Тоҷикистон аз Русия бо баҳои ҷони шаҳрвандонаш дифоъ мекунад ва
аммо дар посух таҳқиру озор мебинад.
Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, маҷмааи кайҳонии «Окно»-ро «чашму гӯши Русия» ва хатари ҷиддӣ барои мардуми Тоҷикистон мехонад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати низои «мушакӣ» миёни НАТО ва Русия қабл аз ҳама «Окно» ҳадафи ҳамла қарор мегирад. «Пойгоҳҳои ҳавоии НАТО дар Туркия, дар Ҷопон, дар уқёнуси Ҳинд аст ва мушакҳои онҳо баъд аз чанд дақиқа ба Тоҷикистон мерасанд. Ин хеле хатари ҷиддӣ аст ва тоҷикҳо бо ҳастии худ амнияти Русияро ҳимоя карда истодаанд. Чаро ин чизро мо наметавонем ба ҷаҳониён фаҳмонем?" Русия, аз нигоҳи сиёсатмадори тоҷик, аҳамияти ин маҷмааи кайҳониро дидаву дониста ночиз нишон медиҳад.
Сиёсатшиносони тоҷик мегӯяд, ки каму ночиз арзёбӣ кардани аҳамияти геостратегии Тоҷикистон ба як бахши сиёсати Кремл табдил шудааст.
Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтиро пеш гирифтааст, яъне -- каме эъломи ҳамкории стратегӣ бо Русия ва ҳамзамон каме фосилагирй аз ин кишвар, наздикии бештар бо Эрон, равобити иқтисодӣ бо Чин, талоши ҷалби таваҷҷуҳм ҳарчӣ бештари Аврупо, ИМА ва кишвархои араб, талоши сохтани робитахои хос бо Қирғизистону Қазоқистон ва таваҷҷуҳи махсус ба Афгонистон. Аз нигоҳи сиёсатшиносон, кишвархои хурде чун Тоҷикистон ҳамеша ба коршарики боэътимод, қавӣ ва бузург ниёз доранд. Бигирем, Арманистон ва Сербия ба Русия ва Гурҷистон ба Амрико такя мекунанд. Кишварҳои хурди собиқи шӯравии соҳили Балтик солҳо боз худро таҳти ҳимояи Иттиҳодияи Аврупо қарор доданд. Молдавия аз пуштибонии Руминия бархурдор аст. Дар Осиёи Марказӣ Қазоқистон муттакои Киргизистон аст, ҳарчанд бо низоми мавҷуда дар ин кишвар розӣ нест.
Аммо “рӯзи мабодо” Тоҷикистон ба кадом кишвар метавонад такя занад? Оё кишвареро метавон дӯсти воқеъан ҷонии Тоҷикистон номид?
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик ва собиқ муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон бояд қабл аз ҳама ба худаш, ба сиёсати хориҷии худаш такя кунад, то сафи дӯстонаш зиёд ва теъдоди кишварҳои “ғараздор” ҳарчӣ камтар шавад ва рӯзи сахту мабодо ба сараш наояд ва ба пуштибоне мӯҳтоҷ нашавад. Сиёсати хориҷӣ бояд пӯхтаву санҷида бошад ва дар он аз иштибоҳу зиёдаравӣ ва аз аъмоле, ки метавонад ба зиёни манфиатҳои миллӣ хатм шавад, бояд парҳез кард. Ва аммо, меафзояд ӯ, агар рӯзи сахте ба сари Тоҷикистон ояд, “кишварҳое, ки бо Тоҷикистон пайванду решаҳои амиқи дӯстиву ҳамкорӣ доранд, албатта, ёру ёвар ва пушту паноҳаш хоҳанд шуд”. Манзури сиёсатмадори тоҷик ду кишвари ҳамзабон – Эрон ва Афғонистон аст. Ӯ меафзояд, “робитаҳои Тоҷикистонро бо ин ду кишвар ҳеҷ имкон надорад бо робитаҳо бо дигар кишварҳо ҳатто қиёс
кард, зеро решаҳои таърихӣ, гузаштаи таърихӣ, фарҳанг, забон, урфу одат, дин – омили хеле муассир мебошанд”. Ба гуфтаи донишманд, Эрон пуштибонияшро собит ҳам кард, вақте як кишвари ҳамсоя роҳи оҳанро барои Тоҷикистон баст, Теҳрон дар вокуниш роҳҳои оҳанашро барои он кишвар масдуд кард.
Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, "айни ҳол манфиатҳои Тоҷикистон бо манфиатҳои Чин, бархе кишварҳои аврупоӣ, Қазоқистон ва Туркманистон наздик омадаанд, аммо бояд дар ёд дошт, ки дар сиёсати хориҷӣ ва давлатдорӣ манфиатҳо доимӣ нестанд ва тағйир меёбанд".
