"На давлати усмонӣ бармегардад, на салтанати Араб ё Эрон"

Изҳороти як мушовири Ҳасани Рӯҳонӣ, ки гуфт, Ироқ минтақаи таҳти нуфузи Эрон аст, ҷанҷолбарангез шуд. Вазорати хориҷаи Ироқ гуфт, онҳо мустақиланд ва нахоҳанд гузошт, касе ба корашон дахолат кунад.

Вазорати умури хориҷии Ироқ дар баёнияе изҳороти Алӣ Юнусӣ -- ёвари раиси ҷумҳури Эронро, ки гуфт, "дар ҳоли ҳозир Ироқ на фақат ҳавзаи тамаддунии нуфузи мост, балки ҳувият, фарҳанг, марказ ва пойтахти мост", маҳкум кардааст.

Аммо Алӣ Юнусӣ ба дунболи ин суханон, ки сарусадое ба по кард, ба телевизиони арабизабони Эрон -- "Ал-Олам" гуфт, Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ дар пайи аз байн бурдани тамомияти арзӣ ва истиқлоли кишварҳо, аз ҷумла Ироқ, нест. Ӯ афзуд, "ҷуғрофиёи Эрон ва Ироқ таҷзиянашаванда аст ва фарҳанги мо ҷудонашаванда мебошад. Пас, мо ё бояд бо ҳам биҷангем ва ё як шавем."

Юнусӣ дар бораи суханони пешини худ гуфт, "ончи ки гуфтам, дақиқан ин аст, ки дар гузашта дар сарзамини Эрон императориҳои бузурге ба номи Эрон дар замони ҳахоманишиён, сосониён, ашкониён буданд, ки кишварҳои минтақа узви он императорӣ буданд. Вале имрӯз, на бори дигар давлати усмонӣ боз мегардад ва на императории арабӣ ва на инки чунин нияте ҳаст то императории эронӣ бозгардад. Имрӯз ончи, ки метавонад ҷойгузини императории гузашта бошад, ҳамоҳангии фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои узви сарзамини қаламрав ё флоти Эрон аст."

Бо ин ҳол, бар асоси гузориши шабакаи "Ал-Олам", вазорати умури хориҷии Ироқ дар баёнияе аз суханони Юнусӣ ибрози "тааҷҷуб" карда ва ин суханонро "маҳкум" кардааст. Дар ин баёния омадааст, "Ироқ дорои ҳукумат аст, ки аз сӯи худи ироқиҳо идора мешавад ва муносибати дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва аз ҷумла Эрон дорад ва иҷоза намедиҳад, ки касе дар умури дохилии ин кишвар дахолат кунад."

Ёвари раиси ҷумҳури Эрон дар суханони худ ба телевизиони "Ал-Олам" гуфт, Эрон ба Ироқ "силоҳ ва машварат" медиҳад. Нерӯҳои ироқӣ дар рӯзҳои ахир амалиёти густурдаеро алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақаи Тикрит -- зодгоҳи Саддом Ҳусайн оғоз кардаанд. Бар асоси гузоришҳо, фармондеҳон ва аъзои нерӯҳои Қудс, бахши амалиётҳои хориҷии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон низ дар ин амалиёт ширкат доранд.

Мушовири раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ин кишвар якпорчагии ҳама кишварҳои минтақаро эҳтиром намуда ва дар пай дахолат дар умури давлатҳои минтақа набудааст. Вай дар мавриди нигаронии бархе аз кишварҳои минтақа аз кӯмакҳои Эрон ба Ироқ, ки он он ба тавсеаи нуфузи Эрон дар минтақа мусоидат мекунад, гуфт, "ин баёни нави эронҳаросиро Исроил дар минтақа ба роҳ андохтааст, ки кишварҳои минтақа ба ҷои онки аз Исроил ва бамби атомии он нигарон бошанд, ба ин фикр кунанд, ки чаро дар Эрон ноамнӣ нест, чаро дар Эрон субот ва амният ҳаст ва чаро Эрон ҳозир аст ба ҳама кишварҳои минтақа кӯмак кунад."

Ин мақоми эронӣ гуфтааст, ки имрӯз Эрон бо Озарбойҷон, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, Осиёи Миёна, Афғонистон, Тоҷикистон ва нимқораи Ҳинд муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ дорад ва бояд аз ин муштаракот барои муқобила бо душманони хориҷӣ истифода кунад.

Барои аввалин бор нест, ки изҳороти як мақоми эронӣ чунин сарусадоҳоеро ба миён меоварад. Ҳудуди ду сол қабл, ҳуҷҷатулислом Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ зимни шарҳи барномаҳои интихоботии худ гуфта буд, дар ҳолати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ, тамоми сарзаминҳои ҷудошуда аз Эронро бидуни як қатра хунрезӣ, ба кишвар бармегардонад.

Раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон бо пахши як баёния изҳороти Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозиро, ҳамчун баёнияи моҷароҷӯёна ва хаёли хом маҳкум карда буд. Озарбойҷон ва Арманистон низ ин иддаои Муҳаммад Харрозиро рад карда буданд.