Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки гурӯҳи “Давлати Исломӣ” барои таҳкими ҳузураш дар Афғонистон маблағи 70 миллион доллар ҳазина кардааст ва барои кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Онҳо ба наздик шудани "ҷуғрофиёи бесуботӣ" ба марзҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон таъкид карданд ва гуфтанд, ки иттиҳоди давлатҳои минтақа бештар аз ҳар вақти дигар зарур аст.
Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 6-уми октябр дар ҳамоиши “Манофеи миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии геополитикӣ” гуфт, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо миллионҳо доллар "садоқат"-и мардуми бекор дар он сӯи марзро харидорӣ мекунад.
Ба таъкиди ҷаноби Холиқназар, дар шароити феълии бекорӣ ва идомаи ҷанг дар Афғонистон, мардуми оддӣ бо дарёфти маблағе аз “Давлати исломӣ” метавонад ба сафи ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд ва хоҳу нохоҳ фармудаи ин гурӯҳро иҷро кунанд: “Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки Афғонистон 40 сол инҷониб ноором аст, ҳар дуввумин нафар дар ин кишвар ҷангист. Дар ин ҳолат, агар онҳо маблағгузорӣ шаванд, ба як артиши бузургу нерӯманд табдил меёбанд ва мубориза бо онҳо кори саҳл нахоҳад буд. Чунин таҳдидҳо шадиданд ва дар муқобили он бояд омода бошем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эрмек Сарибаев, консули Қирғизитон дар Тоҷикистон, ки дар баҳси рӯзи сешанбе иштирок дошт, гуфт, ки бо ташаннуҷи авзоъ ва густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ба хусус “Давлати Исломӣ” дар Афғонистон, сохторҳои қудратии ин кишвар дар амри мубориза бо ин гурӯҳҳо ба мушкил мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Вай гуфт, ки “нерӯҳои Афғонистон ҳам дар алоҳидагӣ наметавонанд бо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ мубориза баранд. Дар ҳоли ҳозир сафи артиши милли Афғонистон аз 260 ҳазор сарбоз иборат аст ва тибқи нақша теъдоди сарбозони артиш дар соли 2017 коҳиш дода мешавад ва то ҳанӯз маълум нест, ки тақдири сарбозони ихтисоршуда чӣ хоҳад шуд. Вазъи бекорӣ дар Афғонистон эҳтимоли ҷалби онҳоро ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар мекунад. Ҳоло вазъ то андозае мураккаб ва нигаронкунанда шудааст, ки эҳтимоли кӯчиши бесуботӣ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳаммарз вуҷуд дорад."
Аммо ширкатдорони ҳамоиши Душанбе бар ин боваранд, ки нақши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз фаъолияти гуруӯҳҳои терорист ва ифротгаро калидист. Ба бовари онҳо, гурӯҳҳои ифротгарои он сӯи марз, яъне Афғонистон аз нерӯи СПАД ҳарос доранд ва ба ин далел ҷуръат накарданд, ки ба пули миёни Шерхон Бандар ва Панҷи Поён наздик шаванд.
Таҳлилгарони амнияти минақавӣ мегӯянд, ҳарчанд ҳуҷуми гурӯҳии террористон ба кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ғайримикон аст, аммо ин нерӯҳо метавонанд ба таври пароканда ба хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд.
Ба таъкиди иддае аз ширкатдорони нишаст, гурӯҳи “Давлати Исломӣ ”ба фарқ аз Толибон, ки идеяи фаромилӣ ва худкифоягии иқтисодӣ дорад, миқёс ва навъи хатарро низ тағйир додааст. Ин гурӯҳи террористӣ аз назари имконот ва истифодаи абзорҳои муосири иттилоотӣ пешрафта аст ва метавонад шаҳрвандонро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як лагери муттаҳид ба ҳам биёрад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Виктор Харченко, як масъули сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки Маскав ҳамлаи мусаллаҳона ба як кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро ҳамла ба ҳамаи давлатҳои узви ин созмон арзёбӣ мекунад ва бар пояи созишҳои ин созмон амал мекунад. Ӯ гуфт, ки бесуботӣ дар Афғонистон метавонад кишварҳои ҳамсояро бо мушкили муҳоҷирони иҷборӣ, афзоиши ирфотгароиву ҷиноятҳои фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯ ба рӯ кунад. Русия, ки то соли 2005 дар Тоҷикистонро бо Афғонистон ҳазорҳо аскар дошт, аз оғози нооромиҳо дар шимоли Афғонстон борҳо аз забони сиёсатмадоронаш ба эҳтимоли бозгашташ ба ин марзҳо ишора кардааст.”
Зимнан дар ин ҳамоиш гуфта шуд, дар баробари таъсири омилҳои берунӣ ба амнияти кишварҳои минтақа, омилҳои дохилӣ низ набояд сарфи назар шавад. Дар шароите, ки манфиатҳои абарқудратҳо ба ҳамдигар бархӯрд доранд ва таҳдидҳои амниятӣ кишварҳоро гирди ҳам овардааст, ихтилофи назарҳо дар миёни кишварҳои минтақа низ метавонад хатарнок бошад.
Дилшод Муллоев, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, “мо бештар вақт Афғонистону Сурияро ҳамчун омили таҳдид ба амният ном мебарем, омилҳои дохили минтақа аз қабили матраҳ намудани дипломатия об, самимият дар масаъалаи байни марзӣ, тақсими демаркизатсия кардани сарҳадҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, фасод ва шуғл дар дохили давлатҳо, аз омилҳое ҳастанд, ки таҳдид ба амнияти давлативу миллӣ доранд. Мутаассифона дар ҳамин самт воҳид будан ҳанӯз шакл нагирифтааст.”
Ҳамоиши таҳлилгарон дар Душанбе рӯзи 6 октябр ба ибтикори Маркази таҳқиқоти стартегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд вадар кори он мақомоти давлатӣ - сафирони Қазоқистону Беларус, намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳлилгарони минтақаӣ иштирок карданд.
Ширкатдорони нишаст гуфтанд, ки тағийрот дар муносибати қудратҳои ҷаҳонӣ, сояи худро болои вазъи амниятии ҷаҳон,аз ҷумла Осиёи Марказӣ мегузорад ва Афғонистон, ки дар таърих ҳамчун минтақаи буфер шинохта мешуд, аз сӯи яке аз ҷонибҳои геополитикӣ тақрибан фурӯ бурда шудааст ва хатти таниши қудратҳо ба Осиёи Марказӣ интиқол меёбад.
Дар гузориши Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳронҳо, барои соли 2014 тахмин зада мешавад, ки дар сафҳои ДОИШ аз кишварҳои Осиёи Миёна аз 2 то 4 ҳазор нафар дар ҷангҳо ширкат доранд.