ҲНИТ дар баробари фишорҳо хештандориро пеша кард

Нишасти Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо тасмими хештандорӣ дар баробари фишорҳои мақомоти ҳукумат, анҷом ёфт.
Нишасти дурӯзаи Раёсати олии ҲНИТ бо қабули се қарори аслӣ дар баробари фишорҳое, ки тайи як соли ахир мақомот ба аъзои ин ҳизб дар навоҳии кишвар раво мебинанд ва таблиғи зидди ин ҳизбро мекунанд, ба анҷом расид.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 9 апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки тайи ду рӯз дар нишасти Раёсати олии ҳизб суханронӣ ва гузориши масъулони бахшҳои ҲНИТ дар вилоятҳо ва навоҳии кишвар шунида ва пешниҳодҳои онҳо дар баробари фишорҳои мақомоти давлатӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба нақли Саидумар Ҳусайнӣ, лаҳни суҳбати намояндагони ҳизб дар масъалаи фишору таъқибҳои мақомоти давлатӣ дар баробари аъзои ҳизб бисёр тунд буд ва пешниҳодҳо низ аз аксуламалҳои сангин иборат буданд. Аммо ба гуфтаи вай, дар ин ҳол Раёсати олӣ пас аз шунидани ин ҳама пешниҳодҳо қарор қабул кард, ки ҳамчун ҳизби сиёсии бонуфуз, мавқеи хештандориро пеша кунад ва дар баробари фишорҳо, оромию суботи кишварро эҳтиром гузорад.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ.

Қарори дигар ин шуд, ки бо намояндагии аъзои Раёсати олии ҳизб, гуруҳҳо таъсис шуда ба навоҳии кишвар фиристода шаванд ва бо мардум барномаҳои ҳизбро шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Ба қавли Саидумар Ҳусайнӣ, Раёсати олии ҳизб ҳамчунин қарор кардааст, то аз раиси ҷумҳур хоҳиш карда шавад, ки раҳбари ҲНИТ ва ду намояндаи дигари ин ҳизбро ба ҳузур пазирад, то масъалаи фишору таъқибот бо ӯ дар миён гузошта шавад. Зеро ба қавли ҷаноби Ҳусайнӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон шояд аз ин рафтори мақомот дар нисбати ҲНИТ огоҳӣ надорад.

Саидумар Ҳусайнӣ ба нақл аз гузоришҳои намояндагони ҳизб дар навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар мегӯяд, ки воқеан фишору таъқиботи аъзои ҲНИТ дар сартосари кишвар идома дорад.

Ва баъзе аз раисони бахшҳои ҳизб пешниҳод кардаанд, ки дар баробари ин фишорҳо аксуламали нишон дода, дар навоҳии кишвар бемасъулиятии мақомоти давлатӣ ва иштибоҳҳои ҳукумати кишварро ба мардум бирасонанд ва дар манотиқи кишвар даст ба созмону ташкили гирдиҳамоиҳо зананд.

Аммо меафзояд ҷаноби Ҳусайнӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон роҳи мусолиматомез ва хештандориро афзал мешуморад.