Дар ҳамлаи интиҳории гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ байни Карбало ва Бағдод, беш аз 40 зоири эронӣ кушта шудаанд. Хабаргузориҳо шумораи умумии кушташудаҳоро беш аз 80 нафар гуфтаанд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, мақомоти ироқӣ эълон кардаанд, ки як мошини бамбгузоришуда дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Ҳилла рӯзи панҷшанбеи 24 ноябр мунфаҷир шуд ва ин таркиш як амалиёти худкуш ва ё интиҳорӣ будааст. Ба гузориши хабаргузории Райтерз, гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Садо ва Симои Эрон ба нақл аз манбаъҳои бемористонӣ дар шаҳри Ҳилла ва ҳамчунин консулгарии Эрон дар шаҳри Карбало эълом кардааст, ки ҳудуди чиҳил тан аз кушташудаҳои таркиши рӯзи панҷшанбе эрониҳо ҳастанд. Як мақоми бемористон дар ин шаҳр гуфтааст, ки ҷасадҳои 59 нафар аз кушташудаҳои ин ҳамла солим ва қобили шиносоӣ аст, аммо 15 ҷасади дигар тика-тика шудаанд, ки шинохтани онҳо душвор мебошад.
Дар ин ҳамлаи террористӣ, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рух дод, ду автобус ва шуморе аз мусофирбарҳои хурд ва мошинҳои шахсӣ ба таври комил аз байн рафтааст."
Як масъули баландпояи Ҳилоли Аҳмари Эрон низ дар ин бора ба хабаргузории расмии Эрон -ИРНА гуфтааст, ки "сухтагии шадиди кушташудагони ҳодисаи террористӣ дар наздикии Карбало, монеи шиносоии ҳувияти онҳо шудааст".
Ин масъули эронӣ ҳамчунин дар мавриди захмиҳо гуфтааст, ки 30 эронӣ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд, ки панҷ нафари онҳо дар бемористони минтақаи Шимолӣ ва 25 нафари дигар дар бемористони шаҳри Ҳилла бистарӣ мебошанд.
Мирмасъуд Ҳусайниён, консули Эрон дар шаҳри Карбалои Ироқ ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, ки дар ин ҳодисаи террористӣ, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рух дод, ду автобус ва шуморе аз мусофирбарҳои хурд ва мошинҳои шахсӣ ба таври комил аз байн рафтааст.
Вай гуфтааст, ки аз оғози ин ҳодиса нерӯҳои кӯмакрасон ва амниятӣ дар минтақа ҳузур доранд ва тиме аз консулгарии Эрон бо ҳамроҳи нерӯҳои Ҳилоли Аҳмад дар Карбало ва масъулони вилоятӣ ва пулиси Бобул дар маҳали ҳодиса ҳозир мебошанд.
Чанд ҳафта қабл низ дар як таркиш дар Сомирои Ироқ ҳашт эронӣ кушта ва наздик ба 100 тани дигар аз зоирони эронӣ маҷруҳ шуданд. Масъулияти таркиши Сомироро низ гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифта буд.
Дар солҳои ахир шумораи зиёде аз эрониён барои баргузории маросими сӯгвории моҳҳои исломии муҳаррам ва сафар ба вижа дар аёми "арбаъин" ба Карбало мераванд. Онҳо ҳамчунин дар ин сафар ҷойҳои муқаддаси шиаҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Сомиро, Козимин ва Наҷафро зиёрат мекунанд.