Гумонҳои марги раҳбари “Давлати исломӣ” бештар мешаванд

Пас аз як ҳафтаи ҳадсу гумонҳои сӯзон дар бораи вазъи саломатии раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” сомонаи муҳофизакорони Эрон хабар дод, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ дар бемористоне дар Исроил даргузашт.

Хабаргузории Fars News, ки бо Сипоҳи Посдорони Инқилоб наздик аст, рӯзи 26 апрел навишт, пизишкони бемористоне дар Ҷулони ишғолшуда аз тарафи Исроил натавонистанд, Бағдодиро баъд аз захмӣ шуданаш дар як “ҳамлаи якҷояи артиши Ироқ ва нерӯҳои мардумӣ” аз марг наҷот диҳанд.

Ҳафтаи гузашта Guardian гузориш дод, ки Бағдодӣ шадидан захмӣ шудааст ва ҷароҳатҳо ба ҳаёти ӯ таҳдид мекунанд. Ин хабар сели гумонҳоро дар бораи вазъи раҳбари гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба бор овард.

Guardian ба нақл аз манбаи худ – мушовири ҳукумати Ироқ, Ҳишом ал-Ҳошимӣ гуфт, Бағдодӣ рӯзи 18 март дар ҳамлаи ҳавоии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида дар вилояти нуҳуми Ироқ захмӣ шудааст. Вазорати дифои Амрико дертар рад кард, ки дар ин ҳамла Бағдодӣ осеб дидааст.

Fars News мегӯяд, гурӯҳи “Давлати Исломӣ” аллакай ба номи раҳбари нави худ Абдулраҳмон ал-Шайҷар мулаққаб ба Абӯ Алӣ Афрӣ савганд ёд кардааст.

Маҷаллаи Newsweek ҳафтаи гузашта гуфт, Афрӣ, собиқ омӯзгори физика, ба ҷои Бағдодӣ то замони шифо ёфтани ӯ аз захмҳои ҳарбие, ки дар бораашон хабар дода шудааст, масъулияти созмонро дар дӯш хоҳад дошт.

Ҷудо аз он ки Форс мегӯяд, Бағдодӣ на танҳо сахт маҷрӯҳ шудааст, балки дар ҳолати “марги клиникӣ” аст, ду унсури асосие аз сарнавишти раҳбари ДОИШ мавҷуд аст, ки аз иттилои манобеи дигар фарқ мекунанд.

Аввалан, дар ҳоле ки Fars News ба дунболи Guardian аз захмӣ шудани Бағдодӣ дар ғарби Ироқ дар рӯзи 18 март хабар медиҳад, инро натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида наменомад. Ба ҷои ин мегӯяд, ки Бағдодӣ аз ҳамлаи артиши Ироқ ва ниманизомиёни шиъа, ки Эрон ба онҳо ёрӣ медиҳад, захмӣ гаштааст.

Дуюм, Форс мегӯяд, Бағдодӣ дар бемористони исроилие зери муолиҷаи пизишкон қарор гирифт, ки дар наздикии марзи Сурия аст. Ин нукта дар ягон гузориши марбут ба сарнавишти Бағдодӣ зикр нашудааст.

Fars News дар ҳоле чунин гузориш медиҳад, ки бархе аз намояндагони давлати Эрон Исроил ва хадамоти ҷосусии он Моссадро масъули таъсис ва кӯмак ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” меноманд. Барои намуна, моҳи ноябри соли гузашта ноиби вазири умури хориҷи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба Форс гуфт, Моссад на танҳо “дар созмон ёфтани ДОИШ нақше” дошт, балки дар “амалкардҳои он мадад мерасонад”.

Дар ҳоле ки хабари марги Бағдодӣ рӯзи 27 апрел пайн мешавад, ҳаммуалифи гузориши захмӣ шудани Бағдодӣ дар Guardian, хабарнигори он Мартин Чулоу дар Твиттер чунин навишт.

Чулоу гуфт, наметавонад овозаҳои марги Бағдодиро тасдиқ кунад ва манбаъҳои ӯ мегӯянд, раҳбари гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ҳанӯз зинда аст. “Сутунмӯҳраи ӯ осеб дидааст”, м егӯяд Чулоу ва гӯё Бағдодӣ дар бемористони Мосули Ироқ зери назари табибон аст.

Фаъолони матбуотии гурӯҳи “Давлати Исломӣ” низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари марги Бағдодиро рад мекунанд.

Рӯзи 25 апрел яке аз ин фаъолони русизабон Мурод Атаев 450 пайрави худро дар Фейсбук огоҳ кард, ки ба овозаҳои марги Бағдодӣ бовар накунанд.

Ҷоана Парасшук