Ошкор шудани гӯрҳои дастаҷамъии 400 нафар дар Ироқ

Дар инҷо дар шаҳри Рамодии Ироқ ҳам соли 2015 даҳҳо гӯри дастаҷамъӣ пайдо карданд.

Мақомоти Ироқ мегӯянд, як ҷинояти ваҳшатноки гурӯҳи ба ном Давлати исломиро дар шимоли кишвар ошкор кардаанд. Дар шаҳри Ҳавиҷа чанд гӯри дастаҷамъӣ ёфтаанд, ки дар онҳо камаш ҷасади 400 нафарро рӯи ҳам рехтаанд.

Рақон Саид, раиси вилояти Киркук гуфт, ҷасадҳоро дар як пойгоҳи низомӣ дар се километрии Ҳавиҷа пайдо кардаанд. Ба қавли ӯ, ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ инҷоро ба “қатлгоҳ” табдил дода будаанд.

“На камтар аз 400 нафарро дар инҷо куштаанд” – гуфтааст, Рақон Саид ва афзудааст, ки дар тани баъзе аз ҷасадҳо либоси зидонииён будааст, ки инҳо зоҳиран афроди маҳкум ба қатл будаанд. Бақия либоси оддӣ доштаанд ва ба гуфтаи раиси вилоят ин қурбониён мардуми ғайринизомӣ будаанд.

Шаҳри Ҳавиҷа дар 240 километрии шаҳри Бағдодро, нерӯҳои Ироқ моҳи октябр аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пок карданд. Ин шаҳр соли 2014 ҳамроҳ бо қаламравҳои васеи дигари Ироқ ба дасти ифротгароён афтод.

Нерӯҳои Ироқ бо пешравӣ дар саросари Ироқ даҳҳо гӯрҳои дастаҷамъиро пайдо кардаанд. Дар ин гӯрҳо садҳо ҷасади садҳо нафареро ёфтаанд, ки ифротгароён рӯи ҳам партофтаанд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Муртазо ал-Лувайбӣ, фармондеҳи артиши Ироқ навиштааст, ки “гӯрҳои дастаҷамъиро ба шарофати шаҳодати мардуми маҳал” ошкор кардаанд.

Саъд Аббос, як деҳқони собиқи ин минтақа ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар муддати се соли ҳукмронии гурӯҳи Давлати исломӣ, ҷангҷӯёни онҳоро медид, ки дар мошинҳояшон “асиронро мебурданд.” Ба қавли Аббос. Ҷангҷӯён ин асиронро “бо зарби тири туфанг мекуштанд ва ҷасадашонро рӯи замин меандохтанд ва ё оташ мезаданд.”

Моҳи октябр нерӯҳои ироқӣ дар Ҳавиҷа як гӯри дастаҷамъиеро ёфтанд, ки онҷо гурӯҳи Давлати исломӣ ҷасади 50 сарбоз ва маъмурони пулисро зери хок кардаанд. Дар он моҳ, Кумиссиёни олии ҳуқуқи инсони Ироқ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, дар ташхиси ҷасадҳо ва муайян кардани хешовандони онҳо ба Ироқ кӯмак кунанд.