Хабаргузории Франс-пресс ин хабарро таъйид кардааст. Сухангӯи артиши Исроил мегӯяд, дар ҳоли баррасии ин гузориш аст. Ба гузориши шабакаи Ал-ҷазира, мақомоти беҳдоштии Ғазза мегӯянд, бар асари ҳамлаи Исроил 30 нафар захмӣ шудаанд. Як кӯдаки ҳаштсола ҷони худро дар ин ҳамла аз даст додааст.
Хабарнигори хабаргузории Франс-пресс, ки дар меҳмонхонае дар наздикии маҳали ҳамлаи Исроил қарор дорад, гуфт, шаш дақиқа пас аз оғози оташбас ин ҳамла сурат гирифтааст. Артиши Исроил гуфта буд, оташбаси яктарафа аз соати 10-и субҳи душанбеи 4 август оғоз шуда ва тайи муддати ҳафт соат, ҳамлаҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии Исроил мутаваққиф хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Исроил гуфтааст, ҳар гуна талошҳои Ҳамос барои поймол кардани оташбас, посухи фаврӣ хоҳад гирифт. Дар ҳоле, ки расонаҳои исроилӣ рӯзи якшанбеи 3 август эълом карданд, ки артиши ин кишвар бахши зиёде аз нерӯҳои худро аз навори Ғазза берун овардааст, ҳамлаи дигаре ба як мактаби зери тобеи СММ дар Ғазза, ҳадди ақал 10 кушта бар ҷой гузошт.
Шумораи талафоти фаластиниён аз 1700 нафар гузашта ва ин даргириҳо ҳудуди ним миллион овора ба ҷой гузоштааст. 63 низомиёни исроилӣ ва ду ғайринизомӣ ва як коргари тайланди талафоти ҷониби исроилӣ мебошанд.