Исмоилиҳои Бадахшон. Мантиқи кайҳон ва нишоти ҳаёт

Исмоилиҳои Бадахшони Тоҷикистон урфу одат ва анъанаву маросимҳои хоси аҷдодони худро ҳифз мекунанд.

...Рақсу пойкӯбӣ дар маросими ҷаноза ва садои рубобу даф дар хонаи азодорон? Барои баъзеҳо ҳатто тассавури ин ҳолат мушкил аст, вале исмоилиҳои Рӯшони Бадахшон қарнҳо боз рақси “самоъ” ва “маддо”-хонӣ мекунанд. Пажӯҳишгарони равияи исмоилия ҳадс мезананд, ки ин анъанаҳо аз айёми оташпарастӣ ба мерос мондаанд. Тӯли қарнҳо урфу одат ва анъанаҳои бостонии мардуми бумӣ бо анъанаҳои исломӣ сахт омехта шудаанд.

“МУРҒИ БОҒИ МАЛАКУТАМ, НАЯМ АЗ ОЛАМИ ХОК”

Ҳақназар Собир, коршиноси масоили мазҳабӣ, мегӯяд, “самоъ” ва “маддо” фалсафаи худро доранд ва видоъ бо шахси фавтидаанд. “Самоъ” рақсест, ки онро дар маросими дафн фақат мардҳо, асосан пайвандони шахси фавтида, иҷро мекунанд. Онҳо сабук пой мекӯбанд, дастҳоро аз китф боло намебардоранд ва гоҳ-гоҳ қарс мезананд, қарси “Вовайло!”. Ба гуфтаи Ҳақназар Собир “ҳар ҳаракат дар “Самоъ” маънову ҳикмат дорад ва он намоиши парвози рӯҳ ба асли худ аст – “Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок, чанд рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам”.

“Маддо”-хонӣ дар шаби саввуми реҳлати шахси даргузашта дар маросиме бо номи “Чароғравшан” сурат мегирад. Халифа Сангмамад мегӯяд, он шаб аҳли русто шабзиндадорӣ мекунанд ва ояҳои Қуръонро мехонанду аз Худову Паёмбар Муҳаммад ситоиш мекунанд, тақрибан сад бор дастҷамъона ба Паёмбар дуруд мефиристанд, саргузаштҳои таърихӣ қироат мешаванд. Ва тамоми шаб бо рубоби бадахшӣ ва даф “маддо” – таронаҳои мазҳабӣ садо медиҳанд. Исмоилиҳо мутмаинанд, ки фақат баъд аз ин ҳама шахси даргузашта ба малакут мепайвандад.

“Чароғравшан” танҳо миёни исмоилиҳои пайрави Носири Хисрави Рӯшон маъруф аст. Ин маросимро пайравони шоири бузург дар шимоли Афғонистону Покистон ва исмоилиҳои Алҷазоир ҳам риоя мекунанд.

Дар водии Хуф то ҳанӯз анъанаи дигари нодир боқӣ мондааст – ҷанозаи бонуи дӯшиза ё марди заннадидаро бо ...дарахт никоҳ мекунанд, то ӯ оламро бе никоҳ тарк накунад. Шарт танҳо он аст, ки дарахт мевадор набошад. Ҷасадро аз хона берун оварда, назди сафедор, бед ё сада мегузоранд ва мулло дар ҳузури ҳама хутбаи никоҳро мехонад.

ИСМОИЛИЯ: ИСЛОМ ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШАД

Қудратбек Элчибеков, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва меросии хаттии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аввалин пайравони мазҳаби исмоилия ҳанӯз қарни 8 ба Бадахшон омадаанд. Онҳо баъд аз саркӯбиҳо дар Ховари Миёна ба ин минтақаи дурдаст паноҳ бурданд. Мазҳаби исмоилия, ба гуфтаи донишманд, дар қарни 8 баъди он арзи вуҷуд кард, ки Исмоил, писари бузурги Имом Ҷаъфари Содиқро аз ҳаққи мерос маҳрум карданд. Афроди норозӣ аз ин тасмим баъди даргузашти Исмоил писари ӯ Муҳаммадро имоми ҳафтум хонданд.

Сафари Оғохони IV ба Бадахшон

Шодихон Юсуфбеков, раиси Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи улуми Тоҷикистон, мегӯяд, аслан исмоилия як ҷунбиши фалсафии асримиёнагист, ки алайҳи исломи ортодокс садо баланд карда буд. Фалсафаи исмоилиҳои Бадахшон, бо фарқ аз исмоилиҳои Эрон, аз фалсафаи Юнони Қадим маншаъ гирифтааст. Пайравони ин мазҳаб иддаъо доштанд, ки ислом бояд ҳамқадами замон бошад ва Қуръон вобаста ба рушди замона ташреҳ шавад, аммо дар посух нидои “мулҳид!”-ро шуниданд.

