Изҳороти ҲНИТ: "Натиҷаи интихоботро эътироф намекунем"

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонии якуми мартро "ношаффоф ва ғайрииозод" дониста, гуфт, ваъдаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон иҷро нашудааст.

Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботи парлумонии якуми мартро "ношаффоф ва ғайриозод" дониста гуфт, натиҷаҳои пешакии онро, ки 2 март аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) эълон шуд, эътироф намекунад. Ин ҳизб мегӯяд, таъкидҳои пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи шаффофияти интихобот онҳоро ба ин маърака дилгарм мекард, "вале ҳанӯз аз рӯзҳои аввал шароити баробар барои ҳама номзадҳо ва ҳизбҳо таъмин нагашт".

Дар ин изҳороти расмӣ, ки 4 март интишор шуд, гуфта шудааст, ба далели он ки додгоҳҳои Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ "ирода ва истиқлолияти кофии касбӣ" надоранд, ҲНИТ барои додхоҳӣ ба ҷое арзу шикоят нахоҳад кард.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 2 март натиҷаҳои аввалияи интихоботи парлумониро эълон кард, ки бар асоси он ҲНИТ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 1.5 дарсад овози сокинонро соҳиб шудааст ва барои ворид шуданаш ба парлумон кофӣ нест. Ин ҳизби динии сиёсӣ дар интихоботи гузашта соҳиби 2 курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон буд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар изҳороташ аз "дахолати мақомоти давлатӣ ба раванди интихобот" низ нигаронӣ карда, "тақаллуб дар шумориши овозҳоро зарбаи бузург ба арзишҳои мардумсолорӣ, суботу оромиши ҷомеа" номидааст. Масъулони танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтаанд, "ин ҳолат метавонад аз тарафи доираҳои ифротӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ истифода шавад."

"Масъулияти ноумедии бештари ҷавонон аз мардумсолорӣ, волоиияти қонун ва адолати сиёсиву иҷтимоӣ ва гароиши эҳтимолии онҳо ба самти тундгароӣ бар дӯши доираҳое мебошад, ки интихоботро бо чунин шакл баргузор карданд,"-таъкид шудааст дар изҳороти ҲНИТ.

Ин изҳороти ҲНИТ дар ҳолест, ки раҳбарони аҳзоби демократ, аграрӣ ва сотсиалисту ислоҳоти иқтисодӣ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии якуми март қонеанд. Нозирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ бо баргузории нишасти хабарӣ дар Душанбе интихоботи парлумониро шаффофу демократӣ номиданд.

Сергей Лебедев, раҳбари ҳайати нозирон аз кишварҳои муштаракулманофеъ, рӯзи 2 март дар нишасти хабариаш гуфт, шахсан худи вай дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе ва нозиронашон дар дигар ноҳияҳо ҷараёни овоздиҳиро назорат бурда, ин маъракаро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи демократӣ дарёфтаанд. Лебедев гуфт, албатта, талошҳои фаровони ба ҷои аъзои хонавода раъй додани як нафар мушоҳида шуд, вале масъулони интихоботӣ, ба гуфтаи ӯ, тавонистанд аз чунин мавридҳо пешгирӣ кунанд.​

Бино ба натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи рӯзи 1 марти парлумони Тоҷикистон, дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ 65 дарсад, ҳизби аграрӣ 11,8, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7,6 фоиз ва ҳизби сотсиалист 5,5 дарсад раъй ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд. Аммо аҳзоби наҳзати исломӣ, коммунист, сотсиал-демократ ва демократ, тибқи натоиҷи расмии эълоншуда, натавонистаанд садди 5-фоизиро убур кунанд ва ба ин тартиб, аз дарёфти курсӣ дар ҳайати ояндаи Маҷлиси намояндагон аз рӯйхати ҳизбӣ маҳрум шуданд.