Ироқ ва Сурия: Харитаҳои гузашта, имрӯза ва шояд оянда

Ироқ --намозгузорони суннӣ баъд аз намози Иди Фитр дар назди масҷиди сунниҳо дар Бағдод, 8-уми августи соли 2013.

Идомаи хушунат дар Сурия ва Ироқ бархе аз коршиносонро водор кардааст, ки пайомадҳои эҳтимолии онҳоро баррасӣ кунанд ва тағйири имконпазири марзбандиҳои Ховари Миёнаро тахмин зананд.
Моҳи сентябри соли гузашта Робин Райт нависанда ва таҳлилгаре, ки барои нашрияи Ню Йорк Таймс менависад, назарияеро ба миён гузошт, ки агар харитаи Ховари Миёна бар пояи марзҳои қавмӣ ва мазҳабӣ бознигарӣ шавад, бандубасти он чӣ гуна хоҳад буд?

Робин Райт мегӯяд, футури қудратҳои мутамарказ дар ин минтақа, ки дар гузашта бо мушти оҳанини диктаторҳо идора мешуд, метавонад гурӯҳҳои мазҳабӣ ва қавмиро фаротар аз марзҳое ба ҳам биёрад, ки баъд аз фурӯпошии салтанати усмонӣ аз тарафи Аврупо муайян шудаанд.

Нооромиҳои ахир дар Ироқ ба гунае теория ё назарияи Робин Райтро тасдиқ мекунанд ва онро воқеӣ ҷилва медиҳанд. Пайкорҷӯёни суннимазҳаб дар нимаи дувуми даҳаи гузашта дар қисмати ғарбии Ироқ падид омаданд. Ҳоло аксари онҳо бахше аз ҷанги шаҳрвандии Сурия шуданд ва дар набардҳо ба ҷангиёни суннимазҳаб ёрдам мекунанд. Яке аз ин гурӯҳҳо “Давлати Исломии Ироқу Шом" аст, ки то дирӯз аз шарикони Ал-Қоида буд ва ҳоло дубора дар Ироқ вориди ҷанг шудааст.

Ин ҷо се харитаро пешниҳод мекунем: Сурия ва Ироқи имрӯза: Ин сарзаминҳо дар замони империяи усмонӣ ва як харитаи тахайюлӣ барои оянда.

ИМПЕРИЯИ УСМОНӢ

Империяи усмонӣ, атрофи 1900

Дар оғози қарни 20 ҳеҷ давлате бо номи Сурия ва Ироқ вуҷуд надошт. Қисми умдаи минтақаи сернуфуси Ховари Миёна ҳанӯз ҳам аз ҷониби империяи 450-солаи усмонӣ идора мешуд. Бахшҳое аз Ироқ ва Сурияи имрӯзӣ қаламравҳои мухтори мазҳабӣ буданд.

ЗАМОНИ ҲОЗИРА

Ироқ ва Сурияи имрӯза


Шикаст дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ба парокандагии салтанати усмонӣ ба пайкарбандии дубораи Ховари Миёна расонд. “Лигаи Миллӣ” ё Ҷамъияти Миллӣ, ки ба тозагӣ таъсис ёфта буд, ба Британия ва Фаронса дастур дод, ки қаламравҳоро идора ва марзҳои миллиро мушаххас кунанд. Дар интиҳои соли 1940 давлатҳои минтақа соҳиби истиқлолият гаштанд, аммо марзҳои худро дар ҳамон хатҳое нигоҳ доштанд, ки баъди суқути империяи усмонӣ рӯ зада буданд.

Давлатҳои тозаистиқлол базудӣ ба марҳилаи тӯлонии миллатгароии арабӣ ворид шуданд ва ҳукуматҳои қавии мутамарказ ва аксаран дунявӣ доштанд.

Ҳизби Баас аз интиҳои соли 1960 то суқути Саддом Ҳусейн дар соли 2003 Ироқро идора мекард ва сунниҳо дар он нерӯи пешсаф буданд. Хонадони Ал-Асад аз ақаллиятҳои алавӣ - шохаи мусулмонони шиъа буда, дар 40 соли гузашта бар Сурия ҳукм рондааст.

