Ахиран раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз роҳ ёфтани намояндагони равияи cалафия ва пайравони "мазҳаби шиаи исноъашарӣ" ё дувоздаҳимома дар мақомҳои давлатии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.
Муфтии мусулмонони Тоҷикистон гуфт, ки пайравони равияи салафия дар мақомҳои давлатии Тоҷикистон ҷой гирифта, бо тарғиби ақидаҳои худ машғул мебошанд.
Ҷаноби Абдулқодирзода рӯзи 16-уми апрел дар мулоқот бо фаъолону имомхатибон ва ҷавонони дар шаҳри Кӯлоб аз он изҳори таассуф кард, ки мутаассифона, мешунавем, ки то ҳадду андозае баъзан аз ин гурӯҳҳо, яъне намояндагони равияи салафӣ ва мазҳаби шиаи исноъашарӣ дар мақомҳои давлатӣ ҳам ҷой гирифтаанд, кор мекунанд ва барои густариш додани ақидаҳои худ талош доранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба фаъол шудани ин гуна гурӯҳҳо ва хатари таблиғи ҳар чӣ бештари ақидаҳои онҳо, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз имомхатибону домуллоҳо даъват кард, то дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз андешаҳои бегона ва носолим барои ҷомеа аз исломи асл кор бигаранд ва бетараф набошанд.
Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносон бар ин боваранд, ки ҳукумати кишвар мавзеъгирияш дар муқобили салафияро нармтар кардааст. Дар навори зер ин мавзӯъ бо рӯҳониён, ҳуқуқшиносон ва коршиносони масоили мазҳабӣ дар миён гузошта шудааст:
Пайравони равияи салафия аксаран дар Арабистони Саъудӣ ба сар мебаранд ва шохаи исноашарии мазҳаби аҳли ташайюъ, ки ба 12 имом бовар доранд, дар Эрон зиндагӣ мекунанд. Аз 97 дарсад аҳолии мусалмони Тоҷикистон беш аз 90 дарсадаш сунниҳои пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ва танҳо камтар аз 10 дарсад пайрави равияи исмоилияи мазҳаби шиа мебошанд. Аммо дар солҳои охир, бахусус дар пайи боз шудани дари мадрасаҳои хориҷӣ барои таҳсили толибилмони тоҷик дар Тоҷикистон асосан аз ҳисоби хатмкардаҳои ҳамин мадорис пайравони равияҳои, ба истилоҳ, "навбаромад"-е ҳам пайдо шуданд, ки ба гуфтаи рӯҳониёни суннатӣ, ихтилофро дар байни ҷомиа бештар мекунад