Испания бори чаҳорум қаҳрамони футболи Аврупо шуд

Тими миллии Испания, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон мунтахаби Англияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори чаҳорум ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гардид.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии Аврупо-2024 миёни тимҳои миллии Испания ва Англия шаби 14-уми июл дар варзишгоҳии Олимпии шаҳри Берлин баргузор шуд. Голҳои дастаи ғолибро Нико Уилямс (дақиқаи 47‑ум) ва Микел Оярсабал (87) заданд. Голи инглисҳо ба Коул Палмер (73) мутааллиқ аст.

Мунтахаби Испания бори чаҳорум қаҳрамони Аврупо шуда, рекорд гузошт. Аз ин пеш испаниҳо солҳои 1964, 2008 ва 2012 медалҳои тиллои ин мусобиқоти бузургтарини қораи Аврупоро ба даст оварда буданд. Инчунин мунтахаби Испания як бор (1984) медалҳои нуқра гирифтааст.

Инглисҳо, ки бори дувум пайиҳам дар финали қаҳрамонии Аврупо иштирок карданд, боз ноком шуданд. Онҳо дар финали мусобиқоти пешин дар Лондон дар бозии ниҳоӣ аз мунтахаби Италия аз рӯи силсилаи пеналти мағлуб шуда, барандаи медалҳои нуқра гардида буданд. Мунтахаби Англия, инчунин ду бор (1968, 1996) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Дар нимфинали қаҳрамонии Аврупо-2024 тими миллии Испания мунтахаби Фаронсаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд. Бо ҳамин ҳисоб инглисҳо дар даври ниманиҳоӣ ба мунтахаби Нидерланд ғалаба карда буданд.

Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Нидерланд соҳиби медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2024 гардиданд.

Пас аз ҷамъбасти мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 бори нахуст дар таърих ҷоизаи беҳтарин нишонзани ин мусобиқаро шаш бозигар ҳамзамон дарёфт карданд.

Ҷорҷ Микаутадзе (Гурҷистон), Ҷамол Мусиала (Олмон), Иван Шранс (Словакия), Коди Гакпо (Нидерланд), Дани Олмо (Испания) ва Ҳарри Кейн (Англия), ки се голӣ заданд, соҳиби “Бутсии тиллоӣ” ё “Кафши тиллоӣ” шуданд.