Фарқи дигари исмоилия аз мазҳабҳои ислом - ҳаққи баробари марду зан аст. Дар Бадахшон занҳо ҳамеша озод буданд – онҳо ҳеҷ гоҳ фаранҷӣ ба сар накардаанд ва ҳамроҳ бо мардҳо намоз мегузоранд. Зимнан, дузанагӣ дар ин минтақа роиҷ набуду нест. Бадахшониҳо аз тундравию "ҷиҳодравӣ" эмин мондаанд. Қудратбек Элчибоев мегӯяд, вижагии исмоилия ин аст, ки чун ҳамеша “ҳама чизҳои пешқадамро мепазирад ва пайравонаш пойбанди тундгароиву фундаментализм нестанд”.

"ПИР"-ҲО АЗ СИБИР БАРНАГАШТАНД

Халифа Сангмамад аз суоли мо дар бораи чӣ гунагии намозу рӯзаи исмоилиҳо тааҷҷуб кард. “Исмоилиҳои Бадахшон ҳама фарзҳои исломро иҷро мекунанд, чун ҳама мусалмонҳои олам панҷ вақт намоз мегузоранд ва аммо се бор дар як рӯз – субҳ, шом ва хуфтан “дуои муборак” ҳам мехонанд, ки танҳо хоси онҳост”, гуфт ӯ. Вале, афзуд халифа Сангмамад, исмоилиҳо чун дигар шиъагон дар моҳи Рамазон таровеҳ намехонанд, зеро таровеҳхонӣ замони Паёмбари ислом ва халифаи аввал роиҷ набуд.

Пайравони исмоилия на дар масҷид, балки дар ҷамоатхона намоз мегузоранд. Солҳои пеш дар ҳар ҷамоатхона ҳатман акси Оғохон ва Ҳазрати Алӣ буд ва рӯзҳои идҳои мазҳабӣ шамъ фурӯзон мекарданд. Халифа Сангмамад мегӯяд, ҳоло дар ҷамоатхонаҳо на акс аст ва на шамъ, зеро набояд чизе таваҷҷӯҳи намозгузорро аз ибодат дур накунад. Вале ҷамоатхонаҳо дар ҳама рустоҳо нестанд, аз ин рӯ солҳои охир анъанаи бо навбат дар хонаи яке аз сокинон хондани намози ҷумъа роиҷ шудааст.

Арӯсӣ дар Бадахшон

Дар ҳоле, ки аксҳоро аз ҷамоатхонаҳо барчиданд, то ҳанӯз дар девори баъзе хонаҳои помирӣ аксҳои зардшудаи имом Оғохонро метавон дид, ки онҳоро замони шӯравӣ миёни курпаҳо пинҳон мекарданд. Ин аксҳоро аввалҳои қарнҳои 20 "пир"-ҳо аз Афғонистону Покистон ҳамроҳ бо фармонҳои имом меоварданд.

Мардум он айём аз деҳкадаҳои худ берун намеомаданд ва фақат "пир"-ҳо пиёдаву савора ба дидору имом Оғохон мерафтанд. Ба гуфтаи Шодихон Юсуфбеков, ҳоло дар Бадахшон "пир" намондааст – баъди омадани болшевикҳо иддае аз онҳо, ки солҳо пуле миёни исмоилиҳо ва имом Оғохон буданд, Бадахшонро тарк намунанд, дигарҳо солҳои 30-юм ба Сибиру Қазоқистон бадарға шуданд.

ШОҲЗОДА ОҒОХОН ИМОМИ ИСМОИЛИҲОИ ҶАҲОН

Исмоилиҳои Бадахшон ба мисли исмоилиҳои дигари дунё ба Имом Оғохон эътиқод доранд ва ба ҳар амри ӯ итоат мекунанд. Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ ё Оғохони 4, ки тақрибан 60 сол боз имоми исмоилиҳост, дар Бадахшон аз обрӯи беандоза бархӯрдор аст. Мардум мегӯянд, агар кӯмаки ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон намебуд, шояд қаҳтӣ боиси ҳалокати ҳазорон нафар мешуд.

Айни ҳол дар олам тақрибан 20 миллион нафар аз исмоилия пайравӣ мекунанд. Онҳоро дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса метавон вохӯрд. Яке аз бузургтарин ҷамъияти исмоилиҳо дар олам – тақрибан 150 ҳазор нафар дар вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон ба сар мебарад.