ қонунеро, ки тибқи он донистани забони русӣ ба муҳоҷирон ҳатмист, муҳим хонд.

"Русская обшина", як гурӯҳи зидди муҳоҷирон, дар изҳороте дар Телеграм ҳарфҳои Володинро танқид кард.

"Чаро бояд муҳоҷирон забони русиро бидонанд? Донистони забон ба онҳо танҳо имкон медиҳад, ки аз имтиёзҳои Русия бархӯрдор шаванд ва шаҳрвандӣ бигиранд. Муҳоҷирон бояд аз фурудгоҳ то коргоҳ ва аз коргоҳ то фурудгоҳ равуо кунанд, дар Русия намонанд", -- гуфта шудааст дар изҳороти созмон.

Навор дар Фейсбук:

“Русская обшина” навиштааст, муҳоҷирон бояд аз қонунҳои Русия тарсанд ва барои ҳаракати хурдтарини ноҷо ронда шаванд.

Андрей Ткачук, ҳамоҳангсози созмон, низ дар як паёми видеоӣ гуфт: “Чаро мо намехоҳем (бо кишварҳои Осиёи Марказӣ) виза (раводид) ҷорӣ кунем? Виза ҷорӣ кунед ва аз баҳри ин чораҳо гузаред. Он замон, мумкин аст, вазъро тағйир диҳед. Хуб аст, ки Думаи Давлатӣ тадбирҳоеро баррасӣ мекунад, аммо чаро роҳандозии визаро баррасӣ намекунад?"

Созмони миллатгарои “Русская община” бори аввал нест, ки ба зидди муҳоҷирон баромад мекунад. Аъзои ин созмон якҷоя бо мақомоти қудратии Русия амалиёти муштарак мегузаронанд; хобгоҳу ҷойи кори муҳоҷиронро месанҷанд; онҳоро боздошту ихроҷ мекунанд.

Видео дар Инстаграм:

Баъд аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав (22-юми марти 2024) муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зери фишор ва озору азият қарор гирифтанд.

Мақомоти ин кишвар қонуну қоидаҳоро барои будубоши муҳоҷирон сахт ва кори онҳоро дар баъзе аз соҳаҳо пурра манъ карданд. Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, моҳи сентябри имсол гуфта буд, ки тағйирот дар қонуни муҳоҷирати Русияро қабул доранд, аммо аз ҳамтоёни худ мехоҳанд, қонун тавре амалӣ шавад, ки “муҳоҷирони одӣ ва поквиҷдон азият накашанд".