Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар доданд, ки Парвиз Саидраҳмонов, яке аз мубаллиғони тоҷики ДОИШ-ро "рӯзҳои наздик" ба кишвар меоранд. Саидраҳмонов бештар бо номи "Абу Довуд" машҳур аст ва ҳоло дар зиндони Африни Сурия нигоҳ дошта мешавад. Модари Парвиз гуфт, дар бораи истирдод шудани писараш огоҳ аст, вале намедонад, ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. Мақомоти Туркия ва Сурия дар ин бора чизе нагуфтаанд ва тасдиқи хабар аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.
Музаффар Юсуфӣ, як масъули Додситонии кул, рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ ва дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ роҷеъ ба тақдири ин ҷангҷӯи тоҷик гуфт: "Барои ба Тоҷикистон овардани Парвиз Саидраҳмонов аллакай як қисми корҳо ба анҷом расидааст."
Ӯ илова кард, "умед дорем, ки масъала ҳалли худро пайдо мекунад ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ба ғайр аз Саидраҳмонов роҳбарони ин гурӯҳи террористӣ, ки ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон машғул буданд ва ҳоло дар зиндонҳои Сурияву Ироқ қарор доранд, ба кишвар истирдод карда мешаванд. Аз ҷумла, мо муайян кардем, ки Тоҷиддин Назаров бо номи "Абу Усомаи Норакӣ" ҳам онҷо ҳаст", -- афзуд Музаффар Юсуфӣ.
Ин ду нафар дар Тоҷикистон ба тундгароӣ, узвият дар созмонҳои террористӣ ва зархаридӣ муттаҳам мешаванд.
Муҳаббат Маҳмудова, модари Парвиз Саидраҳмонов рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи писараш танҳо аз матбуот хабар пайдо мекунад ва як сол боз аз сарнавишти ӯ иттилое надорад.
Ин модар гуфт, моҳи январи соли 2019 бори охир бо писараш тамос дошт ва Парвиз гуфтааст, ҷанг хотима ёфт ва ӯ мехоҳад ба ватан баргардад. "Вақте ба воситаи ИМО ба ман занг зад, мӯйи сараш кӯтоҳ ва ришаш гирифта буд. Гуфт, очаҷон, ҷанг тамом шуд, яроқҳоро супоридем, агар тавонистам аз Туркия баромада меравам. Лекин агар давоми як ё ду моҳ бо шумо ба тамос набароям, дониста бошед, ки боздошт кардаанд. Дигар намедонам, ки дар куҷо аст", -- афзуд модари Парвиз.
Муҳаббат Маҳмудова гуфт, аз хабарҳо дар мавриди истирдоди писараш ба ватан хушҳол аст, аммо намедонад бо ӯ дар инҷо чӣ иттифоқе хоҳад афтод.
Қаблан як мақоми интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо "роҳҳои ба Тоҷикистон баргардонида ва ба ҷавобгарӣ кашидани Парвиз Саидраҳмонов ва Тоҷиддин Назаровро баррасӣ мекунанд".
Мақомоти Шветсия қаблан гуфта буданд, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо Раҳмат Оқилов, ташкилкунандаи аслии ҳамлаи Стокҳолм дар алоқа будаанд. Дар ин ҳамла дар рӯзи 7-уми апрели соли 2017 панҷ нафар кушта ва даҳ тани дигар захмӣ шуданд.
Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абу Довуд, яке аз мубаллиғони асосии ДОИШ аз Тоҷикистон, айни ҳол дар зиндони шаҳраки Африни Сурия нигаҳ дошта мешавад. Ба гуфтаи манобеъ, ин сокини 33-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми фирораш аз шаҳри Бағуз, охирин такягоҳи ДОИШ дар вилояти Идлиби Сурия дастгир шудааст.
Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ моҳи январи соли гузашта ва дигар манобеъ гуфтаанд, ки Саидраҳмонов тобистон дастгир шудааст. Ҷавони тоҷик аз ибтидои таъсиси ДОИШ дар соли 2014 пайваста дар видеоҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешуд ва ақидаҳои ин созмони ифротиро ба забони тоҷикӣ таблиғ мекард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таҳқиқи Озодӣ: Ду узви дигари ДОИШ аз Тоҷикистон дар зиндонҳои СурияТелевизиони TRT-и Туркия рӯзи 23-юми ноябри соли гузашта гузориши муфассалеро дар бораи зиндоне дар шаҳраки Африн намоиш дод, ки дар он Парвиз Саидраҳмонов дида мешуд. Ӯ дар ин гузориш ба забони арабӣ суҳбат мекард ва мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва ба Сурия, "барои ҷанг омадааст". Ӯ худро ба хабарнигори дигари турк Фирдавс ва аз Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Дар воқеъ дар моҳи июни имсол хешовандони Парвиз Саидраҳмонов гуфтанд, ки ӯ бо модару хоҳараш тамос гирифта ва 6 ҳазор доллар хостааст, то ӯро "аз дӯзах халос кунанд". Парвиз Саидраҳмонов дар гузориши телевизиони туркӣ мегуфт, ки дар Русия видеоҳо дар бораи ҷанги Сурияро тамошо карда ва аз онҷо ба ин кишвари Ховари Миёна рафтааст.
Ҷангҷӯи дигар аз Тоҷикистон Тоҷиддин Назаров маъруф бо номи Абу Усомаи Норакӣ ҳам баъди суқути ДОИШ дар Сурия ба размандагони курд таслим шуд ва дар зиндоне бо номи Ҳаққулумр дар шаҳри Дайр-аз-Зур нигаҳ дошта мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ба зиндон маҳкум шудаанд.