Барои издивоҷ бо духтари 6 - 7 сол бузургтар аз худ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон як ҷавонро мебояд монеаҳои зиёдро пушти сар кунад. Қиссаи издивоҷи Раҷаббекро бо муаллимааш Раъно дар маркази ноҳияи Ёвон аксарият медонанд.
Худи ӯ ошиқ шуданашро чунин қисса кард: “Вақте ман гуфтам, ки дӯстат медорам ва мехоҳам тамоми умр ҳамроҳат бошам, дар аввал бовар накард, хандид. Гуфт, маро масхара мекунӣ. Аммо гуфтам, ин ҳақиқат аст. Баъд гуфт, агар воқеан рост мегӯӣ, хостгор фирист. Ман рафтам, бо падару модар маслиҳат кардам. Гуфтам, ҳамин хел як духтар. Гуфтам, аз худам калон.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҷаббек имрӯз бо табассум аз қиссаи издивоҷаш бо духтари 6 сол бузургтар аз худ ёд мекунад. Аммо 4 соли пеш, ин қисса аслан ҷое барои ханда надошт. Дарёфти розигии волидон, ки тасмими издивоҷи писари донишҷӯяшон бо муаллимаи худро ҳеч фаҳмидан намехостанд, барои Раҷаббек хеле мушкил буд, то ҳадде, ки ӯ дигар аз зиндагӣ дасту дил шуст.
Холмаҳмад Каромов, падари Раҷаббек мегӯяд, агар он рӯз бо писараш иттифоқе рух медод ӯ ҳеҷ гоҳ худро намебахшид: “Вақте писарам аз ман хост ба хонаи муаллимааш хостгорӣ равам, аввал розӣ нашудам. Ман фикр кардам, ки сину соли арӯс аз писарам калон аст ва як-ду сол зиндагӣ мекунанду рафиқонаш ҳатман ӯро оянда масхара мекунанд ва ҳамин тавр оила метавонад вайрон шавад. Баъди посухи рад додани ман писарам қаҳр карду мошинро ба шаст ронд ва дар назди дарёе мошинаш сахт зад. Давидаму баромадам, воҳ гуфтаму дигар чизеро надидам. Дигар намедонам, чӣ хел рафтам. Мошинро ақиб ронда гурехт. Вақте хона омад, камтар ҷанг кардаму баъд розӣ шудем.”
Дар хонаводаи арӯс ҳам гирифтани тасмим осон набуд. Ҷавоби мусбати хостгорҳо баъди як сӯҳбати ҷиддии Раъно бо падар ба даст омад. Раъно мегӯяд: “Падарам гуфтанд, як бор хуб фикр кун. Шавҳарат аз ту хурд аст, оянда чӣ мешавад? Ман мард ҳастам ва мефаҳмам, ин ҷавонӣ аст. Нашавад, ки баъди ду рӯзаш гиря карда, ба хона баргардӣ. Ман ки шавҳарамро хуб медонистам ва чанд сол дарс ҳам дода будам, гуфтам, не, ман ӯро медонам.”
Хабари тӯйи роҳбари синф бо ҳамкурсашон барои донишҷӯёни соли охири омӯзишгоҳи тиббӣ ҳам ғайриинтизор ва боварнокарданӣ буд. Раҷаббек муҳаббати худро ба духтаре бузургтар ва он ҳам муаллимааш то рӯзи тӯй ба дӯстону ҳамсабақонаш ошкор накард. Вай медонист, ки онҳо ҳам мисли волидайн ӯро дуруст дарк нахоҳанд кард. Зеро дар муҳите, ки ӯ зиндагӣ ва таҳсил мекард, издивоҷи ӯ воқеан ғайриоддӣ ва қариб нотакрор ҳам буд. Дар ин муҳит маъмулан ҷавонон бо духтаре оиладр мешаванд, ки дар сину сол ҷавонтар аст ва ин барои бархе мояи ифтихор ҳам ҳаст.
Раъно Абдуллоева, ҳамсари Раҷаббек бо ёдоварӣ аз рӯзи тӯйи худ мегӯяд: “Ҳамаи ҳамкурсонаш, яъне шогирдони ман ҷамъ омада буданд, ҳеҷ кас бовар надошт, ки шавҳарам муаллимаашро ба занӣ гирифтааст. Дар ин аксҳо бубинед, ҳама ҳамин ҷавонон, ба хотири дидани арӯс ва дақиқ кардани ин, ки арӯс воқеан муаллима ҳаст ё не, ба таги чодари ман омада даромаданд.”
Раъно ва Раҷаббек, замоне муаллима ва донишҷӯ, имрӯз ду ҳамкор ва ду табиби соҳибэҳтиром дар маркази ноҳияи Ёвон ба муолиҷаи беморон машғуланд. Бо ҳам хушбахтанд ва агарчӣ тафовути синну соли онҳо бо гузашти 4 сол аз издивоҷ барои бисёре аз ҳамсояву ҳамкорон ҳайратовар боқӣ мондааст, аммо дар хона ва зиндагии шахсӣ байни Раҷаббеки 25 ва Раънои 31-сола ин фарқ аслан аҳамияте надорад.
Раъно мегӯяд: “Дар ҳамаи оилаҳо нофаҳмиҳо мешавад, оилаи мо низ истисно нест, аммо ёд надорам, ки боре вай маро киноя зада бошад, ки ман аз вай бузургсолтар ҳастам. Ман низ фикр накардам, ки агар калон мешуд, чӣ гап мешуд? Дугонаҳоям тавсия медоданд, ки ба ҷавони ҳамсол ё дар синну сол бузургтар хонадор шавӣ беҳтар аст, чун зиндагидида асу булҳавас нест, аммо ман хато накардам ва зиндагиам аз дугонаҳоям беҳтар аст имрӯз.”
Ҷомеашиносони бар ин боваранд, ки принсипҳои суннатии оиладорӣ дар Тоҷикистон, ҳарчанд дар ҳолатҳои хеле кам, вале каме тағйир ёфтааст.
Духтарҳо дар Тоҷикистон имрӯз аксаран дар фосилаи байни 18 то 24-солагӣ оила барпо мекунанд. Синни миёнаи издивоҷҳо барои мардҳо 26 гуфта мешавад. Мушоҳида мешавад, ки аксаран ҷавонон барои издивоҷ бо духтарони аз худ хеле ҷавонтар бартарӣ медиҳанд. Аммо Раҷаббек Каромов, ки барои расидан ба духтари дӯстдоштааш, ки муаллимаи ӯ ва ба синну сол аз вай бузургтар буд, монеаҳоеро пушти сар кардааст ҳоло ба ин фикр аст, ки агар бо духтаре хеле ҷавонтар аз худ оиладор мешуд, шояд нофаҳмиҳо дар зиндагиаш бештар мебуд.