“Истиқлол” барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон шуд

Дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид

​​​​​​​Дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе бори аввал барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардид. Барои Суперҷом "Истиқлол", қаҳрамони феълии Суперлигаи кишвар, бо "Соро компания", барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқот, мубориза бурд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро компания”, ки рӯзи шанбеи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон доир гардид, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 хотима ёфт.

Голҳои “Истиқлол”-ро Рустам Ҳамидов, Муҳаммад Шарипов, Абдуқаюм Умаров ва Шавкат Ҳалимов ба самар расонданд. Дар ҳайати “Соро компания” Самандар Ризомов ду гол ва Файзалӣ Сардоров як гол заданд.

СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ-2024

"ИСТИҚЛОЛ" - «СОРО КОМПАНИЯ» - 4:3

Голҳо: Рустам Ҳамидов, Муҳаммад Шарипов, Абдуқаюм Умаров, Шавкат Ҳалимов - Самандар Ризомов-2, Файзалӣ Сардоров.

Беҳтарин бозигарӣ дидор: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»).

12-уми октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 2000 тамошобин.

Мавсими нави футзал дар Тоҷикистон бо бозӣ барои Суперҷом оғоз ёфт. Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар бошад, рӯзи шанбеи 19-уми октябр шуруъ мешавад.

Дар мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон нӯҳ даста иштирок хоҳад кард. Панҷ даста – “Истиқлол” (қаҳрамони феълии Тоҷикистон), “Соро компания”, “Пойтахт”, “Амонатбонк”, “Сомон” - аз шаҳри Душанбе, “Сипар” ва “Хуҷанд” - ҳарду аз шаҳри Хуҷанд, “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода мебошанд.

Мусобиқоти имсола дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо бо системи "хона – сафар" бо ҳамдигар рақобат мекунанд.

Дар мавсими ҷорӣ Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ҳақи кори доварон, инчунин бунёди ҷоизавиро ба маблағи 100 000 сомонӣ пардохт менамояд.

СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН-2024

ДАВРИ ЯКУМ

19-уми октябр (шанбе)

"Истиқлол” - "Сомон"

"Соро компания” - "Амонатбонк"

“Пойтахт” - “Хуҷанд”

“Сипар” - “Истаравшан”