Эрон ва Итолиё дар ҷараёни сафари дурӯзаи Ҳасан Рӯҳонӣ ба Итолиё беш аз 17 миллиард евро қарордҳои тиҷоратӣ имзо карданд, вале раҳбарони мухолифи давлати Маттео Рензи ва таҳлилгарони итолиёӣ рӯзи сешанбеи 26-уми январ ҳукумати он кишварро муттаҳам карданд, ки барои хушомади меҳмонаш, зиёдаравӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сиёсатмадорони чапгаро ва ростгарои Итолиё гуфтаанд, ки Маттео Рензи дар нишасти хабариаш бо раиси Ҷумҳури исломии Эрон, на танҳо ба вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон ҳеҷ ишорае накардааст, балки ҳувияти фарҳангии Итолиёро низ бо пӯшонидани муҷассамаи бараҳнаи занон, "таслим" кардааст.
Як намояндаи парлумон аз ҳизби дастиростии вобаста ба Силва Берлусконӣ, нахуствазири пешин гуфтааст, ки "эҳтиром қоил шудан барои дигар фарҳангҳо наметавонад ва набояд ба маънии нодида гирифтани фарҳанги худамон бошад." Вай афзудааст, ки "ин эҳтиром қоил шудан нест, ин пинҳон кардани тафовутҳо ва навъе таслим шудан аст."
Муовини раҳбари Ҳизби иттиҳодияи шимолӣ, гуфтааст, ки пӯшонидани муҷассамаҳо бо қуттиҳои сафедранг "таслим шудан" буда ва раҳбари ин ҳизб низ дар саҳифаи Фейсбуки худ чунин кореро "аҳмақона" донистааст. Намояндагони ҳизби чапгарои "Муҳити зист ва озодӣ" хостори тавзеҳи нахуствазири Итолиё дар бораи "тасмими шармандаовар"-и худ шудааст, ки ба гуфтаи вай "хор шумурдани ҳунар ва фарҳанг аст."
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, пеш аз баргузории нишасти хабарии шаби душанбеи раиси ҷумҳури Эрон ва нахуствазири Итолиё дар музейи Капитолини шаҳри Рим, муҷассамаҳои даврони бостонӣ бо қуттиҳои чӯбин пӯшонида шудаанд.
Ҳангоме, ки ин аксҳо рӯзи сешанбе дар расонаҳои Итолиё мунташир шуд, сиёсатмадорони ҷиноҳҳои сиёсӣ чунин тасмимро накӯҳиш намуда ва онро мавриди истеҳзо қарор доданд. Музейи Капитолин гуфтааст, ки дафтари нахуствазири Итолиё хостори пӯшонидани ин муҷассама шуда буд. Дафтари Маттео Рензӣ дар ин мавриди изҳори назар кардааст
Маттео Рензи ва Ҳасани Рӯҳонӣ дар утоқе дар ин музей нишасти хабарии худро баргузор карданд, ки муҷассамаи биринҷии Марк Аврелий, императори Рим дар он қарор дошт ва комилан пӯшида шуда буд.
Маттео Рензии 41-сола соли гузашта низ вақте дар ҷараёни дидори амири Имороти Муттаҳидаи Араб аз шаҳри таърихии Флоренс, ки шаҳрдори он буд, дастури пӯшонидани тасвирҳои бараҳнаро содир кард, ба чунин интиқодҳо рӯбарӯ шуда буд.