Раҳматулло Абдуллоев, муаррих ва сиёсатшиноси тоҷик ҳам мегӯяд, ки дар рӯзи душвор фақат кишварҳои ҳамзабон - Эрону Афғонистон муттакои Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон имрӯз бар асари авзои ноорому печидааш тавони пуштибонӣ аз Тоҷикистонро надорад ва аммо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо пазируфтани даҳҳо ҳазор фирориёни тоҷик собит кард, ки қобили эътимод аст. Сиёсатшинос меафзояд, таъмини амният дар Афғонистон боиси рушди Тоҷикистон ҳам хоҳад шуд, зеро аз тариқи хоки он ба бандарҳои Покистону Ҳиндустон роҳ хоҳад ёфт.
Ва аммо рӯзи сахту душвор оё Русия, ки замоне “бародари бузуг” маҳсуб мешуд, дасти Тоҷикистонро хоҳад гирифт? Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, таҷриба нишон дод, ки ба умеди ин собиқ бародари бузург набояд шуд. Тоҷикистон аз кишварҳои ангуштшуморест, ки Русияро ба таври расмӣ шарики стратегии худ хондааст ва аммо ба умеди ин шарики стратегӣ бисёр чизҳоро аз даст додааст. Ба гуфтаи донишманди тоҷик, ҳанӯз соли 2004-ум раисиҷумҳур дар сӯҳбат бо як нашрия русӣ гуфта буд, мо 13 сол интизор шудем, ки кай Русия омада дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ё дигар иншооти бузург саҳм мегирад, ба ин хотир мо пешниҳодҳои дигар кишварҳоро рад кардем. “Аз он гуфтаҳо боз тақрибан даҳ сол гузашт ва аммо Русия дар Тоҷикистон ягон тарҳи
бузурги иқтисодё ё бунёди иншоот ё корхонаи саноатиро рӯи даст нагирифт, мегӯяд донишманди тоҷик, зеро сиёсати хориҷии Русия дар кишварҳои собиқ шӯравӣ фақат рӯи ҳузури низомӣ тамаркуз мекунад”.
Анатолий Чехоев, собиқ вакили Шӯрои Олии СССР ва Думаи давлатии Русия, ҳам иқрор мекунад, ки Русия тайи бист сол дар Тоҷикистон ягон корхона бунёд накардааст ва ин, аз нигоҳи ӯ, идомаи ҳамон сиёсати раисиҷумҳури аввал Борис Елтсин аст, ки солҳои 90-ум ба ҷумҳуриҳои шӯравӣ озодӣ дод ва аммо гуфт, ки “онҳо баъд аз чаҳор-панҷ сол маҷбур мешаванд, ки пеши пойи Русия афтода, барои дубора ба ҳайати он ворид шудан хоҳишу илтиҷо кунанд”. Сиёсатмадори рус ҳам мутмаин нест, ки дар рӯзи сахт Русия дасти Тоҷикистонро бигирад. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло дар сиёсати Маскав вожаи “пуштибон” роиҷ нест ва Владимир Путин чандин бор таъкид кардааст, ки Русия бо Тоҷикистон фақат ҳамкориҳои барои ҳарду тараф судмандро ба роҳ мемонад.
Сӯҳроб Шарифов бо такя ба таҳлилҳои даҳ соли ахираш мегӯяд, Маскав аз имкони рӯ тофтани Тоҷикистон аз Русия ҳам нигарон аст ва аз ин рӯ ҳар сафари мансабдори аз миёна болои кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва ҳар сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бо вокуниши манфии иттилооти Маскав мувоҷеҳ мешавад. Сиёсатмадорон, вакилони Думаи давлатӣ ва коршиносони рус, ба гуфти ӯ, аз тариқи расонаҳои русӣ гӯё таъкид мекунанд, ки ҳушёр бошед, мо ҳар қадами шуморо таҳти назорат дорем. Ҳарчанд, ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, сарвари Тоҷикистон ҳатто дар сафар ба кишварҳои осиёиву арабӣ ба робитаҳои вижааш бо Маскав таъкид мекунад, яъне Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ Русияро шарики аслии стратегияш «нафурӯхтааст ва фурӯхтанӣ ҳам нест».
Сиёсатшиносону таҳлилгарон мегӯянд, тайи солҳои ахир чандин бор Маскав бо таҳқиру озори Тоҷикистону шаҳрвандонашро намоиш дод, ки ин “шарики стратегӣ” пеши Кремл арзише надорад. Аъмоле аз қабили манъи вуруди тавлидот, айбдорсозӣ дар бемориҳои гуногун, ихроҷи муҳоҷирон, тафтиши таҳқиромези қаторҳоро Русия дар баробари ягон кишвари дигари Осиёи Марказӣ ё Қафқоз раво надидааст.
Дар ҳамин ҳол Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд, ки “мо, қабл аз ҳама, дар дохили Тоҷикистон бояд ваҳдати воқеиро ба вуҷуд орем, ки ҳеҷ бегона, ҳеҷ нерӯ аз хориҷ манфиатдор аз заъфи мо набошад ва аз ноаҳлиҳои мо истифода накунад”.