Ислом Каримов, ки аз соли 1989 зимоми қудрат дар Узбакистонро дар даст дорад, зоҳиран дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳури ин кишвар ба ҳайси довталаби асосӣ иштирок хоҳад кард. Ин интихобот рӯзи 29 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Номзадии Каримов рӯзи 15 январ дар анҷумани муштараки ҳизби либерал-демократ ва Ҳаракати тоҷирон ва соҳибкорони Узбакистон пешбарӣ шудааст. Вакилони анҷуман аз номзадии Каримов “якдилона” пуштибонӣ кардаанд.
Ҳамчунин рӯзи 15 январ анҷумани ҳизби халқии демократӣ(собиқ ҳизби коммунист)-и Узбакистон раиси Шӯрои марказии ин ҳизб Ҳотамҷон Кетмоновро ба ҳайси номзад ба интихоботи президентии моҳи март пешбарӣ кард. Кетмонов, ки дар саҳнаи сиёсии Узбакистон нуфузе надорад ва барои мардуми он кишвар низ то кунун як чеҳраи ноошное буд, зоҳиран танҳо ба хотири алтернативӣ ҷилва додани ин маърака роҳии интихобот мешавад.
Аз ин пеш, моҳи майи соли гузашта, худи Ислом Каримов дар як конфронс дар Самарқанд гуфта буд, ба ин наздикиҳо мақомашро тарк карданӣ нест. “Ман аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки барои дарозмуддат дар қудрат монданам интиқод мешавам. Ман интиқод мешавам, аммо ман хоҳам монд. Аз ман интиқод мекунанд, вале ман мехоҳам кор кунам. Будани ман чӣ мушкил дорад?" - суол гузошта буд ӯ.
Дар интихоботи қаблии Узбакистон, ки 22 декабри соли 2007 баргузор шуд, Ислом Каримов, бино ба натиҷаҳои расмии эълоншуда, бо дарёфти беш аз 88 дарсади раъйи мардум комёб шуда буд. Се номзади дигар аз 2,8 то 3,1 дарсад овоз гирифтанд.
Соли 2011 дар Узбакистон қонуне қабул шуд, ки бар пояи он мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз ҳафт то панҷ сол коҳиш дода шудааст.
Ислом Каримов аз соли 1988 ба ин тараф дар қабзаи оҳанин Узбакистони 30 миллионнафараро нигаҳ медорад. Ин кишвар ҳамвора барои назорати шадиди ҷомеа ва маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон интиқод шудааст.
Дар авоили соли гузашта хабарҳо нашр шуда буд, ки Ислом Каримов аз саломатии хуб бархӯрдор нест, аммо мақомоти Узбакистон онро рад карда буданд. Каримов зодаи шаҳри бостонии Самарқанд аст. Ӯ 30 январи соли ҷорӣ 77-сола мешавад ва кӯҳансолтарин аз раҳбарони феълии кишварҳои Осиёи Марказист.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳукумати ӯро ба поймол кардани ҳуқуқи инсон ва ба зиндон андохтани садҳо нафар аз дигарандешон айбдор мекунанд. Кишварҳои Ғарб дар соли 2005 дар пайи саркӯби хунини эътирозҳои Андиҷон алайҳи ҳукумати Каримов таҳримот ҷорӣ карда буданд.