Дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон яке аз бузургтарин “Ҷамоатхона ва Маркази Исмоилия” (Ismaili Jamaаtkhana and Centre) ифтитоҳ шуд. Рӯзи 12-уми декабр дар онҷо намози ҷамоа гузоштанд.
- Ин бино, ки бо ҳимояти молии Оғохони чаҳорум (раҳбари пайравони мазҳаби исмоилия) ва харҷи 15 миллион доллар сохта шудааст, аз намозхонаву толорҳои иҷтимоӣ, биноҳои идорӣ ва синфхонаҳои таълимӣ иборат аст.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони чаҳорум, моҳи ноябри соли 2008, ҳангоми оғози сохтмони бино гуфта буд, ки "марказ сарфи назар аз қутбгирии идеяҳо, аз ҷумла идеяҳои динӣ, бояд барои муттаҳидӣ ва ҳифзи дарки мутақобил, сулҳу субот дар минтақа хидмат кунад."
Он замон дар баробари ӯ, муовини собиқи нахуствазир Асадулло Ғуломов ва раиси пешини вилояти Бадахшон Қодири Қосим иштирок карда буданд. Марҳилаи фаъоли сохтмони бино баъди 8 соли гузоштани хишти аввали таҳдоби он дар соли 2016 шуруъ шуд.
Сокинон умедвори рушданд
Бошандагони маҳаллӣ ин хабарро бо хушнудӣ пазируфтанд.
Некрӯз, сокини шаҳри Хоруғ, рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мардуми огоҳ имкон пайдо мекунанд, ки дар инҷо ҷавононро ба омӯзиши донишҳои муосир ва варзиш ҷалб кунанд. Ҳамчунин барои мардум ҷиҳати баргузор кардани маъракаҳои гуногун шароит фароҳам мекунад."
Мамадназар Мамадназаров, мудири сохтмони бино, ҳам мегӯяд, ин маркази чандсамтаест, ки дар он дину илм зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, барои меъмории бино корҳои сахту дурударозеро коршиносони касбии сатҳи байналмилалӣ анҷом доданд.
Беруни бино иморатҳои асримиёнагиро ба ёд меоварад, ки ба василаи сангҳои маҳаллӣ комилан бо ҳунари дастӣ коркард шудаанд. Аммо дар дохили бино мешавад шеваҳои муосиреро дид, ки аз намунаҳои суннатӣ таркиб ёфтаанд.
"Ранги бино дар маҷмуъ бо ранги хокистарии Хоруғ мувофиқат мекунад. Дар қисмати шимолияш сангҳои зардтар ва дар қисмати ҷанубияш сангҳои камрангтар истифода шудаанд. Агар аз боло ба бино назар кунем, он комилан ба ранги кӯҳҳо мувофиқат менамояд ва тақрибан фарқе надорад", - мегӯяд Мамадназаров.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ҳангоми ворид шудан ба бино, он ба гунае тарроҳӣ шудааст, ки корвони дарахтон дар масири Рӯшон – Шуғнонро ба хотир меоварад.
Дар намозгоҳ катибаҳо бо забони арабӣ ва сураҳои Қуръон вуҷуд доранд, ки намоди пойбандии ин мазҳаб ба усулҳои асосии Ислом мебошанд. "Даруни бино ғояи хонаи бузурги помириро ифода мекунад, ки дар даруни деворҳои худ як хонаводаи бузургро муттаҳид менамояд", - шарҳ дод меъмор.
- Ҳудуди умумии марказ 1,3 га-ро ташкил медиҳад. Сохтори иморат аз се қисм иборат аст: Намозхона барои 1500 нафар, қисми маъмурӣ, ки китобхона, маҷлисгоҳ, утоқҳои кориву синфхонаҳоро дар бар мегирад ва толори иҷтимоӣ, ки 450 нафар дар он мегунҷад.
Ризокороне, ки дар ин марказ кор мекунанд, мегӯянд, "ин ҷо нақша доранд, хонандагони мактабро дар риштаҳои риёзӣ, забони англисӣ, барномасозӣ ва ғайраҳо омода кунанд".
"Дар марказе, ки дар Душанбе аст, барои кӯдакони синни томактабӣ курсҳои гуногун омӯзонида мешавад. Китобхонаи хубе мавҷуд аст, ки нафарони дорои синну соли гуногун омада, бо ҳам шинос мешаванд ва ба мутолиа мепардозанд. Ин як таҷрибаи бисёр хубе ҳаст, илова ба бахшҳои мазҳабӣ, бояд дар ин ҷо ҳам истифода шавад", - мегӯяд сокини шаҳри Хоруғ Шодӣ Рашидбеков.
Тақрибан барои тамоми сокинони шаҳр Маркази исмоилия танҳо ҷойе барои баргузор кардани маросимҳои динӣ ва ибодат ё ба таъбири содатар масҷид нест. Сарфи назар аз ин ки бахши маросимҳои мазҳабӣ ҷойгоҳи болое дар зиндагии онҳо дорад, ҳамчунин умедвориҳои зиёде доранд, ки онҳо маданитар мешавад ва зиндагии моддии худро беҳтар менамоянд.
Марказ дар Хоруғ баъди Душанбе дувумин Маркази исмоилия дар Тоҷикистон ва ҳафтумин дар ҷаҳон мебошад, ки бар асоси тарҳҳои Бунёди Оғохон сохта шудаанд. Пештар чунин марказҳо дар Бритониё, Канада, Португалия, Имороти Мутаҳидаи Арабӣ бунёд шуда буданд.
Маркази исмоилияи Душанбе, ки соли 2009 сохта шуд, суннатҳои меъмории Осиёи Марказиро таҷассум мекунад ва тарроҳи ғайримуқаррарии он аз рӯйи тарроҳи мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро гирифта шудааст.
Фирқаи исмоилия дар ҷаҳон беш аз 20 миллион пайрав дорад, ки асосан дар Ҳинду Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса ба сар мебаранд.
Ҷамоаи исмоилии Тоҷикистон, ки умдатан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, яке аз бузургтарин ҷамоаҳои ин фирқа дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор пайрави исмоилия зиндагӣ мекунанд.