Чунин ба назар мерасад, ки тақозои қонуни танзими расму оинҳо натиҷаҳои муайяне ба бор меорад ва дар арӯсиҳои зиёди солҳои охир баъзе маъракаҳои пурхарҷи арафаи тӯй, назири либосбарон, фотиҳатуй ва монанди ин ихтисор мешавад.
Бисёр хонаводаҳо аз бурдани ҷиҳози арӯсӣ ва матоъҳои рангобарангу кӯрпаю болишт ва маводи ғизо даст кашида, ин бахши суннатҳои арӯсиро бо пардохти маблағи муайян такмил мекунанд.
Фирӯзаи 24-сола, ки ба наздикӣ хонадор мешавад, мегӯяд, хонаводаи домодшаванда барои ӯ, на ҷиҳози арӯсӣ, балки, 2500 доллар ё муодили 12 ҳазор сомонӣ маблағ додаанд. Вай мегӯяд, ҳарчанд ин миқдор пул барои харидории ҷиҳози арӯсӣ басандагӣ намекунад, аммо метавонад, камбудиҳои муайянро бипӯшонад: «Нисбат ба оне, ки хонаводаи домод барои ман сарупои арӯсӣ меоварданд, пулашро доданд ин беҳтар аст. Чунки онҳо, бо нархи гарон матоъ харидорӣ мекунанд ва он ба арӯс писанд мешавад ё не, маълум нест. Баъд ин, ки ин маблағ ҳам дар ин замон чандон басандагӣ намекунад, нархи бозор хеле гарон аст».
Фирӯза бар ин аст, ки аз молу чизи зиёд барояш ҳаёти оилавии хушбахт муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст. Аммо Парвина, як арӯсшавандаи дигар, гуфт аз тағйирёбии расму оинҳои бобоӣ нороҳат аст ва мутмаин аст, ки аз ин ҳама ихтисорҳои хароҷоту ташвишҳои арӯсӣ чандон хушҳол нест.
Агар дар солҳои қаблӣ маросими туй аз бурдани ҷиҳози арӯсӣ, матоъҳои зиёди рангоранг, пахта ва маводи ғизо шуруъ мешуд, ҳоло ҷониби домод ин масъулиятро бо пардохти аз 1, 5 то 3 ҳазор доллар ба хонаводаи арӯсшаванда, яъне мувофиқи тавонаш, табдил кардааст. Ин маросим, ки дар манотиқи гуногуни кишвар бо исми либосбарон ё фотиҳатӯй ва монанди ин маъруф аст, дар ҳоли аз байн рафтан қарор дорад.
Дар ин авохир шеваи маросими издивоҷи арӯсу домод ба шаклҳои гуногун анҷом мешавад. Вале баъзе ҷомеашиносон мегӯянд, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ, афзоиши талоқ ва камшумории мардҳо нисбат ба занҳо тағйироти ҷиддиро дар масъалаи интихоби ҳамсар ва куллан шеваи издивоҷ ба миён овардааст, аз анъанаҳо набояд пурра даст кашид.
Дилшод Раҳимӣ, фолклоршиноси тоҷик мегӯяд, дар гузашта дар ҷашни арӯсӣ одате буд, ки ба хонаводаи арӯс ҷиҳоз меоварданд. Ва аз ҳамин лаҳзаҳо робитаи хешу табории ҷониби домоду арӯс оғоз меёфт ва ҳамин диду боздидҳо метавонист, баъзе мушикилиҳоро аз байн барад. Ҳоло бошад пули нақд медиҳанд, то арӯс ҷиҳози мехостаи худашро харидорӣ кунад.
Ба бовари фолклоршинос, ин шеваи маросими издивоҷ кори арӯсонро то ҷое осон мекунад ва онҳо ҷиҳози мехостаи худашонро мехаранд, аммо аз сӯи дигар ин як навъ беқадрии арӯсонро низ нишон медиҳад, ки гуё арӯсро мехаранд. Дилшод Раҳимӣ меафзояд, «бигузор харҷи он аз байн равад, аммо оинҳоро аз байн набояд бурд. Зеро вақте ки анъанаҳо аз миён меравад, зиндагӣ мисли сохта ҷараён мегирад. Барои ҳамин фикр мекунам, қонуни танзим зидди ин чизҳо нест ва харҷро танзим мекунад ин рафту омади хешони арӯсу домодро манъ намекунад. Ҳоло ҳастанд арӯсу домоде, ки ҳамдигарро то рӯзи туй намебинанд, ки ин ҳолат барои ноустувории оила боис мешавад.»
Марямбӣ Холова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи қабл барои номзади писараш маблағи ҷиҳози арӯсӣ бурдааст, бо ишора ба афзоиши духтарони бешавҳар мегӯяд, бояд бо камтарин ҷиҳоз волидон ба издивоҷи фарзандонашон монеъа нашаванд, аммо: «Ҳамон 1000-2000 доллар диҳанду духтарро баранд, ин маънӣ надорад. Барои ҳамин хуб аст, ки ҳамон анъанаи фотиҳатуй баргузор шавад ва ба духтардор ба ҳамон маблағ сарупо баранд. Ин чӣ маънӣ дорад, ки 1000 -2000 доллар медиҳанду арӯсро мебаранд, на орзуву на ҳавас».
Ҷомеашиносон мегӯянд, ҳарчанд дар гузашта мардуми тоҷик маъмулан фарзандонро бо тӯю сур, анъанаҳои мухталиф ва дар ҳузури ба истилоҳ дӯстони наздикашон хонадор мекарданд, аммо дигаргуниҳое дар шеваи баргузории издивоҷи ҷавонон ба миён омада, бархе чунин анъанаҳоро шикастааст. Ин омилҳоро таҳлилгарон ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, муҳоҷирати корӣ, афзоиши талоқ ва омезишҳои фарҳангӣ марбут медонанд, ки қисме аз он аз Ғарб ворид шудаанд. Вале Дишдод Раҳимӣ фолклоршиноси тоҷик мегӯяд, тақлид ба Ғарб метавонад ҷойгоҳи анъанаҳои мардумиро дар кишвар холӣ гузорад.
Бо он ки шеваи издивоҷ бо пардохти пули нақд, тарафдорону мухолифони зиёде дорад, аммо ин амр дар пайи маврид иҷро қарор гирфтани "Қонун дар бораи танзими расму оийн ва маросимҳо", ки дар шаш соли пеш қаблу шуда буд, рӯи кор омадааст.
Ҳадафи аслии қонуни танзими расму оинҳои пурдабдаба ва исрофкоронае аст, ки аз замони шуравӣ боқӣ монда буд. Ҳамакнун мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи иҷрои ин қонун аз маросимҳои пурмасраф ҷилавгирӣ шуда ва зиндагии мардум низ ба низом ва беҳбуд ёфтааст.
Оҷонси омори Тоҷикистон теъдодии умумии занҳоро дар кишвар ба 49,5 дарсади аҳолӣ баробар медонад. Ва тибқи омори расмӣ, ба 1000 зан дар кишвар 1020 мард рост меояд. Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографии Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар давоми соли 2013 бештар аз 41 ҳазор чуфти ҷавон ақди никоҳ баста, аммо ҳудуди 4 ҳазор оила баръакс аз ҳам пошидааст. Аммо созмонҳои ғайридавлатӣ ин рақамро бамаротиб бештар мешуморанд.