ОЯНДАИ ЭҲТИМОЛӢ

Ояндаи тахайюлии минтақа



Таъсири задухӯрдҳои қавмӣ ба дунболи Ҷанги Ироқ ва даргириҳои Сурия аҳамияти ҳувияти қавмӣ ва мазҳабиро ба сафи аввал баровард ва нақши худшиносии миллӣ ё арабӣ бартарии худро аз даст дод. Бознигарии арзишҳо бидуни замина набуд. Қудрати воқеӣ дар Ироқ дар дасти намояндагони мазҳаби шиъа аст, ки дар кишвар аксарият ҳастанд. Ба сунниҳо асосан мансабҳои рамзӣ мерасад, ки наметавонад, онҳоро қонеъ кунад. Гузашта аз ин, фасоду ҷӯрабозӣ ва таъйини хешу табор ба мақомҳои муҳим шикофи тафриқаи қавмиро васеътар кардааст.

Харитаи тахайюлӣ, ки мо бар пояи назарияи Робин Райт аз Columbia University ethnographic maps ва таҷрубаву тахассуси минтақавии Радиои Аврпуои Озод/ Радиои Озодӣ кашидаем, эҳтимоли ба чаҳор давлати нав тақсим шудани Сурия ва Ироқро нишон медиҳад.
  • Давлати шиъаҳо:
Ба истиснои наворе аз аҳолии суннимазҳаб дар манотиқи ҷанбушарқи кишвар, аз Бағдод то марзҳои шарқӣ бо Эрон ҳамагӣ дижи мустаҳкам ва ё пойгоҳи қавии аҳолии шиъамазҳаби Ироқ аст. Нуфузи бебаркаши Теҳрон, коргузор ва пуштибони шиъаҳои минтақа сунниҳоро нороҳат мекунад.
  • Давлати сунниҳо
Манотиқи суннинишин аз ғарби Бағдод оғоз шуда, бахши умдаи Сурияро фаро мегирад. Бунбасти низомӣ дар Сурия пирӯзии комили сунниҳоро барбод дод, ки дар ин кишвар аксариятанд. Аз ин рӯ тақсимшавии Сурия ва ҳамоиши бахше аз ин кишвар бо сунниҳои Ироқ метавонад алтернативаи воқеӣ шавад.
  • Давлати курдҳо
Вилояти мухтори курдҳо, ки каму беш аз хушунат орӣ мондааст, бо озод шудан аз бори вобастагии иқтисодӣ аз Бағдод қарордодҳои мустақили содироти нафтро бо Туркия имзо мекунад ва ҳамкориҳоеро бо курдҳои шимолушарқи Сурия ба роҳ мемонад.
  • Давлати алавиҳо
Бо онки алавиҳо аз ақаллиятҳои Сурия ҳастанд, бо пуштибонии чашмгири масеҳиҳо, бахши умдаи манотиқи соҳилҳои Сурияро зери назорат доранд. Баъзе мухолифон режими президент Асадро ба ин муттаҳам кардаанд, ки бо кӯч додани аҳолии суннимазҳаб аз ғарб ӯ барои бунёди давлати алавиҳо замина мегузорад. Аммо дижи ягонаи алавиҳо дар шимолуғарби кишвар ва Латакия асоси он баррасӣ мешавад. Агар рӯзе Асад шикаст хӯрад ва рӯ ба фирор биёрад, ҳукумати ӯ маҳз ба ин мавзеъҳо ақиб менишинад.

...шояд ҳам чизе нашавад ва марзҳо дар ҳамин шакли феълӣ боқӣ бимонанд

Сарфи назар аз танишҳои фирқавӣ, қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ талош доранд аз бурузи ташаннуҷи бештар дар Ховари Миёна пешгирӣ кунанд ва эҳтимолан сайъ мекунанд, ки Ироқу Сурия дастнохӯрда боқӣ бимонанд.

Ин ҷо масъалаи «ҳувияти арабӣ» низ матраҳ аст, ки ҳарчанд дар пасманзари боло рафтани мансубияти фирқавӣ камрангтар шудааст, вале боз ҳам омили муҳим аст. Аз сӯи дигар, шиъаҳои Ироқ худро аз шиъаҳои Эрон ҷудо мекунанд ва садҳо ҳазор ироқии шиъаву суннӣ, солҳои 1980-ум дар ҷанги зидди Эрон кушта шуданд. Ҳамчунин, гумон аст, ки ҳукумати Ироқ бо майли худ назорати ҳатто баъзе аз қаламравҳои кишварро аз даст бидиҳад. Аммо тақсими қудрат дар байни раҳбарони қавмҳои шиъаву суннимазҳаб ҳамоно матраҳ хоҳад буд.