Вазири умури хориҷии Исроил марги Яҳё Синворро "дастоварди низомӣ ва ахлоқӣ" барои артиши Исроил номид. Вай гуфт, кушта шудани Синвор "имкони озодии фаврии гаравгонҳоро фароҳам карда, роҳро барои тағйироте боз мекунад, ки сабаби эҷоди воқеияти нав дар Ғазза хоҳад шуд, бидуни "Ҳамос" ва бидуни контроли Эрон."
Исроил Катс хабар дод, ки Яҳё Синвор дар як амалиёти нерӯҳои кишвараш кушта шудааст. Артиши Исроил низ дар як изҳороти мухтасар дар шабакаи “X” навишт, ки "Яҳё Синвор маҳв карда шуд".
Синвори 62-соларо яке аз тарроҳони ҳамлаи маргбор ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ном мебаранд. Ҷангҷӯён дар он рӯз дар ҷануби Исроил 1200 касро кушта ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.
Баъди ин ҳамла, Исроил дар Ғазза амалиёти густардаро оғоз кард, ки то ҳол идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво зиёда аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
ЯҲЁ СИНВОР КИСТ?
Ӯ дар соли 1962 дар урдугоҳи паноҳандагони Хон Юнус дар Навори Ғазза зода шудааст. Аз 62 соли ҳаёташ бисту чор солро дар зиндонҳои Исроил гузаронд.
Хонаводаи Яҳё Синвор аслан аз шаҳри Ашкелон ҳастанд. Пас аз эълони таъсиси давлати Исроил дар соли 1948 ночор аз онҷо ба урдугоҳи Хон Юнус кӯчиданд.
Синвор дар мактабҳои Хон Юнус хонда, таҳсилро дар Донишгоҳи исломии Ғазза идома додааст. Соли 1982 аз ҷониби нерӯҳои амниятии Исроил ба иттиҳоми "иштирок дар фаъолиятҳои вайронгарона" боздошт ва чаҳор моҳ дар ҳабс буд.
Дар замони донишҷӯйӣ аз фаъолони зидди Исроил ба шумор мерафт. Ҳамчунин ба Аҳмад Ёсин, бунёдгузори гурӯҳи тундрави “Ҳамос”, наздик буд.
Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, вақте ки "Ҳамос" дар охирҳои даҳаи 1980 аз як гурӯҳи сиёсии исломгаро ба як гурӯҳи мусаллаҳ табдил ёфт, Синвор дар таъсиси Иззуддини Қассом, ҷиноҳи ҳарбии гурӯҳ, нақши меҳварӣ дошт.
Нерӯҳои амниятии Исроил Яҳё Синворро дар соли 1998 дигарбора боздошт карданд. Вай барои даст доштан дар кушта шудани сарбозони исроилӣ чор дафъа ба ҳабси абад маҳкум шуд.
ДАР ЗИНДОНҲОИ ИСРОИЛ
Яҳё Синвор дар маҳбаси Исроил ба яке аз масъулони аъзои зиндонии гурӯҳи "Ҳамос" табдил шуд. Вай соатҳои дароз бо исроилиён ва зиндонбонҳо суҳбат мекард ва ба ин васила бо фарҳанги онҳо ошно шуд. Инчунин ба тамошои шабакаҳои телевизионии Исроил одат кард ва забони ибриро хуб омӯхт.
Мақомоти собиқи зиндонҳои Исроил қаблан ба The Wall Street Journal гуфтаанд, Синвор дар зиндон ба бемории мағзӣ гирифтор шуда, бо ёрии пизишкони исроилӣ наҷот ёфт.
Музокироти Исроил ва "Ҳамос" барои озодии Гилод Шалит, як сарбози исроилӣ, ки соли 2006 аз сӯи "Ҳамос" рабуда шуда буд, нуқтаи чархиш дар ҳаёти Яҳё Синвор гардид. Ба навиштаи нашрияи "Экономист", дар он замон Исроил Синворро ба унвони музокиракунанда аз тарафи "Ҳамос" пазируфт ва иҷоза дод, ки бо раҳбарони ин гурӯҳ, ки мехостанд беш аз ҳазор зиндонии фаластиниро бо Шалит иваз кунанд, дар тамос бошад.
Исроил мухолифи озодии теъдоде аз шахсоне буд, ки “Ҳамос” мехост онҳоро раҳо кунад, аммо номи Яҳё Синвор дар миёни онҳо набуд. Ҳамин тавр, ӯ соли 2011 раҳо шуд ва яке аз фармондеҳони Иззуддини Қассом, ҷиноҳи низомии гурӯҳи тундрави “Ҳамос”, гардид.
Синвор бо истифода аз дониши худ дар бораи Исроил, фарҳанги исроилиҳо ва зиндонҳои ин кишвар аз бонуфузтарин чеҳраҳои “Ҳамос” дар миёни раҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони низомии ин гурӯҳи тундрав ба ҳисоб мерафт.
Дар соли 2017 Яҳё Синвор ба унвони раҳбари “Ҳамос” дар Навори Ғазза интихоб ва ба ин тартиб ҷонишини Исмоил Ҳания шуд, ки дар он сол раёсати дафтари сиёсиро бар уҳда гирифт.
Яҳё Синвор баъд аз қатли Исмоил Ҳания дар охири моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Теҳрон, раҳбари гурӯҳи “Ҳамос” шуд.