Нахуствазири Ироқ расман шикасти ДИИШ дар Мавсилро эълон кард

Нахуствазири Ироқ бо боло кардани парчами кишвараш дар Мавсил, "пирӯзии комил" бар гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин шаҳрро эълон кард. Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ бегоҳи душанбеи 10-уми ию эълон кард, ки шаҳри Мавсил ба дасти нерӯҳои ҳукумати Ироқ баргашт. Ин пирӯзӣ дар ҳоле эълом шуд, ки интизор меравад даргириҳо бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар нуқтаҳои дигари Ироқ, идома ёбад.

Дафтари матбуоти нахуствазири Ироқ дар Твиттер гуфтааст, ки оқои Ибодӣ ин хабарро аз утоқи амалиётии умури зиддитеррористӣ, эълом кард. Ҳайдар Ал-Ибодӣ дар баёнияи гуфтааст, "пирӯзии имрӯзи мо пирӯзӣ алайҳи торикӣ, пирӯзӣ алайҳи терроризм аст. Ва ман имрӯз ба тамоми ҷаҳониён поёни шикаст ва суқути гурӯҳи террористии ДИИШ-ро эълом мекунам."

Нахуствазири Ироқ рӯзи якшанбе ба Мавсил рафта буд то ба нерӯҳои ироқӣ барои бозпасгирии Мавсил аз дасти ДИИШ дар ҷараёни як набарди тақрибана 9-моҳа, табрик бигӯяд. Масҷиди Ан-Нурии Мавсил дар соли 2014 шоҳиди эъломи хилофати исломӣ аз сӯи Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ буд, ки Ховари Миёнаро дар ҳолати нооромӣ қарор дод.

Бозпасгирии Мавсил дар шимоли Ироқ аз сӯи нерӯҳои низомӣ ва ниманизомии ин кишвар се сол пас аз тасарруфи ин шаҳр аз сӯи ДИИШ, сурат мегирад. Чанд соат пас аз баёнияи рӯзи душанбеи нахуствазири Ироқ, хабаргузориҳо аз даргирии шадид дар Мавсил хабар доданд.

Нерӯҳои ироқӣ бо ҳимояти Амрико дар моҳи ноябри соли гузашта амалиёти бозпасгирии Мавсилро оғоз карданд. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ки дар ин шаҳр мардум ба мушкили ғизо рӯбарӯ ҳастанд. Дар баёнияи Созмони Милал гуфта мешавад, ки ҳазорон нафар аз сокинони Мавсил овора шудаанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ, гулӯлаборон ва бамгузориҳои ҷангиёни ДИИШ, сабаби вайрон шудани биноҳо ва ҳамчунин зерсохторҳои Мавсил шудааст. Вазири умури дохилии Ироқ гуфтааст, ки беш аз ними биноҳо дар ғарби Мавсил, ки дар онҷо даргириҳои шадид сурат гирифта буд, осеб дида ва вайрон шудааст. Аз оғози амалиёти бозпасгирии Мавсил беш аз 800 ҳазор нафар аз аҳолии ин шаҳр овора шудаанд.